Қодири Қосим аснои нишасти матбуотии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи ҶТ

Тоҷикистон то соли 2018 Роғунро ба кор медарорад

19
(Таҷдидшуда 17:27 27.01.2015)
Қодири Қосим, ки 27 январ дар ҳузури хабарнигорон суҳбат мекард, гуфт, ҳукумат дар ин замина як тарҳ ё нақшаи кориро ҳам таҳия кардааст.

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Ду агрегат ва ё чархаи нерӯгоҳи барқи обии Роғун то соли 2018 фаъол хоҳад гардид, бо такя ба Қодири Қосим, раиси кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, менависад "Радиои Озодӣ".

Қодири Қосим, ки 27 январ дар ҳузури хабарнигорон суҳбат мекард, гуфт, ҳукумат дар ин замина як тарҳ ё нақшаи кориро ҳам таҳия кардааст. Ӯ дар идома афзудааст, давлати Тоҷикистон тасмим дорад, сохтмони Роғунро аз ҳисоби маблағҳои дохилӣ ба анҷом расонад.

Ҳоло танҳо барои сохтани сарбанди ин нерӯгоҳ 600 миллион доллар ва барои ба кор андохтани чархаҳои аввали нерӯгоҳи Роғун, бино ба ҳисобҳо, то 2 миллиард доллар сармоя лозим аст.

Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки сарбандаш аз 300 то 335 метр баландӣ дошта, иқтидораш 3 ҳазору 600 мегаватт хоҳад буд, дар сурати пурра фаъол шуданаш метавонад солона 13,1 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ тавлид кунад. Он гоҳ, ба қавли мақомот, маҳдудияти интиқоли барқ ба шаҳру деҳоти Тоҷикистон, ки ҳар сол аз моҳи октябр то апрел ҷорӣ мешавад, аз байн хоҳад рафт.

Панҷ сол пеш дар пайи як маъракаи фурӯши саҳмияҳои Роғун беш аз 890 миллион сомонӣ (ба қурби он давра — 186 миллион доллар) ҷамъ оварда шуд. Ин маблағ дар хазинаи Вазорати молияи Тоҷикистон ва дар ҳисоби нерӯгоҳи Роғун нигаҳдорӣ мешавад.

Аммо Қодири Қосим, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ба суолҳо дар бораи он ки кай саҳмияҳои харидаи мардум фоида хоҳанд овард, посухт додааст, ки "то ба кор даромадани аввалин чархаи нерӯгоҳи Роғун мардум умеди сӯд надошта бошанд".

Сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҳанӯз дар солҳои 70 оғоз ёфта, ҳукумати Шӯравӣ барои сохтмончиёнаш ҳатто шаҳракеро бо ҳамин ном бино кард. Аммо аз поёни солҳои 80 маблағгузории сохтмони Роғун аз сӯи Маскав коҳиш ёфта, аз соли 1992 пурра қатъ шуд. Як қисми бунёдшудаи сарбанди Роғунро дар баҳори соли 1992 сел бурд ва нақбҳои обпартояшро ҳам пур аз гил кард.

Дар соли 1992 Покистон бо имзои як қарордод бо ҳукумати вақти президент Раҳмон Набиев барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ваъдаи 500 миллион доллар сармоя дод, вале оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ин ваъдаро нақше бар об кард.

19
Барчаспҳо:
соли 2018, неруи барқ, чарха, бунёд, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, неругоҳи Роғун, Қодири Қосим, Душанбе
Лампы, архивное фото

"Барқи тоҷик": обанбор то моҳи сентябр аз об пур ва лимити барқ ҷорӣ намешавад

1228
(Таҷдидшуда 13:13 04.08.2020)
Мутахассисони "Барқи тоҷик" бар ин боварнд, ки обанбор то мобайнҳои моҳи сентябр ба қадри лозимӣ аз об пур мешавад ва зарурати ҷорӣ намудани лимити барқ намемонад

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон шояд лимити барқ ҷорӣ нашавад, хабар медиҳад агентии Ховар бо истинод ба маълумоти сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик" Нозирҷон Ёдгорӣ.

Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар Тоҷикистон лимити барқ ҷорӣ нашудааст ва эҳтимол дар оянда ҳам ҷорӣ нашавад.

