Ҷаласаи ҲНИТ. Акс аз бойгонӣ

100 шикояти Ҳизби наҳзат ба КМИР

11
(Таҷдидшуда 14:59 03.02.2015)
Шикоятҳои ҲНИТ нақзи қонунҳои интихоботӣ, фишор болои аъзои ин ҳизб ва амсоли инҳоро дар бар мегирад, навиштааст сомонаи Nahzat.tj

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шуруъ аз оғози маъракаи интихоботи парлумонӣ бештар аз 100 шикояташро ба Комисияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ фиристодааст, мегӯяд сухангӯи ин ҳизб Маҳмудҷон Файзраҳмонов.

Шикоятҳои ҲНИТ нақзи қонунҳои интихоботӣ, фишор болои аъзои ин ҳизб ва амсоли инҳоро дар бар мегирад, навиштааст сомонаи Nahzat.tj

Зимни ҷаласае, ки дар қароргоҳи ин ҳизб дар шаҳри Душанбе бо ҳузури наздики 1000 нафар аъзо ва номзадҳои ҲНИТ барпо шуд, вазъи раванди интихобот баррасӣ гардидааст.

"Бо мушоҳидаи ин ҳама қонуншиканиҳо аъзои фаъоли ҳизб пешниҳод карданд, ки ҷаласае доир кунем ва идомаи интихоботро баррасӣ намоем. Чун мушоҳида дорем, ки ваъдаи шаффофияти интихобот дар навоҳӣ иҷро намешавад. Рӯз то рӯз шикоятҳо аз болои мақомоти маҳаллӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва бахусус касоне, ки масъулияти интихоботро дар маҳалҳо бар душ доранд, зиёдтар мешавад", — гуфтааст раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ.

Раиси ҲНИТ афзудааст, бо таҳлил ва баррасии вазъияти феълӣ ҳизби наҳзат шеваи муборизаи интихоботии худро таъйин хоҳад кард.

Ба интихоботи парлумонӣ, ки 1 март барпо мешавад, ҳизби наҳзат аз рӯйхати ягонаи ҳизбӣ 27 номзад пешниҳод кардааст.

11
Барчаспҳо:
100 шикоят, шикоятҳо, парлумон, интихобот, ҷаласа, ҲНИТ, КМИР, Маҳмудҷон Файзраҳмонов, Муҳиддин Кабирӣ, Душанбе
Мавзуъ
Ба рекламаи сиёсии ҲНИТ дар Душанбе иҷоза надоданд
КМИҲ Тоҷикистон 27 номзади интихоботии ҲНИТ сабти ном кард
Тӯҳфаи Филлип Киркоров ба Максим Галкин, ҷураби помирӣ

Ҷураби помирӣ: тӯҳфаи солинавии Филипп Киркоров ба Максим Галкин

2998
(Таҷдидшуда 16:52 03.01.2017)
Филипп Киркоров ситораи эстрадаи рус дар барномаи солинавии "Максим Максим" ба барандаи барнома Максим Галкин ҷураби помирӣ тақдим кард

ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Ситораи эстрадаи рус Филипп Киркоров дар барномаи солинави "Макисм Максим", ки 2-январи соли 2017 тариқи шабакаи 1-телевизиони Русия намоиш дода шуд,  ба Максим Галкин ҷураби помирӣ ҳадя карда,гуфт, ки онро холаи Мари махсусан барои Максим бофтааст, то бемор нашавад.

"Холаи Мари, ки ҳоло бо тарбияи фарзандонам машғул аст, ин "наски"-ҳоро махсус барои ту бофт",-гуфт Филипп Киркоров зимни тақдими тӯҳфа.

Максим Галкин-"Ман аз Якубович чӣ камӣ дорам",-гӯён онҳоро ба по кашид.

Алла Пугачева, примадонаи саҳанаи рус, ки низ дар барнома ширкат дошт, як пои ҷурабро санҷид. Барои ӯ собиқ шавҳараш ҷузвдони махсус ҳадя кард.

Ҷураби помирӣ-як қисми ҷудонашандаи либои зимистонаи мардуми Бадахшон ба шумор рафта, дар ҷаҳон ягона аст. Қариб ҳамаи занони ВМКБ аз ӯҳдаи бофтани ҷураби помирӣ мебароянд. Ҷураб асосан бо риштаи аз пашми гусфанд омодашуда,бофта мешавад. Ранги ҷурабро ҳар як бофанда бо табъи дили худ интихоб мекунад. Асосан рангҳои баланд: сурх, сабз, зард, сафед, сиёҳ ва ғайраҳо истифода мешаванд.

Дар солҳои Ҷанги бузурги ватанӣ-занони Помир ба фронт чандин ҳазор ҷураб таҳти шиори "Ҳама чиз барои фрот ва чиз барои ғалаба" равон карданд.

