Қуттии овоздиҳӣ дар яке аз участкаҳои интихоботӣ дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Се рақиби раиси ҲДТ аз идомаи сабқати интихоботӣ даст кашиданд

6
(Таҷдидшуда 11:09 24.02.2015)
Саидҷаъфар Исмонов раиси Ҳизби демократӣ Тоҷикистон гуфтааст, бо даст кашидани рақибонаш аз идомаи мубориза, шонси вай барои пирӯзӣ бештар шудааст.

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Се рақиби Саидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон аз идомаи рақобат дар интихоботи парлумонӣ даст кашида, номзадияшонро аз ҳавзаи якмандатии рақами 34-и ноҳияи Фархор бозпас гирифтаанд, менависад оҷонсии "Озодагон".

Масъулини ин ҳавза мегӯянд, аз ҷумла Нуриддин Азаматов — номзад аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Сафаралӣ Шарифов — номзад аз Ҳизби халқӣ- демократии Тоҷикистон ва Мавлонбӣ Тӯраева — номзади худпешбар ба вакилии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз ин ҳавза номзадии худро бозпас гирифтаанд.

Феълан дар ин ҳавза барои дарёфти курсӣ дар палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон се номзади дигар — Саидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби демократӣ (ҲДТ), Зайниддин Юсуфов, узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва Юсуфхон Сайфиддинов, ки худпешбар аст, рақобат хоҳанд кард.

Дар шарҳи "ақибнишинӣ"-и рақибонаш Исмонов гуфтааст, бо даст кашидани намояндаи ҲХДТ ва ҲАТ имконияти ӯ барои дарёфти курсӣ дар парлумон бештар хоҳад шуд.

"Мо бо Сафаралӣ Шарифов дар як мактаб хонда дар як ҷамоат ба воя расидаем ва агар ин нафар ва намояндаи ҲАТ номзадиашонро гирифта бошанд, шонси ман хеле ва хеле бештар мешавад", —  афзудааст Исмонов.

Дар ҳавзаи якмандатаи рақами 34-и Фархор 11 ҳазору 732 нафар интихобкунанда ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин нишондод танҳо 1 ҳазору 908 нафар нахустин бор пой ба назди сандуқҳои раъйдиҳӣ мегузоранд ва 9 ҳазору 590 нафари дигари интихобкунандагон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, менависад оҷонсӣ.

6
Барчаспҳо:
ақибнишинӣ, рақобати интихоботӣ, сабқат, мубориза, сиёсат, Интихобот, ҲДТ, ҲАТ, ҲХДТ, ҲНИТ, парлумон, КМИР, Саидҷаъфар Исмонов, Фархор, Тоҷикистон
Мавзуъ
Аҳзоби сиёсӣ аз тахрибкориҳо дар корзори интихоботӣ шикоят мекунанд
Интихобот ва ҳолу ҳавои "исломхоҳӣ"-и аҳзоби Тоҷикистон