Предвыборный плакат ЦИК в Душанбе 25 февраля 2015 года

КМИР шикояти Шокирҷон Ҳакимовро баррасӣ мекунад

10
(Таҷдидшуда 16:00 12.03.2015)
Шокирҷон Ҳакимов аз Комиссияи марказии интихобот хостааст, натиҷаи овоздиҳӣ дар ҳавзаи якмандатии рақами 19-ро бекор карда, замони баргузории даври дувуми интихоботро мушаххас намояд.

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Масъулони КМИР мегӯянд, шикояти хаттии Шокирҷон Ҳакимов, номзад ба мақоми вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи якмандатии рақами 19 дар Конибодомро баррасӣ доранд, навиштааст "Радиои Озодӣ".

Шикояти Ҳакимов, муовини раиси ҳизби сотсиал-демократ охири ҳафтаи гузашта дастраси КМИРТ шуда, аз 18 банд иборат будааст.

Абдуманнон Додозода, раиси дастгоҳи КМИРТ рӯзи 9 март дар сӯҳбат бо радио гуфтааст, "воқеан, шикояти хаттии Ҳакимов, номзади мустақил аз ҳавзаи "Конибодом-19" расидааст ва мавриди баррасӣ қарор дорад."

Ба қавли Додозода, баррасии шикояти Ҳакимовро Зокирбой Саидов, муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бар ӯҳда дорад ва дар зудтарин фурсат ба ӯ дар чорчӯби қонун посух хоҳанд дод.

Шокирҷон Ҳакимов дар сӯҳбат бо радио гуфтааст, бо ирсоли ин номаи шикоятӣ мавридҳои зиёди нақзи қонуни интихоботро ба КМИРТ пешниҳод карда ва аз ин ниҳод хостааст, натиҷаи интихобот дар ҳавзаи "Конибодом-19"-ро бекор намояд. Вай хостори мушаххас шудани замони баргузории интихоботи такрорӣ дар ҳавзаи "Конибодом —19" шуда ва дар 18 банд далелҳои худро ба КМИРТ пешниҳод кардааст.

Тақсими бюллетенҳо ё баргаҳои зиёдатии раъй ба участкаҳои интихоботӣ, даъватнома нагирифтани баъзе аз интихобкунандагон, таъкиди масъулони участкаҳо ба бознишастагон барои ширкат накардан дар овоздиҳӣ, маблағгузории шаҳрвандони хориҷӣ дар маъракаи қаблазинтихоботии Равшан Раҷабов, номзади ҲХДТ, пешакӣ дар баргаҳо аломати ҷамъ, яъне тарафдорро ба ин номзад зикр кардан, зиёфат оростан ва тарғибот дар масҷид ба тарафдорӣ аз номзади ҳизби ҳоким аз далелҳои ироакардаи Шокирҷон Ҳакимов ба КМИРТ будааст.

Шокирҷон Ҳакимов дар ҳоле интихоботи парлумонӣ дар ҳавзаи "Конибодом — 19" — ро ғайриқонунӣ медонад, ки бар асоси натиҷаҳои интихобот, Равшан Раҷабов, номзад аз ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон дар ин ҳавза пирӯз дониста шудааст. Худи Ҳакимов баъд аз як рӯзи интихобот гуфта буд, ба иттилои масъулони ҳавзаи "Конибодом — 19" вай 10 дарсади раъйи интихобкунандагонро дар ин ҳавза ба даст овардааст.

Ин бори дувум аст, ки Шокирҷон Ҳакимов дар ҳавзаи "Конибодом — 19" ба унвони номзад ширкат карда, вале пирӯз намешавад. Дар интихоботи парлумонии соли 2010 Шокирҷон Ҳакимов рақиби Насрулло Маҳмудов, номзади ҲХДТ ва ҳоло додситони вилояти Хатлон буд ва ҳарчанд интихобот ба даври дувум кашонда шуд, аммо бо шикасти аввалӣ анҷом ёфт.

Ироаи шикояти хаттии Шокирҷон Ҳакимов ба КМИРТ дар мавриди нақзи қонуни интихобот дар ҳавзаи "Конибодом —19"  дар ҳолест, ки Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИРТ зимни эълони натиҷаҳои пешакии интихобот гуфт, 11 шикоят ба ин ниҳод расида буд, ки билофосила ҳаллу фасли хешро пайдо карданд. Интихоботи парлумонии Тоҷикистонро нозирони Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Созмони ҳамкориҳои Шанхай озод ва демократӣ унвон карда, нозирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо онро ба оркестре монанд карданд, ки дерижёр дорад.

Бо даъвати раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҷаласаи аввалини парлумони нави кишвар рӯзи 17 март ба кори худ оғоз мекунад. Қарор аст, дар ин ҷаласа раиси нави Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумон, интихоб шавад. Ин мақомро дар панҷ соли гузашта Шукурҷон Зуҳуров бар уҳда дошт.

10
Барчаспҳо:
қонуншиканӣ, тақаллуб, баррасӣ, шикоят, интихобот, парлумон, КМИР, Насрулло Маҳмудов, Абдуманнон Додозода, Шокирҷон Ҳакимов, Конибодом
Тӯҳфаи Филлип Киркоров ба Максим Галкин, ҷураби помирӣ

Ҷураби помирӣ: тӯҳфаи солинавии Филипп Киркоров ба Максим Галкин

2999
(Таҷдидшуда 16:52 03.01.2017)
Филипп Киркоров ситораи эстрадаи рус дар барномаи солинавии "Максим Максим" ба барандаи барнома Максим Галкин ҷураби помирӣ тақдим кард

ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Ситораи эстрадаи рус Филипп Киркоров дар барномаи солинави "Макисм Максим", ки 2-январи соли 2017 тариқи шабакаи 1-телевизиони Русия намоиш дода шуд,  ба Максим Галкин ҷураби помирӣ ҳадя карда,гуфт, ки онро холаи Мари махсусан барои Максим бофтааст, то бемор нашавад.

