“Барқи тоҷик” дар садад аст реҷаи интиқоли барқро зудтар лағв кунад

© Sputnik / Амир ИсаевМардум зери нури шамъ тиҷорат мекунанд. Акс аз бойгонӣ
Мардум зери нури шамъ тиҷорат мекунанд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати “Барқи тоҷик” бо такя ба ваъзи маҷрои оби рӯдхонаи Вахш ва пуршавии обанбори нерӯгоҳи Норак изҳор дошт, ки қасд доранд дар моҳи март реҷаи интиқоли нерӯи барқро, ки тирамоҳи соли гузашта роҳандозӣ шуда буд, лағв кунанд.

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Ширкати "Барқи тоҷик" қасд дорад реҷаи интиқоли нерӯи барқро зудтар аз солҳои гузашта лағв карда, дар моҳи марти соли 2015 интиқоли мунназами онро таъмин кунад, хабар дод дар нишасти матбуотии рӯзи сешанбе раҳбари ширкат Рустам Раҳматзода.

Хушбинии раҳбарияти "Барқи тоҷик" ба нишондиҳандаҳои феълӣ ва боло будани мизони захоири об дар обанбори Норак ва нисбатан бештар будани маҷрои рӯдхонаи Вахш бастагӣ дорад.

"Мизони захоири об дар обанбори нерӯгоҳи Норак баробари 889,97 метр аст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4,27 метр бештар мебошад. Маҷрои рӯдхонаи Вахш ҳудуди 200 метри мукааб дар як сония мебошад, ки барои ҳамин давраи сол нишондоди баланд аст", — гуфт вай.

Соли гузашта реҷаи барқ дар авоили моҳи апрел лағв шуда буд, вале ҳамасола замони бекор шудани ин амр аз пуршавии обанбори нерӯгоҳи Норак ва маҷрои рӯдхонаи Вахш, ки он аз вазъи ҳаво — дар сардиҳои шадид ба далели яхбандии рӯдхона мизони маҷрои он коҳиш меёбад, бастагӣ дорад.

Феълан, бо нерӯи барқ ба таври шабонарӯзӣ шаҳрҳои бузург ва марокизи навоҳӣ таъмин ҳастанд ва маҳаллоти дигари аҳолинишин дар як шабонарӯз дастикам 11-12 соат бо нерӯи барқ таъмин мешаванд.

Вале тибқи иттилои сомонаи barknest.tj дар бархе аз навоҳӣ интиқоли нерӯи барқ ҳамагӣ  6-7 соат дар як шабонарӯз аст, ки навоҳии Зафаробод ва Конибодом дар шимоли кишвар аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Дар Исфара, Панҷакент, Спитамен, Бохтар, Данғара, Ховалинг ва навоҳии дигар мизони интиқоли шабонарӯзии нерӯи барқ аз 9 соат бештар набудааст.

Ба иттилоъи раҳбарияти ширкати энержӣ ҳар шабонарӯз дар Тоҷикистон 8 миллион кВт соат барқ тавлид мешавад, вале ҳамзамон масрафи он низ зиёд мешавад ва роҳандозии захоири ҷадид (нерӯгоҳҳо ва марокизи гарму барқдиҳӣ) наметавонанд интиқоли шабонарӯзии нерӯи барқ ба куллияи манотиқи кишварро таъмин созанд.

Лентаи хабарҳо
0