Раҳматилло Зойиров. Акс аз бойгонӣ

Раҳматилло Зойиров мухолифи истифода аз ислом дар сиёсат мебошад

8
(Таҷдидшуда 15:40 24.02.2015)
Раҳбари сотсиал демократҳои Тоҷикистон ва номзади вакилии порлумон бар ин назар аст, ки истифода аз арзишҳои мазҳабӣ барои расидан ба аҳдофи сиёсӣ қобили қабул нест.

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Арзишҳои исломӣ покиза ва муқаддасанд ва мо онҳоро набояд бо сиёсат омезиш бидеҳем, гуфт дар мусоҳиба бо нашрияи "Нигоҳ" раҳбари Ҳизби сотсиал демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров.

Нашрия изҳор доштааст, ки бо чунин изҳори назар сотсиал-демократ худро дар қиболи пайравони ислом дар кишвар, аз ҷумла дар муқобили Ҳизби наҳзати исломӣ қарор медиҳад. Ҳарчанд худи ҳизби Зойиров мухолифи давлат маҳсуб ёфта дар гузашта борҳо бо ҲНИТ ҳамгароӣ кардааст.

"Вале фикр намекунам, ки чунин изҳори назар ҲНИТ-ро нигарон кунад, — гуфт дар идома Зойиров. — Агар ҲНИТ Қуръон ва ё суннаҳои онро ба унвони манбаъ истифода кунад — ин амр омезиши ислом маҳсуб намешавад. Мазҳаби ислом воқеъан муқаддас аст. Ва ин муқаддасотро мо набояд барои аҳдофи худ истифода кунем".

Ҳамзамон раҳбари сотсиал демократҳо бар ин назар аст, ки "аз ислом бояд дар фарҳанг ва маънавиёт истифода шавад".

Қаблан чунин мавқеъи худро Зойиров зимни муъаррифи барномаи қабл аз интихоботии худ тавассути шабакаи телевизионӣ изҳор дошта буд.

Он замон вай ҳамчунин гуфта буд, ки худ аз авлоди Шайх Умари Бостонӣ, набераи Хӯҷа Аҳрори Валӣ (падари ахирӣ Сайид Убайдуллоҳ шаҷари худро ба Муҳаммад пайғамбар рабт медод, — идора) аст, вале аз ислом дар сиёсат ва таблиғот истифода намекунад.

Мавзӯъи омезиши ислом бо сиёсат бояд мукарраран дар Тоҷикистон баррасӣ шавад, гуфт он вақт сиёсатмадор.

8
Барчаспҳо:
номзад ба вакилӣ, парлумон, интихобот, изҳори назар, нашрияи Нигоҳ, ҲСДТ, Раҳматилло Зойиров, Тоҷикистон
Мавзуъ
Зойиров дар ҳуҷраи ҳизбаш Анҷуман баргузор кард
Интихобот ва ҳолу ҳавои "исломхоҳӣ"-и аҳзоби Тоҷикистон
ҲСДТ аз интихобот бо нишони эътироз даст мекашад
Арестованный мужчина за оскорбление своей матери

Боздошту ҳабси сокини Душанбе барои дашному таҳқири модари пираш

568
(Таҷдидшуда 12:01 28.08.2020)
Раёсати Вазорати корҳои дохила дар шаҳри Душанбе аз боздошти як марди 36 сола хабар медиҳад, ки модари пиронсолашро ҳақорату дашномҳои қабеҳ кардааст.

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Қараев Аҳмад Пулодович истиқоматкунандаи ш. Душанбе, кӯчаи Ф. Муҳаммадиев дар ҳолати мастӣ дар назди манзили истиқотиашон бо модари пиронсоли худ муноқиша ва нисбаташ беэҳтиромӣ зоҳир намуда, ӯро мавриди дашному ҳақоратҳои қабеҳ қарор додаст.

“Ин амали ӯ мавриди вокуниши шаҳрвандон ва истиқоматкунандагони бинои мазкур қарор гирифта, ҷиҳати андешидени чораҳои дахлдори қонунӣ ба кормандони милитсия муроҷиат намудаанд”,-афзудааст манбаъ.

Манбаъ мегӯяд, боздоштшуда ба ҷойи эҳтиром ба майнӯшӣ машғул шудаву модари муштипари худро дар назди ҳамсоягону дигар шаҳрвандон мавриди дашному ҳақорат қарор дода, шаъну шарафашро дар назди атрофиён паст задааст.

Ҳукми уламо ба марде, ки рӯза медошту зану фарзандонашро дашном дода, мезад

Гуфта мешавад, бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати шаҳрванд Қараев Аҳмад Пулодович парвандаи маъмурӣ бо моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикстон тартиб дода шуда, бо қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз таъин карда шуд.

