Саидҷаъфар Исмонов. Акс аз бойгонӣ

Озодӣ: роҳбари демократҳо бовар дорад, ки вориди парлумон шудааст

14
(Таҷдидшуда 10:30 02.03.2015)
Роҳбари демократҳои Тоҷикистон мӯътақид аст, ки дар интихобот пирӯз гардида, ҳизбаш имкони ба даст овардани боз як курсии дигарро низ дорад.

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik.  Саидҷаъфар Исмонов, раиси ҲДТ ва номзад аз ҳавзаи якмандатии Фархор (№34) иддао дорад, ки 77,5% орои интихобкунандагонро ба даст овардааст, менависад радиои Озодӣ.

Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Саъидҷаъфар Исмонов мегӯяд, дар ҳавзаи якмандатии рақами 34-и Фархор аз ҳамаи рақибонаш раъйи бештар касб кардааст. Ба қавли ӯ, аз комиссияи ҳавзавӣ хабар доданд, ки ӯ аз маҷмӯи 85 дарсади орои мардум, 77,5 дарсадро ба худ ихтисос додааст. Ба гуфтаи вай, ҳарифаш Зайниддин Юсуфов аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 2,07 дарсад ва ҳарифи дигараш Кабутов 4 фоиз раъйи интихобкунандагонро ба даст овардаанд.

Исмонов, менависад Озодӣ, тасдиқ мекунад, ки демократҳо имкони ба даст овардани боз як курсии вакилиро тибқи рӯйхати ҳизбӣ доранд.

Аммо Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон то ин лаҳзаҳо аз ироаи ҳаргуна маълумот оид ба натоиҷи интихобот худдорӣ мекунад ва қарор аст, соати 10-и рӯзи душанбеи 2-март зимни нишасти хабарӣ, натоиҷи ниҳоиро эълон намояд.

Ҳизби демократи Тоҷикистон то кунун дар парлумони кишвар намоянда надошт ва дар сурати таъйди пирӯзии Саидҷаъфар Исмонов аз сӯи КМИР, барои аввалин бор ҲДТ ба парлумон роҳ меёбад.

Пешвои демократҳо соли 1960 дар оилаи омӯзгор таваллуд шуда, соли 1983 факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.Замони ҷанги шаҳрвандӣ ширкати истеҳсолии дорувории «Хатлон»-ро дар ноҳияи Ховалинг ташкил дод.Баъди ҷанг ба Душанбе омад ва дар ниҳодҳои мухталифи давлатӣ — Хадамоти гумрук, Бонки миллӣ, Кумитаи радио ва телевизион, пулиси андоз ва Донишгоҳи аграрӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият дошт.

Соли 2005 ба таъсиси ҳизби ҷавонони прогрессиви Тоҷикистон кӯшиш кард, вале сабти ном карда натавонист. Саъидҷаъфар Исмонов соли 2006 ба ҳизби демократ пайваст ва моҳи декабри соли 2012 раиси ҳизб интихоб шуд.Соли 2013 дар интихоботи президентӣ ба ҳайси номзади райисҷумҳурӣ ширкат карда, соҳиби 1 дарсади оро гардид.

Интихоботи Маҷлиси намояндагон (палатаи поёнии парлумон) рӯзи 1 март баргузор гардид. Натоиҷи муқаддамотӣ имрӯз, душанбеи дуввуми март аз ҷониби КМИРТ эълом хоҳанд шуд.

 

14
Барчаспҳо:
дар Фархор №34, вакилӣ, интихоботи парлумонӣ, интихобот, ҲДТ, ҲХДТ, ҲНИТ, Кабутов, Зайниддин Юсуфов, Саидҷаъфар Исмонов, Фархор, Тоҷикистон
Мавзуъ
Се рақиби раиси ҲДТ аз идомаи сабқати интихоботӣ даст кашиданд
Арестованный мужчина за оскорбление своей матери

Боздошту ҳабси сокини Душанбе барои дашному таҳқири модари пираш

568
(Таҷдидшуда 12:01 28.08.2020)
Раёсати Вазорати корҳои дохила дар шаҳри Душанбе аз боздошти як марди 36 сола хабар медиҳад, ки модари пиронсолашро ҳақорату дашномҳои қабеҳ кардааст.

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Қараев Аҳмад Пулодович истиқоматкунандаи ш. Душанбе, кӯчаи Ф. Муҳаммадиев дар ҳолати мастӣ дар назди манзили истиқотиашон бо модари пиронсоли худ муноқиша ва нисбаташ беэҳтиромӣ зоҳир намуда, ӯро мавриди дашному ҳақоратҳои қабеҳ қарор додаст.

“Ин амали ӯ мавриди вокуниши шаҳрвандон ва истиқоматкунандагони бинои мазкур қарор гирифта, ҷиҳати андешидени чораҳои дахлдори қонунӣ ба кормандони милитсия муроҷиат намудаанд”,-афзудааст манбаъ.

Манбаъ мегӯяд, боздоштшуда ба ҷойи эҳтиром ба майнӯшӣ машғул шудаву модари муштипари худро дар назди ҳамсоягону дигар шаҳрвандон мавриди дашному ҳақорат қарор дода, шаъну шарафашро дар назди атрофиён паст задааст.

Ҳукми уламо ба марде, ки рӯза медошту зану фарзандонашро дашном дода, мезад

Гуфта мешавад, бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати шаҳрванд Қараев Аҳмад Пулодович парвандаи маъмурӣ бо моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикстон тартиб дода шуда, бо қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз таъин карда шуд.

