Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон

Ду коммунисти худпешбар дар Суғд пирӯз шуданд

19
Ҳарчанд ҳизби коммунист натавонист дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ соҳиби ҷой дар Маҷлиси намояндагон шавад, дар ду ҳавзаи якмандатӣ номзадҳои ин ҳизб баранда шудаанд.

ДУШАНБЕ, 2 март — Sputnik. Дар ҳоле ки ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ натавонист садди 5-дарсадиро убур кунад ва соҳиби ҷой дар парлумон гардад, дар 2 ҳавзаи якмандатии Суғд номзадҳои ин ҳизб баранда эълон шудаанд, менависад "Радиои Озодӣ".

Иброҳим Абдуллозода ва Абдуҷаббор Аҳмадов дар ҳавзаҳои инфиродии Истаравшан ва Бобоҷон Ғафуров бо бартарии овозҳо баранда эълон шудаанд.

Иброҳим Абдуллозода дар суҳбат бо радио ин хабарро тасдиқ карда ва гуфтааст, тибқи ҳисобҳои пешакӣ 67,8 дарсади овозро ба даст овардааст. Абдуллозода дар ҳавзаи якмандатии Истаравшан, рақами 23 бо номзад аз ҲХДТ — Баҳром Ҳамроев вориди рақобат шуда буд. Вай афзуд, номзадияшро ба интихоботи парлумонӣ коммунистҳои Истаравшан ва Шаҳристон дар анҷумани якҷоя пешбарӣ карда буданд.

"Интихобот демокративу озодона гузашт. Аз тарафи ягон мақом ба овоздиҳандагон ишора намешуд. Мардум ба номзади дилхоҳаш овоз дод", —  афзудааст Абдуллозода.

Зимнан, Иброҳим Абдуллозода то чанд моҳи қабл аз интихобот вазифаи раиси ноҳияи Истаравшанро бар ӯҳда дошт ва рақибаш раиси кумитаи заминсозии ҳамин ноҳия буд. Ҳамин тавр, Абдуҷаббор Аҳмадов, собиқ раиси созмони ҳизби коммунист дар вилояти Суғд дар ҳавзаи якмандатии Бобоҷн Ғафуров ва Чкалов, рақами 15, ки бо номзад аз ҳизби халқӣ — демократӣ — Абдурашид Раҳимиён, собиқ раиси ҷамоати Ҳайдар Усмони ноҳияи Ғафуров рақобат мекард, ба рақибаш дастболо шудааст. Як манбаъи наздик ба ин ҳавзаи якмандатӣ гуфт, Аҳмадов аз рӯйи шумориши пешакӣ, беш аз 63 дарсади овозҳоро ба даст овардааст.

Худи Аҳмадов дар суҳбати телефонӣ бо радио гуфтааст, вай на аз роҳи ҳизбӣ, балки ба тариқи худпешбарӣ вориди интихоботи парлумонӣ гардид. Вай афзуд, ҳоло бисёр ҳамҳизбону дӯстонаш ӯро барои пирӯзӣ табрик мекунанд, аммо аз баранда эълон кардани худ то нашри расмӣ аз сӯи КМИР худдорӣ хоҳад кард.

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ба гуфтаи масъулонаш беш аз 15 ҳазор узв дорад. Дар интихоботи гузаштаи парлумониӣ коммунистҳо натавонистанд ягон номзади худро аз ҳавзаҳои якмандатии шимоли Тоҷикистон вакили парлумон кунанд. Вале ҳудуди 20 дарсад аз 70 курсии маҷлисҳои маҳаллиро ба даст оварданд.

Дар ин интихоботи парлумонӣ дар 2 ҳавзаи инфиродӣ ва 9 ҳавзаи вилоятӣ коммунистҳои Суғд номзадии худро бо роҳи ҳизбӣ ё худпешбарӣ сабт ва вориди саҳнаи рақобат шуданд.

19
Барчаспҳо:
номзад, коммунист, раъй, рақобат, пирӯзӣ, парлумон, ҲКТ, Иброҳим Абдуллозода, Абдуҷаббор Аҳмадов, Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан