Интихоботи парлумонӣ. Акс аз бойгонӣ

Абераи Нусратуллоҳ Махсум даъвогари курсии парлумон

115
(Таҷдидшуда 13:35 13.02.2015)
Дар ҳавзаи Шоҳмансури Душанбе барои курсии вакилии порлумон 7 номзад, аз ҷумла духтари Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва абераи Нусратуллоҳ Махсум, мубориза мебаранд.

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Одил Атоев, абераи Нусратулло Махсум, қаҳрамони Тоҷикистон ҷавонтарин номзад ба вакилии парлумон аст, ки дар ноҳияи Шоҳмансури Душанбе мубориза мебарад, менависад "Радиои Озодӣ".

Вай барои пӯшонидани харҷи маъракаи интихоботӣ мошини шахсииашро фурӯхтааст.

Одил Атоев, пизишки 28-солаи тоҷик ва ҷавонтарин номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии порлумони Тоҷикистон, ки акси бобояш рӯи пули миллии 200-сомониро зиннат медиҳад, 12 феврал ба "Озодӣ" гуфтааст, зимни сабти ном ва таблиғ ба мушкили молӣ дучор ва беш аз 6 ҳазор сомонӣ қарздор шудааст.

Ӯ ҳоло ҳамчун номзад дар ҳавзаи №3-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сабти ном шудааст ва 4 ҳазор сомонӣ ҳамчун гаравпулии интихоботӣ расман ба буҷаи ҳукумат супурда, то кунун беш аз ду ҳазор сомонии дигар барои нашри аксу маводҳои таблиғотиаш сарф кардааст.

Ҳоло ӯ мошини навъи "BMW"-ашро ки соли 2000-ум истеҳсол шудааст, бо нархи 5 ҳазор доллари амрикоӣ ба фурӯш гузоштааст ва мутмаин аст, ки бо ин маблағ пурра маъракаи интихоботиашро анҷом медиҳад.

Дар сурати пирӯзӣ ӯ тасмим дорад, пеш аз ҳама бо пешниҳоди тағийру илова ба қонунҳо соҳаи тандурустиро куллан дигар кунад.

"Аввалин пешниҳоде, ки пас аз депутат шудан хоҳам кард, дар мавриди таваҷҷӯҳ ба занони ҳомила ва кӯдакони то 5-сола хоҳад буд. Зан ва кӯдак ин қимматтарин сарвати миллист. Ҳоло мебинам, ки кӯдакон ва занони ҳомилдаи тоҷик аз лиҳози солимӣ осебпазир шудаанд. Пешниҳод хоҳам кард, аз рӯзи аввали ҳомиладорӣ зан зери назорат гирифта шавад ва то таваллуду 5-сола шудани кӯдакаш ба таври ройгон бо ғизои сервитамин ва бо дорувор таъмин карда шавад. Бо ин роҳ мо метавонем, ҷомеаи солим ва миллати солим дошта бошем", — гуфтааст Атоев.

Дар ҳавзаи ноҳияи Шоҳмансур 6 нафар вориди рақобатанд. Баҳром Абдуҳалимов, раиси Кумитаи заминсозии шаҳри Душанбе ба таври худпешбарӣ, Сафаргул Давлиёрова аз ҳизби коммунисти Тоҷикистон, Абӯбакр Комилов аз ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Мунира Расулова аз ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ва Руқия Саидова, духтари асосгузори Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба намояндагӣ аз ин ҳизби мухолиф рақибони ҳамдигаранд.

Ин ягона ҳавзаи интихоботии инфиродӣ дар Тоҷикистон аст, ки ҳизби ҳокими халқии демократӣ дар он ягон номзад надорад. Ин ҳизб ин дафъа низ дар ҳавзаи Шоҳмансур сиёсатшиноси маъруф Сӯҳроб Шарифовро номзад карда буд, вале ӯ баъди анҷом шудани марҳалаи пешбарии номзадҳо дар синни 52 аз олам даргузашт.

Ҳоло дар Тоҷикистон дар як ҳавзаи ягонаи ҳизбӣ ва 41 ҳавзаи инфиродӣ барои 63 курсии порлумон беш аз 300 номзад мубориза мебаранд.

115
Барчаспҳо:
рақиб, мубориза, пизишк, номзад, интихобот, КМИРТ, Нусратулло Махсум, Одил Атоев, Руқия Саидова, Суҳроб Шарипов, ноҳияи Шоҳмансур, Душанбе
Арестованный мужчина за оскорбление своей матери

Боздошту ҳабси сокини Душанбе барои дашному таҳқири модари пираш

568
(Таҷдидшуда 12:01 28.08.2020)
Раёсати Вазорати корҳои дохила дар шаҳри Душанбе аз боздошти як марди 36 сола хабар медиҳад, ки модари пиронсолашро ҳақорату дашномҳои қабеҳ кардааст.

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Қараев Аҳмад Пулодович истиқоматкунандаи ш. Душанбе, кӯчаи Ф. Муҳаммадиев дар ҳолати мастӣ дар назди манзили истиқотиашон бо модари пиронсоли худ муноқиша ва нисбаташ беэҳтиромӣ зоҳир намуда, ӯро мавриди дашному ҳақоратҳои қабеҳ қарор додаст.

