На пятничной молитве в Центральной мечети Душанбе 27 февраля 2015 года

Дар намози ҷумъа: вақти интихоб хидматҳои президентро ба назар гиред

39
(Таҷдидшуда 18:30 27.02.2015)
Масъулони Маркази исломӣ хитоб ба намозгузорон гуфтанд, “ба мубаллиғоне, ки мегӯянд агар ба тарафдории ин ё он номзад овоз надиҳӣ, мусалмон нестӣ ё имонат хатчадор мешавад, аҳамият надиҳанд”.

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Мавлавӣ Маҳмуд, узви Раёсати фатво ва Домулло Сайид Акбар, муовини раиси Маркази исломии Тоҷикистон ба ҳангоми намози ҷумъа дар Масҷиди марказии Душанбе аз намозгузорон даъват карданд, ки "ба вақти раъй додан хизматҳои президентро ёдоварӣ кунанд".

Ин ду масъули марказ афзуданд, ба мубаллиғоне, ки мегӯянд агар ба тарафдории ин ё он номзад овоз надиҳӣ, мусалмон нестӣ ё имонат хатчадор мешавад, аҳамият надиҳанд.

Ҳар дуи эшон ба такрор гуфтанд, чунин иддао ҳеч асосе надорад, чун ҳамаи номзадҳо ба вакилӣ дар Тоҷикистон мусалмонанд.

Онҳо пайи ҳам зикр карданд, ки овоздиҳӣ дар Тоҷикистон озод аст ва ҳар кас ба вакили аз нигоҳи ӯ арзанда овоз медиҳад, "аммо овоздиҳандаҳо фаромӯш накунанд, ки кӣ чи хизмат кардааст".

Мавлавӣ Маҳмуд дар идома аз сокинон даъват кард, ки вақти овоздиҳӣ дар интихоботи парлумонии 1-уми март хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро ба назар гиранд. Ин руҳонии тоҷик мисол овард, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар беш аз 4 ҳазор масҷид бозсозӣ шуданду "имрӯзҳо алҳамдуллилоҳ касе ба Русия намеравад" ва ҳама дар сохтмонҳои дохили кишвар кор мекунанд.

"Ҳар нафаре, ки дар ин ё он кишвар роҳбар ё ҳукмфармо мешавад, ин бо хости Худост, чун Худо мехоҳад, ки ӯ роҳбарӣ кунад. Фаромӯш накунед, ки ҳамин мардака мо худамон оварда мондем, ки кишварро ободу миллатро сарҷамъ кунад. Ӯ ба нооромиҳо нигоҳ накарда ба Афғонистону дигар кишварҳо рафт, то давлат обод бошад", — гуфт Мавлавӣ Маҳмуд.

Хутбаи кормандони маркази исломӣ дар ҳолест, ки 26 феврал матни хутбаи ин марказ ба расонаҳо роҳ ёфт. Расонаҳо навиштанд, ки марказ бо таҳияи мактубе ба масоҷиди ҷумҳурӣ дастур додааст, ки дар намози ҷумъаи 27 феврал "аз корнамоиҳои раисиҷумҳур" суҳбат кунанд ва "хотиррасон намоянд, ки имрӯз баъзе сару садоҳо пайдо мешаванд, ки гӯё ҳар кас номи ҳизберо хат занад, номи исломро хат задааст. Ин суханон муҳоботе беш нестанд. Ин суханони онҳое аст, ки Исломро моли худ ва воситаи расидан ба ғаразҳои дунявӣ қарор дода, мардумро бо дину диёнат, бо Худову Расул метарсонанд".

Ҳамчунин дар ин нома зикр шудааст, ки аз хатарҳо ва зиёнҳои ҳизбҳои исломӣ дар кишварҳои хориҷ тазаккур дода шавад.

39
Барчаспҳо:
ҳизбҳои исломӣ, раъй, озод, хизмат, хутба, даъват, президент, намози ҷумъа, Интихобот, Масҷиди марказии Душанбе, Маркази исломии Тоҷикистон, Мавлавӣ Маҳмуд, Сайид Акбар, Тоҷикистон