Дафтари ҲНИТ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ

ҲНИТ баҳсашро бо муфтӣ додгоҳӣ намекунад

11
(Таҷдидшуда 17:52 26.01.2015)
Қаблан расонаҳо аз қавли мушовири ҳуқуқии раиси ҲНИТ Зарафо Раҳмонӣ навишта буданд, ки мумкин ин ҳизб аз болои раиси Шӯрои уламо ба додгоҳ шикоят барад.

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз болои  Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Маркази исломии Тоҷикистон барои суханҳои беасосу ғайриқонунӣ дар бораи ин ҳизб ба додгоҳ шикоят нахоҳад бурд, менависад сомонаи Nahzat.tj.

Қаблан расонаҳо аз қавли мушовири ҳуқуқии раиси ҲНИТ Зарафо Раҳмонӣ навишта буданд, ки мумкин ин ҳизб аз болои раиси Шӯрои уламо ба додгоҳ шикоят барад.

Аммо Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар ҷаласаи худ, ки ду рӯз давом кард, ниҳоят ба хулосае омадааст,  ки аз болои "ниҳод ва афроди туҳматкунанда ва қонуншикан" дар арафаи интихоботи парлумонии Тоҷикистон танҳо ба Комисияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар шикоят барад.

Дар ҳоле, ки ба гуфтаи Маҳмудҷон Файзраҳмонов, дар ин ҷаласа пешниҳод шуда буд, аз болои баъзе аз ниҳодҳои давлатӣ ва шахсиятҳо ба додгоҳ шикоят баранд.

Файзраҳмонов меафзояд, ҲНИТ ба ҷои шикоят ба додгоҳ аз Абдулқодирзода даъват мекунанд, минбаъд аз "эҷоди суйитафоҳум, бадгуӣ ва ҳарфҳои бедалел нисбати ҳизбу созмонҳои қонунӣ ва мусалмонон худдорӣ намуда, ҷойгоҳ ва шаъну шарафи пешвои мазҳабии кишварро хатчадор насозад".

"Зеро фарҳанги исломӣ, руҳияи ухувват ва одоби насиҳати исломӣ тақозо менамояд, ки камбудии мусалмонон пеш аз ҳама бо роҳи насиҳат ва тазаккур ислоҳ гардад. Танҳо дар сурати ислоҳ нагаштан, метавон ба додгоҳ муроҷиат намуд", — омадааст дар изҳороти шӯрои сиёсии ин ҳизб.

Ин даъват ва ислоҳталабии ҲНИТ аз раиси Маркази исломии Тоҷикистон дар ҳолест, ки Абдулқодирзода зимни як сафараш ба минтақаи Кулоб ва суҳбат бо сокинон аз ин ҳизби исломии кишвар хост, дар таблиғоти пешазинтихоботии худ аз бовариҳои диниии шаҳрвандон сӯистифода накунад. Ӯ гуфт, ташвиқоте ки ҳоло намояндагони ҲНИТ дар Кӯлоб ба роҳ мондаанд, тарғиботи аввали солҳои 90-умро ба ёд меорад, ки ҷанги шаҳрвандиро ба думбол дошт.

Аммо Шӯрои сиёсии ҲНИТ мегӯяд, суханронии раиси Маркази исломӣ маъракаи таблиғотӣ ва ғайрифарҳангӣ алайҳи аъзои ин ҳизб аст.

"Баъзе аз намояндаҳои мақомоти давлатӣ бо амалҳои худ вазъияти ороми кишвар ва фазои муътадили пешазинтихоботиро барҳам мезананд, ки баёнгари вуҷуди тарҳҳои ғайриошкор ва ҳадафнок алайҳи ҳизб ва суботу оромиши кишвар мебошад. Нашри мақолаҳо ва мусоҳабаҳо бо истифода аз афроди ғаразнок, ташкили барномаҳои телевизионӣ бо даъвати намояндангони иттиҳодияҳои динӣ ва табдил додани онҳо ба василаи таблиғотӣ алайҳи ҲНИТ дар раванди интихобот баёнгари он аст, ки дар сухан ва амали мақомоти давлатӣ ихтилоф ва дугонагии ошкор вуҷуд дорад. Зеро, ин сиёсатҳо ва амалҳо бо шиорҳои эълоншудаи "баробарии ҳамаи ҳизбҳо ва номзадҳо дар маъракаи интихоботӣ" ва "таъмини фазои демократӣ ва озоди интихоботӣ" созгор нестанд", — омадааст дар изҳорот.

 

11
Барчаспҳо:
бадномкунӣ, маъракаи интихоботӣ, худдорӣ, додгоҳ, баҳс, Шӯрои уламои Тоҷикистон, ҲНИТ, Зарафо Раҳмонӣ, Маҳмудҷон Файзраҳмонов, Саидмукаррам Абдулқодирзода, Тоҷикистон, Душанбе
Арестованный мужчина за оскорбление своей матери

Боздошту ҳабси сокини Душанбе барои дашному таҳқири модари пираш

567
(Таҷдидшуда 12:01 28.08.2020)
Раёсати Вазорати корҳои дохила дар шаҳри Душанбе аз боздошти як марди 36 сола хабар медиҳад, ки модари пиронсолашро ҳақорату дашномҳои қабеҳ кардааст.

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Қараев Аҳмад Пулодович истиқоматкунандаи ш. Душанбе, кӯчаи Ф. Муҳаммадиев дар ҳолати мастӣ дар назди манзили истиқотиашон бо модари пиронсоли худ муноқиша ва нисбаташ беэҳтиромӣ зоҳир намуда, ӯро мавриди дашному ҳақоратҳои қабеҳ қарор додаст.

