ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Шӯрои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон бо нишони эътироз ба ҳукми Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшинос ва муовини раиси ин ҳизб иштирок дар маъракаи интихоботии 2015-ро мутаваққиф кард, хабар медиҳад оҷонсии "Озодагон".
Дар ин бора ҲСДТ, бо имзои Раҳматилло Зоиров, раиси ин ҳизб иттилоия пахш карда, афзудааст, ки даъвати Анҷумани фаврии ҳизбаш барои байкоти интихоботи парлумонии соли 2015 матраҳ аст.
Шӯрои сиёсӣ қарор кардааст, ки ҳар чӣ зудтар ба Додгоҳи Олӣ муроҷиат бурда, бозбинӣ ва барқарории адолатро дар қазияи Шуҳрат Қудратов дархост кунад.
Раҳматилло Зоиров таъкид мекунад, ки парванда алайҳи Шуҳрат Қудратов аз оғоз фармоишӣ ва сохта буда, ҳукми додгоҳ инро собит намуд.
Ӯ таъкид мекунад, ки таъқиби ҷиноии Қудратов ба фаъолияти касбию сиёсии ӯ марбут аст. Раҳбарияти ҲСДТ муътақид аст, ки Қудратов барои танқиди афроди воломақом ва ширкат дар парвандаҳои ҳассос маҳкум шуда, феълан ӯ як маҳбуси сиёсист.
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Қараев Аҳмад Пулодович истиқоматкунандаи ш. Душанбе, кӯчаи Ф. Муҳаммадиев дар ҳолати мастӣ дар назди манзили истиқотиашон бо модари пиронсоли худ муноқиша ва нисбаташ беэҳтиромӣ зоҳир намуда, ӯро мавриди дашному ҳақоратҳои қабеҳ қарор додаст.
“Ин амали ӯ мавриди вокуниши шаҳрвандон ва истиқоматкунандагони бинои мазкур қарор гирифта, ҷиҳати андешидени чораҳои дахлдори қонунӣ ба кормандони милитсия муроҷиат намудаанд”,-афзудааст манбаъ.
Манбаъ мегӯяд, боздоштшуда ба ҷойи эҳтиром ба майнӯшӣ машғул шудаву модари муштипари худро дар назди ҳамсоягону дигар шаҳрвандон мавриди дашному ҳақорат қарор дода, шаъну шарафашро дар назди атрофиён паст задааст.
Ҳукми уламо ба марде, ки рӯза медошту зану фарзандонашро дашном дода, мезад
Гуфта мешавад, бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати шаҳрванд Қараев Аҳмад Пулодович парвандаи маъмурӣ бо моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикстон тартиб дода шуда, бо қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз таъин карда шуд.
ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Ситораи эстрадаи рус Филипп Киркоров дар барномаи солинави "Макисм Максим", ки 2-январи соли 2017 тариқи шабакаи 1-телевизиони Русия намоиш дода шуд, ба Максим Галкин ҷураби помирӣ ҳадя карда,гуфт, ки онро холаи Мари махсусан барои Максим бофтааст, то бемор нашавад.
"Холаи Мари, ки ҳоло бо тарбияи фарзандонам машғул аст, ин "наски"-ҳоро махсус барои ту бофт",-гуфт Филипп Киркоров зимни тақдими тӯҳфа.
Максим Галкин-"Ман аз Якубович чӣ камӣ дорам",-гӯён онҳоро ба по кашид.
Алла Пугачева, примадонаи саҳанаи рус, ки низ дар барнома ширкат дошт, як пои ҷурабро санҷид. Барои ӯ собиқ шавҳараш ҷузвдони махсус ҳадя кард.
Ҷураби помирӣ-як қисми ҷудонашандаи либои зимистонаи мардуми Бадахшон ба шумор рафта, дар ҷаҳон ягона аст. Қариб ҳамаи занони ВМКБ аз ӯҳдаи бофтани ҷураби помирӣ мебароянд. Ҷураб асосан бо риштаи аз пашми гусфанд омодашуда,бофта мешавад. Ранги ҷурабро ҳар як бофанда бо табъи дили худ интихоб мекунад. Асосан рангҳои баланд: сурх, сабз, зард, сафед, сиёҳ ва ғайраҳо истифода мешаванд.
Дар солҳои Ҷанги бузурги ватанӣ-занони Помир ба фронт чандин ҳазор ҷураб таҳти шиори "Ҳама чиз барои фрот ва чиз барои ғалаба" равон карданд.
Мардуми Бадахшон ҷурабро ҳамчун тӯҳфа ба меҳмонони олиқадр ҳадя мекунанд.
ДУШАНБЕ, 1 мар – Sputnik. Фотима Ғуломова, ҳунарпешаи номдори театру синамо, модари коргардони машҳур Барзу Абдураззоқов ва ҳамсари Ҳабибулло Абдураззоқов, ҳунарманди номии театру синамо пас аз бештар аз як моҳи марги шавҳараш даргузашт.
Аз даргузашти ҳунарпеша корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳаводорони саҳна ва дӯстони фарзандаш Барзу Абдураззоқов хабар додаанд.
Писари дигари ҳунарманд Шаҳбоз Абдураззоқов ин хабарро тасдиқ карда, гуфтааст, модараш дар пайи беморӣ ҷон ба Ҷонофарин супурд.
Фотима Ғуломова 87 сол дошт ва бештар аз 40 сол дар саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ фаъолият карда буд.
Фарзандонаш Барзу Абдураззоқов, коргардони тавонои тоҷик, корманди идораи Созмони Милал Шаҳбоз Абдураззоқов ва проффессори Консерваторияи Шветсия Ниссор Абдураззоқов ҳастанд.
Ӯ дар намоишҳои "Бой ва ғулом", "Шоҳ Лир", "Рӯдакӣ", "Рустам ва Суҳроб", "Мо аз боми ҷаҳон" нақшҳои асосӣ ва хотирмонро бозидааст.
Хомушии ситораи дигар: нақшҳои беҳтарини Ҳабибулло Абдуразоқов – видео
Марги Фотима Ғуломова дар ҳолест, ки ҳанӯз бештар аз як моҳ қабл, 19 январ ҳамсараш, ҳунарманди тавонои синамо ва театр Ҳабибулло Абдураззоқов даргузашта буд.