568
Тӯҳфаи Филлип Киркоров ба Максим Галкин, ҷураби помирӣ

Ҷураби помирӣ: тӯҳфаи солинавии Филипп Киркоров ба Максим Галкин

3002
(Таҷдидшуда 16:52 03.01.2017)
Филипп Киркоров ситораи эстрадаи рус дар барномаи солинавии "Максим Максим" ба барандаи барнома Максим Галкин ҷураби помирӣ тақдим кард

ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Ситораи эстрадаи рус Филипп Киркоров дар барномаи солинави "Макисм Максим", ки 2-январи соли 2017 тариқи шабакаи 1-телевизиони Русия намоиш дода шуд,  ба Максим Галкин ҷураби помирӣ ҳадя карда,гуфт, ки онро холаи Мари махсусан барои Максим бофтааст, то бемор нашавад.

"Холаи Мари, ки ҳоло бо тарбияи фарзандонам машғул аст, ин "наски"-ҳоро махсус барои ту бофт",-гуфт Филипп Киркоров зимни тақдими тӯҳфа.

Максим Галкин-"Ман аз Якубович чӣ камӣ дорам",-гӯён онҳоро ба по кашид.

Алла Пугачева, примадонаи саҳанаи рус, ки низ дар барнома ширкат дошт, як пои ҷурабро санҷид. Барои ӯ собиқ шавҳараш ҷузвдони махсус ҳадя кард.

Ҷураби помирӣ-як қисми ҷудонашандаи либои зимистонаи мардуми Бадахшон ба шумор рафта, дар ҷаҳон ягона аст. Қариб ҳамаи занони ВМКБ аз ӯҳдаи бофтани ҷураби помирӣ мебароянд. Ҷураб асосан бо риштаи аз пашми гусфанд омодашуда,бофта мешавад. Ранги ҷурабро ҳар як бофанда бо табъи дили худ интихоб мекунад. Асосан рангҳои баланд: сурх, сабз, зард, сафед, сиёҳ ва ғайраҳо истифода мешаванд.

Дар солҳои Ҷанги бузурги ватанӣ-занони Помир ба фронт чандин ҳазор ҷураб таҳти шиори "Ҳама чиз барои фрот ва чиз барои ғалаба" равон карданд.

Мардуми Бадахшон ҷурабро ҳамчун тӯҳфа ба меҳмонони олиқадр ҳадя мекунанд.

3002
Барчаспҳо:
ҷураби помирӣ, барномаи солинавӣ, Русия
Мавзуъ
"Тоҷик Эйр": тӯҳфаи беҳтарин саломатӣ аст
Таҷлили Соли нав дар шаҳри Душанбе
Табрикоти шахсони машҳури Тоҷикистон: дӯстӣ бо Узбакистон, саломатӣ ва сулҳ
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон

Қарори нави Рустами Эмомалӣ дар бораи ярмаркаҳои кишоварзӣ дар соли 2021

0
(Таҷдидшуда 10:33 22.01.2021)
Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ дар соли 2021 қарор баровард

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Бино бар қарори раиси шаҳри Душанбе ин ярмаркаҳо бо мақсади бо мақсади таъмини сокинону меҳмонони шаҳр бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ баргузор хоҳанд шуд.

Дар ин росто, Раёсати рушди иқтисод ва савдои шаҳри Душанбе, Корхонаи воҳиди давлатии "Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе" дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ, Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва Иттифоқи "Тоҷикматлубот" вазифадор шудаанд, ҷиҳати ташкил ва гузаронидани ярмаркаҳо ва ширкати корхонаю хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ тадбирҳо андешанд.

Раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ муваззаф шуданд, барои дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ гузаронидани чорабиниҳои мазкур, ҷойгир кардани ғурфа ва растаҳои савдо, ки ба талаботи муосир ҷавобгӯй мебошанд, тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Қоидаҳои савдо, тартиботи ҷамъиятӣ ва зиддисӯхторӣ, сифат, нархи маҳсулотҳо ва талаботи санитарию гигиениро бояд Раёсати рушди иқтисод ва савдои шаҳри Душанбе якҷо бо Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, Хадамоти давлатии оташнишонӣ, Маркази назорати давлатии санитарию ва раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ назорат кунанд.

Ҳамчунин тибқи қарори мазкур, Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ хизматрасонии ташхиси маҳсулотҳои гӯштию шириро ҳангоми баргузории ярмаркаҳо бояд тариқи ройгон амалӣ намоянд.

0
Барчаспҳо:
нарх, баргузор, назорат, кишоварзӣ, Душанбе