Масҷиди марказии шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Шӯрои уламо: аз Ислом сӯиистифода накунед

23
(Таҷдидшуда 16:56 20.02.2015)
Шӯрои уламо мегӯяд, дар ин маъракаи сиёсӣ сўиистифода аз номи ислом бо ҳар навъ назару ақидаҳои ботили авомфиребона аз рўи хираду тафаккури солим нест.

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Шўрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, бо пахши як муроҷиатнома аз сӯиистифодаи Ислом дар маъракаи пешазинтихоботӣ изҳори нигаронӣ карда, мегӯяд, афроде, ки аз номи дин тафриқа меандозанд, «мушрикону мунофиқон»-анд, омадааст дар сомонаи ин ниҳод.

Дар муроҷиатнома, ки 20-уми феврал нашр гардид, таъкид шудааст, "мо дар арафаи интихобот қарор дорем ва дар ин маъракаи сиёсӣ сўиистифода аз номи ислом бо ҳар навъ назару ақидаҳои ботили авомфиребона аз рўи хираду тафаккури солим нест".

"Интихобот аз рўи фаҳму идроки ҳар як аъзои бошуури ҷомеа ва тибқи қонунҳо сурат мегирад. Ба ҳеч ваҷҳ бояд ҳизбҳо ва номзадҳо аз боварии мардум ба дини мубини Ислом сўистифода накунанд. Чунин шеваи кору роҳнамоӣ на ба муқаррароти Ислом, на ба ягон қонуни демократия, озодии баёну афкор ва изҳори иродаи сиёсӣ мувофиқат намекунад", — навиштааст Шӯрои уламо.

Ин ниҳод таъкид мекунад, ки "бисёранд аҳзобу ашхосе, ки бидуни ягон ғараз, бидуни рўи саҳна кашидани ислому истифодаи он ҳамарўза дар зикри Худоянд, барои рушду густариши Ислом ва ҷомеаи мусулмонӣ пайи хидмат қарор доранд".

"Танҳо қарзи имонӣ ва инсонии хеш медонем, дар ин даврае, ки вақти интихоб пеш омадааст, ҳамватанони азизамонро ба ташхиси ҳушмандонаи роҳи ояндаамон, фардои сарзаминамон даъват кунем. Пас мебояд, ки ҳар як мусулмон вақти интихоб илму дониш, ақлу заковатро рўи кор гирифта, барои фардои ободу осудаи Ватанамон ва сулҳу суботи он масъулиятро дар ҷои аввал қарор бидиҳад", — гуфтаанд аъзои Шӯрои уламо.

Дар ин муроҷиатнома аз ҷумла омадааст, ки "ҳамагон бояд бидонанд, ки ислом ба ҳеҷ гуна ҳизб ниёз надорад. Ислом дар табиати худ фарогирандаи тамоми мусулмонон аст".

Раёсати Шӯрои уламо инчунин аз дасисаи доираҳои харобкору манфиатҷў дар иддае аз кишварҳои мусулмонӣ зикр кардааст, ки ҳамаи ин ваҳшоният бо номи ислом ва бо зикри исми мубораки Худои таборак ва таъоло сурат мегирад.

"Ҷаҳони ислом асосан ба он ҷиҳат гирифтори инчунин фоҷеа гардидааст, ки ба арзишҳою муқаддасоти асили исломиамон хурофот, зоҳирбинию зоҳирписандӣ дар Ислом таҳдид дорад. Ин чизи нав нест. Кўшишҳои бо шиорҳои авомфиребонаи ба ном исломӣ қонеъ сохтани ғаризаҳои нопоки гурўҳию шахсӣ ва ба манфиатҳои хеш истифода кардани ислом дар таърихи башарият бисёр буданд. Талошҳои мазкур имрўз густаришу тақвияти бештар ёфтанд, ки заминаҳояш фақру нодорӣ, бесаводию тангназарӣ ва бехабарии иддае мусулмонон аз дини муқаддаси Ислом мебошанд", — зикр шудааст дар муроҷиатнома.

