Номзади ҲХДТ дар Кӯлоб 82% раъй гирифт

© Sputnik / Амир ИсаевВарақаҳои таблиғотии ҲХДТ. Акс аз бойгонӣ
Варақаҳои таблиғотии ҲХДТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи натоиҷи муқаддамотӣ, Абдуғаффор Раҳмонзода, номзад аз ҲХДТ ва шаҳрдори пешини Кӯлоб дар ҳавзаи якмандатии Кӯлоб-37, аз ҳамаи рақибонаш раъйи бештар ба даст овардааст.

ДУШАНБЕ, 4 март — Sputnik. Дар ҳавзаи якмандатии Кӯлоб-37, Абдуғаффор Раҳмонзода, номзади ҲХДТ бо касби 82,15 дарсади орои интихобкунандагон, дар садри аввал ҷадвал қарор гирифтааст, иттилоъ медиҳад "Радиои Озодӣ".

Анҷумани бахши ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар шаҳри Кӯлоб моҳи январ Абдулғаффор Раҳмонзодаро ба ҳайси номзад ба интихоботи парлумонии 1 март дар ин ҳавза пешбарӣ карда буд.

Собиқ шаҳрдори Кӯлоб дар интихоботи парлумонии рӯзи 1 март дар ин ҳавза бо Саидиброҳими Назар аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Алӣ Комилов рақобат кард. Бар пояи натоиҷи муқаддамотӣ, ки ҳавзаи интихоботӣ онро эълон намуд, оқои Раҳмонзода, ҳудуди 70 ҳазор райъи интихобкунандагонро ба даст овардааст.

Давлатшоҳ Шарофиддинов, раиси ҳавзаи якмандатии Кӯлоб — 37 рӯзи чоршанбеи 4 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шумораи умумии интихобкунандагон дар ҳавзаи онҳо ба 96 ҳазор нафар мерасид, ки 70 ҳазораш ба ҷонибдории Абдуғаффор Раҳмонзода раъй додаанд.

"Дар интихобот Абдуғаффор Раҳмонзода 69, 189 овоз гирифт ва ба Комилов Алӣ, ки аз ҳавзаи мо ба ҳайси худпешбарӣ номзадии худро гузошта буд, 11,288 нафар раъй додаанд. Ба номзади ҲНИТ Сайдиброҳими Назар бошад, 2609 нафар раъй додаанд", — гуфтааст раиси ҳавза.

Абдуғаффор Раҳмонзода рӯзи интихобот пас аз раъй додан умедворӣ карда буд, ки интихобот ба таври озоду шаффоф сурат хоҳад гирифт ва ӯ ҳатман дар интихобот пирӯз мешавад. Қарор аст, имрӯз, 4 март Абдуғаффор Раҳмонзода дар ҳавзаи интихоботии Кӯлоб-37 нишасти матбуотӣ доир намуда, оид ба масоили интихобот ва пирӯз шуданаш, бо хабарнигорон сӯҳбат намояд.

Комиссияи ҳавзавӣ дар ҳоле, аз пирӯзи номзадии ҲХДТ дар Кӯлоб хабар дод, ки ба иттилои хабарнигорон, дар ҷараёни раъйдиҳӣ дар ҳавзаи интихоботи Кӯлоб, мавориди нақзи қонун, бахусус овоз додани як нафар ба ҷойи чанд нафар аз аъзои оила ба мушоҳида расидааст. Бархе аз нозирони мустақил аз ҷониби аҳзоб низ ин гуна нақзи қонунро мушоҳида кардаанд.

Абдулғаффор Раҳмонзода 5 январи соли 2012 бо фармони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон шаҳрдори Кӯлоб таъин шуда буд ва бо ворид шудан ба рақобати интихоботӣ, аз мақомаш барканор шуд. Ӯ дувумин намояндаи ин хонавода аст, ки дар ҳукумати феълӣ мақоми баландро дорад. Бародари ӯ — вазири собиқи маориф Абдуҷаббор Раҳмонов ва баъдан ректори Донишгоҳи омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ, ҳоло дар симати ёвари президенти Тоҷикистон дар масоили иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, кор мекунад.

Лентаи хабарҳо
0