Мардуми Бадахшон ҷурабро ҳамчун тӯҳфа ба меҳмонони олиқадр ҳадя мекунанд.

2998
Барчаспҳо:
ҷураби помирӣ, барномаи солинавӣ, Русия
Мавзуъ
"Тоҷик Эйр": тӯҳфаи беҳтарин саломатӣ аст
Таҷлили Соли нав дар шаҳри Душанбе
Табрикоти шахсони машҳури Тоҷикистон: дӯстӣ бо Узбакистон, саломатӣ ва сулҳ
Шукурҷон Зуҳуров. Акс аз бойгонӣ

Зуҳуров аз вакилон даъват кард, ки хомӯш набошанд

24
Раиси Маҷлиси намояндагони порлумон аз ҳамтоёнаш хост, ки дар вақти ҷаласот фаъол бошанду назароти интихобкунандагони худро то мақомот бирасонанд.

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров вакилони тозаинтихобро даъват кард, ки дар ҷаласот фаъолтар бошанд ва барояшон ёдовар шуд, ки аз замони интихобашон якуним моҳ гузаштааст, менависад хабаргузории "Озодагон".

Зуҳуров ба вакилон бо чунин дархост дар ҷаласаи порлумон дар рӯзи сешанбе муроҷиъат кард, ки дар оғоз вакилон бидуни баррасӣ 6 нуқоти ҷаласаи имрӯзро тасвиб карданд.

"Пешниҳодот, дархостҳо ва суолҳои худро матраҳ кунед. Набояд омада ором нишинед. Аз рӯзи интихобот аллакай 1,5 моҳ гузашт. Вориди ҷараён шавед. Назароте, ки аз муошират бо интихобкунандагони худ ҳосил мекунед, матраҳ кардан даркор аст", — гуфт раис.

Зуҳуров раисии Маҷлиси намояндагонро аз давраи қаблии интихоби вакилон бар зимма дорад.

Барои бори нахуст нест, ки аз вакилон фаъол кардани кори онҳо тақозо мешавад, қабалн чунин дархост аз сӯйи раиси ҷумҳур ва расонаҳо матраҳ шуда буд.

24
Барчаспҳо:
интиқоди Зуҳуров аз адами фаъолияти вакилон, Маҷлиси намояндагон, Шукурҷон Зуҳуров, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷаласаи муштараки маҷолиси порлумон бо ҳузури раиси ҷумҳур мегузарад
ҲХДТ 65% овоз гирифт, ҲНИТ ва коммунистҳо ба порлумон раҳ наёфтанд
Разработка экспресс-тестов на коронавирус учеными из центра Сколково

Гирифторони COVID-19 муайян мешаванд: дар Хуҷанд ташхисгоҳи нав ба кор шурӯъ кард

0
(Таҷдидшуда 12:36 01.06.2020)
Озмоишгоҳ дар Хуҷанд барои зудтар муайян кардани мубталошавии аҳолӣ ба бемориҳои сироятӣ, махсусан COVID-19 мусоидат мекунад

ДУШАНБЕ, 1 июн - Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд ташхисгоҳи нави вирусологӣ фаъол шуд, хабар медиҳад Ҳукумати вилояти Суғд.

Ташхисгоҳ дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд сохта шудааст.

"Ташхисгоҳи мазкур бо мақсади муайян намудани бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 дар заминаи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд таъсис дода шуд. Ҳамзамон, имкон дорад, ки  дар ташхисгоҳ  дар як шабонарӯз то 150-200 таҳлил гузаронида шавад", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Гуфта мешавад, мутахассисони ташхисгоҳ дар Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи тиббии профилактикии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз курси махсуси омӯзишӣ гузаштаанд. Дар оянда низ дигар кормандони озмоишгоҳ дар ин муассисаи тиббӣ марҳила ба марҳила тарзу усули гузаронидани таҳлилҳоро меомӯзанд.

Ба гуфти коршиносон, фаъол гардидани чунин озмоишгоҳ дар шаҳри Хуҷанд барои зудтар муайян кардани мубталошавии аҳолӣ ба бемориҳои сироятӣ, махсусан  COVID-19-ро метезонад.

Бино ба таҳлили коршиносони соҳаи тиб, барои мубориза бо бемории короновирус, қабл аз ҳама, муайян намудани беморӣ ба воситаи ташхис муҳим буда, кори табибонро то андозае осон ва барои дурнамои табобати муваффақона мусоидат мекунад.

Вазорати тандурустӣ аз тадриҷан кам шудани коронавирус дар Тоҷикистон хабар дод

То имрӯз намунаи таҳлили гумонбарони бемории COVID-19 барои ташхис ба шаҳри Душанбе фиристода мешуд.

0