Шӯрои уламо афзудааст, ки каломи Худовандӣ кирдорҳои мазкурро маҳкум намуда, касонеро, ки миёни мусулмонон тафриқа эҷод мекунанд ва бо номи ислом аъмоли зиддиисломӣ содир менамоянд, «мушрикону мунофиқон» унвон гузоштааст ва мусулмононро даъват кардааст, то аз пайравӣ ба онҳо худдорӣ намоянд.

"Бузургони гузаштаамон ҳам ба суханони «Каъба чӣ меравӣ? Дилеро дарёб» ва садҳо ҳикматҳои ҷовидонаи дигар ҷомеаи мусулмониро даъват ба исломи асил намуда, онҳоро аз нораво будани пайравии кўркўрона, авомфиребӣ ва зоҳирписандӣ дар Ислом огоҳ сохтаанд", хулоса кардааст Шӯрои уламои Маркази исломӣ.

23
Барчаспҳо:
сӯистифода, муроҷиатнома, ислом, Интихобот, Шӯрои уламои Тоҷикистон, Маркази исломӣ, Тоҷикистон
Тӯҳфаи Филлип Киркоров ба Максим Галкин, ҷураби помирӣ

Ҷураби помирӣ: тӯҳфаи солинавии Филипп Киркоров ба Максим Галкин

2999
(Таҷдидшуда 16:52 03.01.2017)
Филипп Киркоров ситораи эстрадаи рус дар барномаи солинавии "Максим Максим" ба барандаи барнома Максим Галкин ҷураби помирӣ тақдим кард

ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Ситораи эстрадаи рус Филипп Киркоров дар барномаи солинави "Макисм Максим", ки 2-январи соли 2017 тариқи шабакаи 1-телевизиони Русия намоиш дода шуд,  ба Максим Галкин ҷураби помирӣ ҳадя карда,гуфт, ки онро холаи Мари махсусан барои Максим бофтааст, то бемор нашавад.

"Холаи Мари, ки ҳоло бо тарбияи фарзандонам машғул аст, ин "наски"-ҳоро махсус барои ту бофт",-гуфт Филипп Киркоров зимни тақдими тӯҳфа.

Максим Галкин-"Ман аз Якубович чӣ камӣ дорам",-гӯён онҳоро ба по кашид.

Алла Пугачева, примадонаи саҳанаи рус, ки низ дар барнома ширкат дошт, як пои ҷурабро санҷид. Барои ӯ собиқ шавҳараш ҷузвдони махсус ҳадя кард.

Ҷураби помирӣ-як қисми ҷудонашандаи либои зимистонаи мардуми Бадахшон ба шумор рафта, дар ҷаҳон ягона аст. Қариб ҳамаи занони ВМКБ аз ӯҳдаи бофтани ҷураби помирӣ мебароянд. Ҷураб асосан бо риштаи аз пашми гусфанд омодашуда,бофта мешавад. Ранги ҷурабро ҳар як бофанда бо табъи дили худ интихоб мекунад. Асосан рангҳои баланд: сурх, сабз, зард, сафед, сиёҳ ва ғайраҳо истифода мешаванд.

Дар солҳои Ҷанги бузурги ватанӣ-занони Помир ба фронт чандин ҳазор ҷураб таҳти шиори "Ҳама чиз барои фрот ва чиз барои ғалаба" равон карданд.

Мардуми Бадахшон ҷурабро ҳамчун тӯҳфа ба меҳмонони олиқадр ҳадя мекунанд.

