ҲХДТ 65% овоз гирифт, ҲНИТ ва коммунистҳо ба порлумон раҳ наёфтанд

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в FacebookАнҷумани ҲХДТ. Акс аз бойгонӣ
Анҷумани ҲХДТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Натоиҷи муқаддамотии интихоботи порлумонии Тоҷикистон ғайричашмдошт шуданд – ба гуфтаи раҳбари КМИР ҳизби умдаи мухолифи давлат - ҲНИТ ва коммунистҳо натавонистанд аз меъёри панҷдарсадӣ, ки барои дарёфти курсӣ дар порлумон имкон медиҳад, убур кунанд.

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Аз феҳрасти аҳзоби сиёсӣ номзадҳои Ҳизби халқи демократи Тоҷикистон дар интихоботи порлумонӣ 65% раъйи интихобкунандагонро оҳиб шуданд, хабар дод раҳбари КМИРТ Шермуҳаммади Шоҳиён дар нишасти хабарӣ, ки ин лаҳза идома дорад.

ҲХДТ тибқи феҳрасти худ соҳиби 16 курсӣ дар порлумон шуд.

Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон бо касби 11,8% раъйи интихобкунандагон дар ҷойгоҳи дуввум ва соҳиби се курсии вакилӣ шуд.

Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ 7,6% (2 курсӣ) раъйро ба даст овард. Ҳизби сотсиалист бо касби 5,5% раъй соҳиби як курсӣ шуд. Аҳзоби дигар тибқи феҳрасти ҳизбӣ аз меъёри панҷдарсадӣ натавонистанд убур кунанд.

Ҳизби коммунист 2,3%, Ҳизби демократ 1,7%, Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон 1,5% ва Ҳизби сотсиал демократ 0,5% раъйи интихобкунандагон тавассути феҳрасти ҳизбиро соҳиб шуданд.

Дар интихоботи якуми марти Маҷлиси намояндагон 82% интихобкунандагон ё 3,5 миллион сокинони кишвар ширкат кардаанд.

Онҳо дар 3,2 ҳазор марокизи раъйдиҳӣ дар дохили кишвар ва 35 марказ дар 27 кишвари ҷаҳон овозҳои худро ба номзадҳо додаанд. Дар Русия се маркази раъйдиҳӣ фаъол буд.

Лентаи хабарҳо
0