Ёдгорӣ афзудааст, ки аз рӯи ҳисобҳои миёнасолӣ, тавлиди об имсол дар Тоҷикистон, алалхусус дар саргаҳи дарёи Вахш, ки  сарчашмаи асосии тавлиди неруи барқ дар Тоҷикистон мебошад, кам аст. Ба хотири пурра бо барқ таъмин будани аҳолӣ ва иқтисодиёти миллии мамлакат бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ШСХК "Барқи Тоҷик" шартномаи содироти неруи барқро бо ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Афғонистон пеш аз муҳлат қатъ кардааст.

"Помир Энерҷӣ": сардии ҳаво ба Бадахшон лимити барқ меорад

"Хушбахтона, маҷрои дарёи Вахш имрӯз мусоидат карда истодааст, ки ҳар рӯз ба қадри даркорӣ ба обанбори НБО "Норак" барои зимистони дарпешистода об захира карда шавад. Мутахассисони "Барқи Тоҷик" бовар доранд, ки обанбор  миёнаҳои моҳи сентябр то нуқтаи муқаррарӣ аз об пур мегардад ва зарурати маҳдудияти неруи барқ ба сокинони мамлакат намемонад", - гуфт Нозирҷон Ёдгорӣ.

Зимнан, намояндагони ширкат аз аҳолии Тоҷикистон даъват мекунанд, ки неруи барқро сарфакорона истифода намоянд.

"Ҳар як кВт соат неруи барқе, ки мо имрӯз сарфа мекунем, боиси беҳтар таъмин шуданамон бо барқ дар фасли зимистони дар пешистода мегардад", - таъкин дошт Нозирҷон Ёдгорӣ.

Қаблан Ҳукумати Тоҷикистон зимни ироаи муроҷиатнома ба мардум изҳор дошт, сар аз фасли гармо дар кишвар лимити барқ ҷорӣ мешавад. Далели ҷорӣ шудани лимити барқ ин панҷоҳ дарсад кам шудани об дар дарёи Вахш гуфта шудааст.

"Чунин вазъият дар таърихи Тоҷикистон бори аввал ба вуҷуд омад”, - омадааст дар муроҷиатнома.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки имрӯзҳо об дар маҷрои дарёи Панҷ нисбат ба солҳои гузашта 2 ҳазор метри мукааб, аз ҷумла дар дарёи Вахш 800 метри мукааб, яъне 50 фоиз кам аст.

Ҳукумат мегӯяд, агар чунин вазъият идома пайдо кунад, захираи об дар обанбор ниҳоят кам шуда, дар фасли зимистон барои бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ мушкилоти бисёр ҷиддӣ пеш меояд.

1228
Барчаспҳо:
"Барқи тоҷик", лимити барқ, Тоҷикистон
Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото

“Барқи тоҷик” шумори ҳолати истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқро эълон кард

514
(Таҷдидшуда 12:41 01.08.2020)
Ширкати “Брқи тоҷик” ахиран зимни нишасти матбуотӣ эълон дошт, ки дар Тоҷикистон барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ба маблағи беш аз 16 миллион сомонӣ санадҳои дахлдор тартиб дода шудааст

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik.   Мирзо Исмоилзода, раиси ШСХК “Барқи тоҷик”, таъкид доштааст, ки тайи шаш моҳи соли ҷорӣ кормандони зерсохторҳои ШСХК «Барқи тоҷик» 11 931 ҳолати истифодаи ғайриқонунии неруи барқро ба қайд гирифта,  ба маблағи  беш аз 16 миллион сомонӣ санадҳои дахлдор тартиб доданд.

Номбурда зикр кардааст, ки аз ин ҳисоб 8, 7 миллион сомонии он пардохт шуд.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Мирзо Исмоилзода ширкат бо мақсади сарфаҷӯӣ, коҳиш додани талафоти қувваи барқ ва сари вақт ҷамъ овардани маблағи барқи истифодашуда тасмим гирифтааст, ки тамоми таҷҳизоту асбоби барқии куҳнашуда ва муҳлати истифодаашон гузаштаро бо таҷҳизоту асбоби барқии замонавӣ иваз намояд.