2999
Барчаспҳо:
ҷураби помирӣ, барномаи солинавӣ, Русия
Мавзуъ
"Тоҷик Эйр": тӯҳфаи беҳтарин саломатӣ аст
Таҷлили Соли нав дар шаҳри Душанбе
Табрикоти шахсони машҳури Тоҷикистон: дӯстӣ бо Узбакистон, саломатӣ ва сулҳ
Шукурҷон Зуҳуров. Акс аз бойгонӣ

Зуҳуров аз вакилон даъват кард, ки хомӯш набошанд

24
Раиси Маҷлиси намояндагони порлумон аз ҳамтоёнаш хост, ки дар вақти ҷаласот фаъол бошанду назароти интихобкунандагони худро то мақомот бирасонанд.

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров вакилони тозаинтихобро даъват кард, ки дар ҷаласот фаъолтар бошанд ва барояшон ёдовар шуд, ки аз замони интихобашон якуним моҳ гузаштааст, менависад хабаргузории "Озодагон".

Зуҳуров ба вакилон бо чунин дархост дар ҷаласаи порлумон дар рӯзи сешанбе муроҷиъат кард, ки дар оғоз вакилон бидуни баррасӣ 6 нуқоти ҷаласаи имрӯзро тасвиб карданд.

"Пешниҳодот, дархостҳо ва суолҳои худро матраҳ кунед. Набояд омада ором нишинед. Аз рӯзи интихобот аллакай 1,5 моҳ гузашт. Вориди ҷараён шавед. Назароте, ки аз муошират бо интихобкунандагони худ ҳосил мекунед, матраҳ кардан даркор аст", — гуфт раис.

Зуҳуров раисии Маҷлиси намояндагонро аз давраи қаблии интихоби вакилон бар зимма дорад.

Барои бори нахуст нест, ки аз вакилон фаъол кардани кори онҳо тақозо мешавад, қабалн чунин дархост аз сӯйи раиси ҷумҳур ва расонаҳо матраҳ шуда буд.

24
Барчаспҳо:
интиқоди Зуҳуров аз адами фаъолияти вакилон, Маҷлиси намояндагон, Шукурҷон Зуҳуров, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷаласаи муштараки маҷолиси порлумон бо ҳузури раиси ҷумҳур мегузарад
ҲХДТ 65% овоз гирифт, ҲНИТ ва коммунистҳо ба порлумон раҳ наёфтанд
Хорогская гидроэлектростанция, архивное фото

Дар шаҳри Хоруғ пули нави мошингузар сохта мешавад

0
(Таҷдидшуда 17:33 08.07.2020)
Ин сеюмин пули мошингузар дар шаҳри Хоруғ хооҳад буд, ки ду соҳили дарёи Ғундро дар ҳудуди шаҳр ба ҳам мепайвандад

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Дар остонаи таҷлили 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 45 иншооти таъйиноти гуногун сохта ба истифода дода мешавад.

Аз ҷумла, дар маркази вилоят бинои театри вилоятӣ, як қисмати бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 ба номи Сайфулло Абдуллоев, коргоҳи дӯзандагӣ дар ҳудуди бозори «20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон», иншооти варзишӣ дар маҳаллаи Тирчид ва ғайраҳо мавриди истифода қарор мегиранд.

Тавре АМИТ "Ховар" бо такя ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар медиҳад, дар қаламрави вилоят бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ корҳои омодагӣ босуръат идома дошта, дар баробари ба истифода додани иншооти сохтмонаш анҷомёфта,  санги асоси пули мошингард дар маҳаллаи Селхозтехникаи шаҳри Хоруғ, гузошта мешавад.

Гуфта мешавад, ки дарозии пул бо эстакада 200 метрро ташкил медиҳад.

Ин сеюмин пули мошингузар аст, ки ду соҳили дарёи Ғундро дар ҳудуди шаҳр ба ҳам мепайвандад ва интизор меравад, ки мушкилоти тамбашавии нақлиётро дар маркази шаҳри Хоруғ аз миён мебардорад.

0
Барчаспҳо:
ошноӣ бо иншооти ҷашнӣ, иншоот, ВМКБ