Интихоботи Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Шокирҷон Ҳакимов вориди сабқати интихоботӣ шуд

8
(Таҷдидшуда 14:29 09.02.2015)
Ин дар ҳолест, ки бори аввал масъулони ҳавзаи Конибодом аз сабти номзади ҲСДТ худдорӣ варзида буданд. Дар ҳавза мегуфтанд, аз КМИРТ дастур гирифтаанд, ки номзадҳои ҲСДТ-ро сабт накунанд.

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва номзад ба вакилии Маҷлиси Намояндагон аз ҳавзаи №19-и Конибодом расман вориди сабқат шуд, хабар медиҳад сомонаи "Фараж".

Дар ин бора Ҳакимов ба сомона хабар дода, гуфтааст ӯро 6 феврал ба қайд гирифтаанд. Ин дар ҳолест, ки бори аввал масъулони ҳавзаи Конибодом аз сабти номзади ҲСДТ худдорӣ варзида буданд. Дар ҳавза мегуфтанд, аз КМИРТ дастур гирифтаанд, ки номзадҳои ҲСДТ-ро сабт накунанд.

Аз он пештар Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ ба КМИРТ гуфта буд, ки бо нишони эътироз ба ҳукми зиндони Шуҳрат Қудратов, яке аз дигар муовинони раиси ҲСДТ, аз ширкат дар интихобот даст хоҳанд кашид.

Аммо Зойиров билохира тасмим гирифт, ки дар интихобот ширкат кунад. Сабти номи Шокирҷон Ҳакимов низ баъд аз тасмими ширкат дар интихобот сурат гирифтааст.

Зойиров аз рафтори масъулони ҳавзаи Конибодом интиқод карда, гуфта буд, ки ҳизби вай танҳо мехоҳад номзадҳои умумиҷумҳуриявӣ — номзадҳои рӯйхати ҳизбиашро аз ширкат дар интихобот боз дорад. Ба ин далел, масъулони ҳавзаҳо ҳақ надоранд бо супориши шифоҳии КМИРТ аз сабти номзадҳои худпешбари ин ҳизб сарпечӣ намоянд.

Раиси дастгоҳи КМИРТ Абдуманнон Додозода ба хабаргузории "Азия плюс" изҳор доштааст, ки дар аъмоли ҳавзаи Конибодом рафтори ғайриқонуние мушоҳида накардаанд.

"Дар изҳороти Шӯрои сиёсии ҲСДТ аз КМИР дархост шуда буд, ки то ошкор шудани ҳолатҳои қазияи Ш. Қудратов, номзадҳо аз ҲСДТ дар ҳамаи сатҳҳо, бидуни назардошти бо кадом шакл ба интихобот рафтани онҳо, хоҳ тибқи рӯйхати ҳизбӣ бошаду хоҳ аз ҳавзаи якмандатӣ ва ҳатто номзадҳои худпешбаришуда аз ҲСДТ ҳам расман ба қайд гирифта нашаванд", — афзуда аст Додозода.

Шоикрҷон Ҳакимов, ки аз роҳи худпешбарӣ дар интихобот иштирок мекунад, дар интихоботи парлумонии соли 2010 низ аз ҳавзаи якмандатии №19-и Конибодом номзадияшро пешбарӣ карда, бо Насрулло Маҳмудов — собиқ додситони шаҳри Кӯлоб вориди рақобат шуд. Рақаби ин ду нафар ба даври дувум интиқол ёфт, вале Ҳакимов шикаст хурда буд.

8
Барчаспҳо:
раҷобат, сабти ном, ширкат, худпешбарӣ, интихобот, ҳавзаи 19, ҲСДТ, КМИРТ, Абдуманнон Додозода, Раҳматилло Зойиров, Шокирҷон Ҳакимов, Конибодом
Мавзуъ
КМИР нӯҳ номзади ҳизби Зойировро рад кард