"Холаи Мари, ки ҳоло бо тарбияи фарзандонам машғул аст, ин "наски"-ҳоро махсус барои ту бофт",-гуфт Филипп Киркоров зимни тақдими тӯҳфа.

Максим Галкин-"Ман аз Якубович чӣ камӣ дорам",-гӯён онҳоро ба по кашид.

Алла Пугачева, примадонаи саҳанаи рус, ки низ дар барнома ширкат дошт, як пои ҷурабро санҷид. Барои ӯ собиқ шавҳараш ҷузвдони махсус ҳадя кард.

Ҷураби помирӣ-як қисми ҷудонашандаи либои зимистонаи мардуми Бадахшон ба шумор рафта, дар ҷаҳон ягона аст. Қариб ҳамаи занони ВМКБ аз ӯҳдаи бофтани ҷураби помирӣ мебароянд. Ҷураб асосан бо риштаи аз пашми гусфанд омодашуда,бофта мешавад. Ранги ҷурабро ҳар як бофанда бо табъи дили худ интихоб мекунад. Асосан рангҳои баланд: сурх, сабз, зард, сафед, сиёҳ ва ғайраҳо истифода мешаванд.

Дар солҳои Ҷанги бузурги ватанӣ-занони Помир ба фронт чандин ҳазор ҷураб таҳти шиори "Ҳама чиз барои фрот ва чиз барои ғалаба" равон карданд.

Мардуми Бадахшон ҷурабро ҳамчун тӯҳфа ба меҳмонони олиқадр ҳадя мекунанд.

2999
Барчаспҳо:
ҷураби помирӣ, барномаи солинавӣ, Русия
Мавзуъ
"Тоҷик Эйр": тӯҳфаи беҳтарин саломатӣ аст
Таҷлили Соли нав дар шаҳри Душанбе
Табрикоти шахсони машҳури Тоҷикистон: дӯстӣ бо Узбакистон, саломатӣ ва сулҳ
Шукурҷон Зуҳуров. Акс аз бойгонӣ

Зуҳуров аз вакилон даъват кард, ки хомӯш набошанд

24
Раиси Маҷлиси намояндагони порлумон аз ҳамтоёнаш хост, ки дар вақти ҷаласот фаъол бошанду назароти интихобкунандагони худро то мақомот бирасонанд.

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров вакилони тозаинтихобро даъват кард, ки дар ҷаласот фаъолтар бошанд ва барояшон ёдовар шуд, ки аз замони интихобашон якуним моҳ гузаштааст, менависад хабаргузории "Озодагон".

Зуҳуров ба вакилон бо чунин дархост дар ҷаласаи порлумон дар рӯзи сешанбе муроҷиъат кард, ки дар оғоз вакилон бидуни баррасӣ 6 нуқоти ҷаласаи имрӯзро тасвиб карданд.

"Пешниҳодот, дархостҳо ва суолҳои худро матраҳ кунед. Набояд омада ором нишинед. Аз рӯзи интихобот аллакай 1,5 моҳ гузашт. Вориди ҷараён шавед. Назароте, ки аз муошират бо интихобкунандагони худ ҳосил мекунед, матраҳ кардан даркор аст", — гуфт раис.

Зуҳуров раисии Маҷлиси намояндагонро аз давраи қаблии интихоби вакилон бар зимма дорад.

Барои бори нахуст нест, ки аз вакилон фаъол кардани кори онҳо тақозо мешавад, қабалн чунин дархост аз сӯйи раиси ҷумҳур ва расонаҳо матраҳ шуда буд.

24
Барчаспҳо:
интиқоди Зуҳуров аз адами фаъолияти вакилон, Маҷлиси намояндагон, Шукурҷон Зуҳуров, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷаласаи муштараки маҷолиси порлумон бо ҳузури раиси ҷумҳур мегузарад
ҲХДТ 65% овоз гирифт, ҲНИТ ва коммунистҳо ба порлумон раҳ наёфтанд
Пожилой мужчина в кепке

Шифо ёфтани пирамарди 109 сола дар Эрон аз коронавирус

0
Пирамарди 109 - сола, ки давоми як ҳафта дар шӯъбаи эҳёгарӣ дар ҳолати вазнин қарор дошт, ахиран шифо ёфт ва аз бемористон мураххас шуд

ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Дар Эрон пирамарди 109 солаи мубтало ба коронавирус тавонист бемориро шикаст диҳад ва беҳбуд ёбад, хабар медиҳад ИРНА.

Ба иттилои манбаъ, бемори 109 - сола ба муддати як ҳафта дар бахши муроқибатҳои вижаи бемористони Гулистони шаҳри Кирмоншоҳ бистарӣ буд ва рӯзи ҷумъа пас аз беҳбудии комил аз бемористон ҷавоб шуд.

Шавҳар кардан мехоҳем: эътирози арӯсшавандаҳо барои манъи баргузории маросими тӯй

То кунун даҳҳо бемори мубтало ба коронавирус дар Эрон бо беш аз 90 сол син бо иродаи қавӣ тавонистаанд аз ин беморӣ беҳбуд ёбанд.  

Қайд мегардад, ки то рӯзи шанбе 11 июл шумори беморони коронавирус дар Эрон ба 255 ҳазору 117 нафар расида, ки 217 ҳазору 666 нафар аз онон беҳбуд ёфта  аз бемористонҳо рухсат ёфтаанд.

0
Барчаспҳо:
сиҳатӣ, пирамард, Эрон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон