Наворбардорон. Акс аз бойгонӣ

Расонаҳои саршиноси ҷаҳонӣ барои бозтоби интихоботи порлумонӣ омаданд

3
Намояндаи вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба тавваҷӯҳи зиёди расонаҳои хориҷӣ ба интихоботи порлумонӣ дар ин кишвар, ки 1 март баргузор мешаванд, зикр мекунад. Ба гуфтаи вай, барои бозтоби ин маросими сиёсӣ ҳудуди сад нафар хабарнигорони хориҷӣ сабти ном шудаанд.

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Намояндагони 21 расона аз 12 кишвари хориҷӣ, ки интихоботи порлумонии Тоҷикистонро бозтоб мекунанд, ҳамакнун дар кишвар қарор доранд, гуфтааст ба Радиои Озодӣ сухангӯйи вазорати хориҷа Абдулфайз Атоев.

Ба гуфтаи вай, ин расонаҳоро ҳудуди 100 нафар хабарнигорон, наворбардорон ва аккосбардорон намояндагӣ мекунанд.

Онҳо расонаҳоеро назири "Ал-Ҷазира" (Қатар), "Синхуа" (Чин), "Киодо Тсусин" ва "NHK" (Ҷопон) намояндагӣ мекунанд. Ҳамчунин хабарнигорон аз Олмон, Фаронса, Русия, Бритониё, ИМА, Эрон ва кишварҳои дигар низ ҳастанд.

Атоев гуфт, ки мизони тавваҷӯҳи расонаҳои хориҷӣ дар ин интихобот дар муқоъиса бо интихоботҳои қаблӣ бештар аст. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи вай, вуруди дархости сабти номи хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ ҳамчунон идома дорад.

Қаблан гузориш шуда буд, ки ин интихоботро беш аз 500 нафар нозирони минтақавӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ ва кишварҳои мухталиф назорат хоҳанд кард.

Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон якуми март баргузор мешаванд. Дар ин рӯз ҳамчунин вакилони маҷолиси маҳаллӣ низ интихоб хоҳанд шуд.

3
Барчаспҳо:
500 нафар нозирони минтақавӣ, вакилони маҷлис, интихобот, вуруди хабарнигорони хориҷӣ барои бозтоби интихоботи Тоҷикистон, Киодо Тсусин, СинХуа, Ал-ҷазира, ВКХ, Абдулфайз Атоев, Тоҷикистон
Мавзуъ
Парлумони Тоҷикистон дар арафаи интихобот
Интихобот ва ҳолу ҳавои "исломхоҳӣ"-и аҳзоби Тоҷикистон
Президент: “ба интихобот ва оромии кишвар хиёнат накунед”
Раҳмон: интихобот мардумро бояд бештар сарҷамъ кунад