“Ин амали ӯ мавриди вокуниши шаҳрвандон ва истиқоматкунандагони бинои мазкур қарор гирифта, ҷиҳати андешидени чораҳои дахлдори қонунӣ ба кормандони милитсия муроҷиат намудаанд”,-афзудааст манбаъ.

Манбаъ мегӯяд, боздоштшуда ба ҷойи эҳтиром ба майнӯшӣ машғул шудаву модари муштипари худро дар назди ҳамсоягону дигар шаҳрвандон мавриди дашному ҳақорат қарор дода, шаъну шарафашро дар назди атрофиён паст задааст.

Ҳукми уламо ба марде, ки рӯза медошту зану фарзандонашро дашном дода, мезад

Гуфта мешавад, бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати шаҳрванд Қараев Аҳмад Пулодович парвандаи маъмурӣ бо моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикстон тартиб дода шуда, бо қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз таъин карда шуд.

567
Тӯҳфаи Филлип Киркоров ба Максим Галкин, ҷураби помирӣ

Ҷураби помирӣ: тӯҳфаи солинавии Филипп Киркоров ба Максим Галкин

2999
(Таҷдидшуда 16:52 03.01.2017)
Филипп Киркоров ситораи эстрадаи рус дар барномаи солинавии "Максим Максим" ба барандаи барнома Максим Галкин ҷураби помирӣ тақдим кард

ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Ситораи эстрадаи рус Филипп Киркоров дар барномаи солинави "Макисм Максим", ки 2-январи соли 2017 тариқи шабакаи 1-телевизиони Русия намоиш дода шуд,  ба Максим Галкин ҷураби помирӣ ҳадя карда,гуфт, ки онро холаи Мари махсусан барои Максим бофтааст, то бемор нашавад.

"Холаи Мари, ки ҳоло бо тарбияи фарзандонам машғул аст, ин "наски"-ҳоро махсус барои ту бофт",-гуфт Филипп Киркоров зимни тақдими тӯҳфа.

Максим Галкин-"Ман аз Якубович чӣ камӣ дорам",-гӯён онҳоро ба по кашид.

Алла Пугачева, примадонаи саҳанаи рус, ки низ дар барнома ширкат дошт, як пои ҷурабро санҷид. Барои ӯ собиқ шавҳараш ҷузвдони махсус ҳадя кард.

Ҷураби помирӣ-як қисми ҷудонашандаи либои зимистонаи мардуми Бадахшон ба шумор рафта, дар ҷаҳон ягона аст. Қариб ҳамаи занони ВМКБ аз ӯҳдаи бофтани ҷураби помирӣ мебароянд. Ҷураб асосан бо риштаи аз пашми гусфанд омодашуда,бофта мешавад. Ранги ҷурабро ҳар як бофанда бо табъи дили худ интихоб мекунад. Асосан рангҳои баланд: сурх, сабз, зард, сафед, сиёҳ ва ғайраҳо истифода мешаванд.

Дар солҳои Ҷанги бузурги ватанӣ-занони Помир ба фронт чандин ҳазор ҷураб таҳти шиори "Ҳама чиз барои фрот ва чиз барои ғалаба" равон карданд.

Мардуми Бадахшон ҷурабро ҳамчун тӯҳфа ба меҳмонони олиқадр ҳадя мекунанд.

2999
Барчаспҳо:
ҷураби помирӣ, барномаи солинавӣ, Русия
Мавзуъ
"Тоҷик Эйр": тӯҳфаи беҳтарин саломатӣ аст
Таҷлили Соли нав дар шаҳри Душанбе
Табрикоти шахсони машҳури Тоҷикистон: дӯстӣ бо Узбакистон, саломатӣ ва сулҳ
Самолет авиакомпании Сомон Эйр, архивное фото

Чипта 42 евро: “Сомон Эйр” парвозҳои масири Душанбе-Хуҷанд-Душанберо барқарор кард

43
(Таҷдидшуда 15:43 27.11.2020)
Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳо дар масири Душанбе-Хуҷанд-Душанберо барқарор менамояд

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ширкат, бо мақсади қонеъ намудани талаботи мардум ба интиқолоти ҳавоии самти шимоли кишвар, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳоро дар масири Душанбе-Хуҷанд-Душанбе аз сар мегирад.

Ба иттилои манбаъ, иҷрои парвозҳо аз Душанбе ба Хуҷанд санаи 29-уми ноябр шурӯъ мегардад.

Манбаъ мегӯяд,  интизор меравад минбаъд парвозҳо ҳафтае ду маротиба дар ин самт амалӣ гардад.

“Тибқи талабот кулли мусофирон дар толори фурудгоҳ ва дар ҷараёни парвоз бояд ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд”,-афзудааст, манбаъ.

 Ин ширкат таъкид кардааст, ки мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд ба нуқтаи бақайдгирии мусофирон ва дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд.

“Меъёри интиқоли ройгони бағоҷ 20 кг (эконом-класс) ва бори дастӣ 7 кг муқаррар шудааст”,-гуфтааст, дафтари матбуотии ширкат.

Парвозҳо миёни Тоҷикистону Миср имкон аст, роҳандозӣ шавад

Гуфта мешавад, хоҳишмандони сафар чиптаҳоро дар нуқтаҳои чиптафурӯшӣ метавонанд ба даст оваранд.

Тибқи нишондоди сомонаи ширкат нархи сафар барои як тараф 42 евро эълон шудааст.

43