Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб номзади Маҷлиси миллӣ шуд

© wikimedia.org/IbrahimjonДаромадгоҳи шаҳри Кӯлоб. Акс аз бойгонӣ
Даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ваклони маҳаллии шаҳри Кӯлоб дар нахустин ҷаласаи худ, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳрро ҳамчун номзад ба Маҷлиси миллӣ пешбарӣ кардаанд.

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Хайруллои Амонулло, иҷрокунандаи раиси шаҳри Кӯлоб ба Маҷлиси миллӣ пешбарӣ шудааст, менависад АМИТ "Ховар".

Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Натиҷаҳои ниҳоии интихобот аз сӯи КМИРТ эълон шуд

Ба навиштаи "Ховар", ахиран дар шаҳри Кӯлоб ҷаласаи якуми даъвати панҷуми вакилони маҷлиси халқи шаҳри Кӯлоб баргузор шуд ва зимнан даҳ масъала мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Пешбарии номзадии Амонулло низ зимни ин ҷаласа сурат гирифтааст. Вакилони мардумӣ бо овоздиҳии пинҳонӣ раъйи худро барои пешбарии Хайруллои Амонулло ба Маҷлиси миллӣ ироа кардаанд.

Интихоботи Маҷлиси миллии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 27 март баргузор хоҳад шуд.

Қаблан, 1 марти соли ҷорӣ интихоботи парлумонии Маҷлиси намоядагон баргузор гардид. Бино бар натоиҷи ниҳоии интихобот, ҳизби ҳокими халқии демократи бештар аз 65 дарсадро соҳиб шуд. Аммо ду ҳизби умдаи мухолиф, ки дар интихоботҳои пешин ғолибият ба даст оварда буданд — ҲНИТ ва ҲКТ, ин дафъа натавонистанд шомили парлумон шаванд.

Лентаи хабарҳо
0