Микрофоны на трибуне

Зойиров дар ТВ: қории Қуръонам, аммо Исломро олуда намекунам

7
(Таҷдидшуда 11:33 06.02.2015)
Вай афзудааст, дар ҲСДТ аксарият мусалмон ҳастанд, вале дини Исломро ба интихобот олуда кардан намехоҳанд. Зойиров гуфтааст, дин бояд дар соҳаи маънавиёт, фарҳанг амал кунад.

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон шоми 5-уми феврал зимни баромади пешазинтихоботияш гуфт, "қории Қурълон аст, аммо исломро бо сиёсат олуда намекунад", менависад оҷонсии "Озодагон".

Вай афзудааст, дар ҲСДТ аксарият мусалмон ҳастанд, вале дини Исломро ба интихобот олуда кардан намехоҳанд. Зойиров гуфтааст, дин бояд дар соҳаи маънавиёт, фарҳанг амал кунад.

"Ин мазмуни онро надорад, ки мо арзишҳои дини Исломро истифода накунем, албатта худи ман бевосита аз 12 солагиям қории Қуръон мебошам, лекин ман ягон маротиба, дар ягон баромадам қории Қуръон гуфта, худро бисёр таърифу тавсиф накардаам. Аз рӯи эътиқоде, ки ба Ислом дорем, динро дар масъалаҳои сиёсӣ истифода намекунем", — илова кардааст Зойиров.

Ба пешниҳоди вай, ин мавзӯъ бояд дар Тоҷикистон аз нав баррасӣ шавад ва "Исломро дар ҳақиқат муқаддас дониста, эҳтиром карда, онро дар соҳаи фарҳангу маънавиёт истифода бурда, бевосита якдигарфаҳмӣ дар ҷомеаро таъмин карда тавонем".

Зойиров, ки тариқи Шабакаи аввал суҳбат мекард, аз интихобкунандагон даъват кардааст, ки ба ҷонибдори аз ҳизби вай раъй диҳанд.

Раиси ҲСДТ баромади пешазинтихоботияшро дар баробари забони тоҷикӣ, инчунин бо забони узбакӣ ва русӣ ироаи омма кард.

То кунун дар баробари Раҳматилло Зоиров, Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунистӣ, Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалист ва Сайидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон барномаҳои худро тавассути Шабакаи аввали телевизион муаррифӣ кардаанд.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ба аҳзоби сиёсии кишвар, ки барои иштирок дар интихоботи парлумонии 1 марти соли равон расман ба қайд гирифта шудаанд, ба хотири муаррифии барномаҳо тавассути шабакаҳои давлатии телевизион 40 дақиқа вақт додааст. Номзадҳо аз ҳавзаҳои якмандатӣ бошанд, 20 дақиқа фурсат доранд, то аз тариқи шабакаҳои давлатӣ барномаҳои худро муаррифӣ кунанд.

7
Барчаспҳо:
қории Қуръон, ислом, сиёсат, суханронӣ, интихобот, "Шабаки аввал", ҲСДТ, Раҳматилло Зойиров, Тоҷикистон