568
Тӯҳфаи Филлип Киркоров ба Максим Галкин, ҷураби помирӣ

Ҷураби помирӣ: тӯҳфаи солинавии Филипп Киркоров ба Максим Галкин

3002
(Таҷдидшуда 16:52 03.01.2017)
Филипп Киркоров ситораи эстрадаи рус дар барномаи солинавии "Максим Максим" ба барандаи барнома Максим Галкин ҷураби помирӣ тақдим кард

ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Ситораи эстрадаи рус Филипп Киркоров дар барномаи солинави "Макисм Максим", ки 2-январи соли 2017 тариқи шабакаи 1-телевизиони Русия намоиш дода шуд,  ба Максим Галкин ҷураби помирӣ ҳадя карда,гуфт, ки онро холаи Мари махсусан барои Максим бофтааст, то бемор нашавад.

"Холаи Мари, ки ҳоло бо тарбияи фарзандонам машғул аст, ин "наски"-ҳоро махсус барои ту бофт",-гуфт Филипп Киркоров зимни тақдими тӯҳфа.

Максим Галкин-"Ман аз Якубович чӣ камӣ дорам",-гӯён онҳоро ба по кашид.

Алла Пугачева, примадонаи саҳанаи рус, ки низ дар барнома ширкат дошт, як пои ҷурабро санҷид. Барои ӯ собиқ шавҳараш ҷузвдони махсус ҳадя кард.

Ҷураби помирӣ-як қисми ҷудонашандаи либои зимистонаи мардуми Бадахшон ба шумор рафта, дар ҷаҳон ягона аст. Қариб ҳамаи занони ВМКБ аз ӯҳдаи бофтани ҷураби помирӣ мебароянд. Ҷураб асосан бо риштаи аз пашми гусфанд омодашуда,бофта мешавад. Ранги ҷурабро ҳар як бофанда бо табъи дили худ интихоб мекунад. Асосан рангҳои баланд: сурх, сабз, зард, сафед, сиёҳ ва ғайраҳо истифода мешаванд.

Дар солҳои Ҷанги бузурги ватанӣ-занони Помир ба фронт чандин ҳазор ҷураб таҳти шиори "Ҳама чиз барои фрот ва чиз барои ғалаба" равон карданд.

Мардуми Бадахшон ҷурабро ҳамчун тӯҳфа ба меҳмонони олиқадр ҳадя мекунанд.

3002
Барчаспҳо:
ҷураби помирӣ, барномаи солинавӣ, Русия
Мавзуъ
"Тоҷик Эйр": тӯҳфаи беҳтарин саломатӣ аст
Таҷлили Соли нав дар шаҳри Душанбе
Табрикоти шахсони машҳури Тоҷикистон: дӯстӣ бо Узбакистон, саломатӣ ва сулҳ
Пояс чемпиона UFC

Агар Ҳабиб наояд, кӣ барои унвони қаҳрамонӣ мубориза мебарад - раҳбари UFC номҳоро гуфт

0
(Таҷдидшуда 22:58 24.01.2021)
Имрӯз номзадҳои эҳтимолӣ барои унвони қаҳрамонӣ дар як мусобиқа ширкат варзиданд. Муборизаи яке аз онҳо шомро пеш мебурду задухӯрди дигар рӯйдоди бузург буд

ДУШАНБЕ, 24 январ - Sputnik. Президенти UFC Дана Уайт гуфт, ки агар қаҳрамони феълии ин ташкилот дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар ниҳоят карераи худро ба анҷом расонад, ба кӣ имконият медиҳад, то барои унвони қаҳрамонӣ мубориза барад.

Ӯ дар ин бора зимни нишасти хабарӣ пас аз мусобиқаи UFC 257 изҳор дошт.

Ба гуфтаи Уайт, амрикоиҳо Дастин Поре ва Майкл Чандлер барои унвони қаҳрамонӣ дар вазни сабук мубориза мебаранд.

"Агар Ҳабиб биравад, Поре ва Чандлер барои унвони қаҳрамонӣ мубориза хоҳанд бурд",- гуфт роҳбари UFC.

Уайт гуфт, пас аз рақобати варзишкор Поре ва Конор дар доираи рақобати UFC 257 аз Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар бораи баргаштан ба майдони ҳарб пурсон шуд.

Нурмуҳаммадов гуфт, барои рақобат бо Поре боз мегардад ё не?

Ба гуфти Ҳабиб на Макгрегор ва на Поре наметавонанд барои ӯ рақиб бошанд.

"Ман бо Ҳабиб суҳбат кардам, ӯ ба ман гуфт: "Дана биё росташро мегӯем, ман чанд сатҳ аз ин бачаҳо болотарам". Намедонам ин сухан хурсандиовар нанамуд, мебинем", - гуфт раҳбари UFC Дана Уайт.

Аммо ин гуфтаҳои Ҳабиб ба варзишкори дигари амрикоӣ Майкл Чандлер хуш наомад ва ӯ Ҳабибро ба майдони ҳарб даъват кард.

Бояд гуфт, ки ҳарду варзишгари эҳтимолӣ, ки барои камарбанд имкон дорад мубориза баранд, имрӯз дар мусобиқае, ки дар "Ҷазираи муҳорибаҳо" -и Абу-Даби баргузор шуда буд, ҳунарнамоӣ карданд.

Муборизаи Чандлер бо Дэн Ҳукер аз Зеландияи Нав барҷастатарини шом буд ва муқовимати Поре ва Макгрегор муборизаи асосӣ буд.

Посухи Конор ба шарҳи Ҳабиб дар бораи шикаст: ба майдон хонд

Поре дар даври дуввум бо нокаут пирӯз шуд, Чандлер рақиби худро бо зарбаҳои шадид дар даври аввал мағлуб кард.

 

 

0
Барчаспҳо:
зӯрозмоии размикорон, қаҳрамонӣ, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, қаҳрамони UFC