“Ин амали ӯ мавриди вокуниши шаҳрвандон ва истиқоматкунандагони бинои мазкур қарор гирифта, ҷиҳати андешидени чораҳои дахлдори қонунӣ ба кормандони милитсия муроҷиат намудаанд”,-афзудааст манбаъ.

Манбаъ мегӯяд, боздоштшуда ба ҷойи эҳтиром ба майнӯшӣ машғул шудаву модари муштипари худро дар назди ҳамсоягону дигар шаҳрвандон мавриди дашному ҳақорат қарор дода, шаъну шарафашро дар назди атрофиён паст задааст.

Ҳукми уламо ба марде, ки рӯза медошту зану фарзандонашро дашном дода, мезад

Гуфта мешавад, бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати шаҳрванд Қараев Аҳмад Пулодович парвандаи маъмурӣ бо моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикстон тартиб дода шуда, бо қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз таъин карда шуд.

568
Тӯҳфаи Филлип Киркоров ба Максим Галкин, ҷураби помирӣ

Ҷураби помирӣ: тӯҳфаи солинавии Филипп Киркоров ба Максим Галкин

3002
(Таҷдидшуда 16:52 03.01.2017)
Филипп Киркоров ситораи эстрадаи рус дар барномаи солинавии "Максим Максим" ба барандаи барнома Максим Галкин ҷураби помирӣ тақдим кард

ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Ситораи эстрадаи рус Филипп Киркоров дар барномаи солинави "Макисм Максим", ки 2-январи соли 2017 тариқи шабакаи 1-телевизиони Русия намоиш дода шуд,  ба Максим Галкин ҷураби помирӣ ҳадя карда,гуфт, ки онро холаи Мари махсусан барои Максим бофтааст, то бемор нашавад.

"Холаи Мари, ки ҳоло бо тарбияи фарзандонам машғул аст, ин "наски"-ҳоро махсус барои ту бофт",-гуфт Филипп Киркоров зимни тақдими тӯҳфа.

Максим Галкин-"Ман аз Якубович чӣ камӣ дорам",-гӯён онҳоро ба по кашид.

Алла Пугачева, примадонаи саҳанаи рус, ки низ дар барнома ширкат дошт, як пои ҷурабро санҷид. Барои ӯ собиқ шавҳараш ҷузвдони махсус ҳадя кард.

Ҷураби помирӣ-як қисми ҷудонашандаи либои зимистонаи мардуми Бадахшон ба шумор рафта, дар ҷаҳон ягона аст. Қариб ҳамаи занони ВМКБ аз ӯҳдаи бофтани ҷураби помирӣ мебароянд. Ҷураб асосан бо риштаи аз пашми гусфанд омодашуда,бофта мешавад. Ранги ҷурабро ҳар як бофанда бо табъи дили худ интихоб мекунад. Асосан рангҳои баланд: сурх, сабз, зард, сафед, сиёҳ ва ғайраҳо истифода мешаванд.

Дар солҳои Ҷанги бузурги ватанӣ-занони Помир ба фронт чандин ҳазор ҷураб таҳти шиори "Ҳама чиз барои фрот ва чиз барои ғалаба" равон карданд.

Мардуми Бадахшон ҷурабро ҳамчун тӯҳфа ба меҳмонони олиқадр ҳадя мекунанд.

3002
Барчаспҳо:
ҷураби помирӣ, барномаи солинавӣ, Русия
Мавзуъ
"Тоҷик Эйр": тӯҳфаи беҳтарин саломатӣ аст
Таҷлили Соли нав дар шаҳри Душанбе
Табрикоти шахсони машҳури Тоҷикистон: дӯстӣ бо Узбакистон, саломатӣ ва сулҳ

Ройгон ва худхоҳишӣ: дар Русия эмгузаронии оммавӣ шурӯъ шуд

0
Дар Русия сар аз имрӯз эмгузаронии оммавӣ шурӯъ шуд. Чунин супоришро ҳафтаи гузашта Владимир Путин ба мақомотҳои марбута дода буд

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Шурӯъ аз рӯзи душанбеи 18 январ дар Русия бо супориши Владимир Путин маъракаи эмгузаронии оммавӣ шурӯъ шуд, хабар медиҳад РИА Новости.

Ба иттилои манбаъ, шаҳрвандони Русия метавонанд бевосита аз миёни ду ваксинае, ки дар Русия раман сабти ном шудаанд якеро интихоб карда, эм гиранд.

Бори нахуст: мубталошавии 20 000 нафар дар Русия ба коронавирус давоми як рӯз

Гуфта мешавад,  маъракаи эмгузаронӣ комилан ройгон аст.

Ҳукумати Русия ҳанӯз моҳи декабри соли гузашта эълон намуд, ки нахуст пизишкону муаллимон, кормандони хизматрасонии иҷтимоӣ ва ҳамчунин нафароне, ки маризи қанду дил ва фарбеҳӣ доранд, эм мешаванд.

Рӯзҳои истироҳатӣ ҳам: идомаи эмкунии сартосарӣ аз коронавирус дар Русия - навор

Зимнан, рӯзи 13 январ кишвардори Русия Владимир Путин супориш дод, ки дар минтақаҳо шумораи нуқтаҳои эмгузаронӣ афзун карда шавад.

Бояд таъкид намуд, ки дар Русия расман ваксинаи "Спутник V" аз маркази  Гамалея ва “ЭпиВакКорона"- и ”Вектор” расман сабти ном шуданд.

0
Барчаспҳо:
эмгузаронӣ, Русия