Ҳамзамон зимни нишастӣ матбуотӣ қайд карда шуд, ки бо маблағгузории ширкат дар нуқтаҳои ҳисоби неруи барқи муштариён дар шаҳрҳои Кӯлоб, Леваканд ва ноҳияҳои Ёвону, Рӯдакӣ 22 ҳазору 599 ҳисобкунаки кортӣ, ки тариқи пешпардохт кор мекунанд, насб шуданд.

“Чуноне таҳлилҳо нишон доданд, ин омил ба сарфаи неруи барқ ва пардохти саривақтии маблағҳо мусоидат намуда, инчунин, боиси бартараф шудани садамаҳо дар таҷҳизоти барқӣ ва шабакаҳо гардид”, - гуфт Мирзо Исмоилзода.

514
Барчаспҳо:
санад, нерӯи барқ, ғайриқонунӣ, истифода, Барқи тоҷик, Тоҷикистон

Ҷашнҳои рӯзи 10 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 18:27 09.08.2020)
Рӯзи даҳуми август дар Тоҷикистон – Рӯзи варзишгарон буда дар Эквадор –Рӯзи истиқлолият таҷлил мешавад

Рӯзи 10 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1822 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Сурия зиёда аз 20 ҳазор нафар ба ҳалокат расид.

Соли 1833 дар ИМА шаҳри Чикаго таъсис дода шуд. То он замон Чикаго як деҳае буд, ки Уинди-Сити ном дошт ва дар он камтар аз 200 нафар  истиқомат мекарданд.

Соли 1876 аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон дар шаҳри Антониои Канада алоқаи телефонии байнишаҳрӣ ба роҳ монда шуд, ки масофаи он 13 километрро ташкил медод.

Старинный телефон
© CC0 / Pixabay
Старинный телефон, архивное фото

Соли 1899 дар Русия ҳангоми бесарусомониҳо ба хизмати ҳарбӣ ҷалб намудани донишҷӯён иҷозат дода шуд.

Соли 1924 дар шаҳри Берлин аввалин маротиба парчами сиёҳ-сурх ва зарди Германия  бардошта шуд.

Флаг Германии на здании Рейхстага в Берлине, архивное фото
© Sputnik / Игорь Зарембо
Флаг Германии на здании Рейхстага в Берлине, архивное фото

Соли 1926 миёни Италия ва Испания шартномаи сулҳ ба имзо расид.

Соли 1949 аввалин маротиба дар  Америкаи Шимолӣ парвози ҷавобии ҳавопаймои тиҷоратӣ, ки дар шаҳри Торантои Канада сохта шуда буд, сурат гирифт.

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли  1997 дар таърихи башарият дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустон дарозтарин парчам бо баландии 8,5 километр барафрохта шудааст.

Рӯзи 10 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2011 дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сохтмони нави мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқатро ифтитоҳ намуд.

Соли 2011 дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) Осорхонаи вилоятӣ ба истифода дода шуд.

Соли 2016 раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мушовири амнияти миллии раисҷумҳури  Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар тақвияти муборизаи муштарак алайҳи терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҳамдастии босамар дар самти таҳкими низоми ҳифзи марзҳои байнидавлатиро баррасӣ карданд.

Ҷашнҳои рӯзи 10 август

  • Дар Тоҷикистон – Рӯзи варзишгарон.
  • Дар Эквадор –Рӯзи истиқлолият.

Рӯзи 10 август дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Раҷаби Мирзо (1973) - журналист.

Қудратулло Абдураҳимов (1958) – доктори илми педагогӣ, профессор.

Раҳмат Ботуралиев (1943) – рассом, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рўдакӣ.

Ваҳҳоби Латиф (1956)- нависанда.

Комил Мусофир (1937-2014) – мутарҷим.

Венеамин Ланге (1910 – 1991) – коргардони театр, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Анна Липшина (1912- 1992)- доктори илми психология, профессор.

Валерий Лутиков (1938) – доктори илми геологӣ.

Абдуқодир Маниёзов (1930 – 2008) – адабиётшинос, узви вобастаи АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ.

Гулмурод Мелиев (1948)- арбоби фарҳангӣ, Команди шоистаи Тоҷикистон.

Шералӣ Мирзо (1952)- шоир.

Эргаш Муҳаммадиев (1941) – доктори илмҳои физикаю математика, профессор, узви вобастаи АИ Тоҷикистон.

Алиҷон Наимов (1967)- доктори илмҳои физикаю математика, Профессор.

Алишер Неъматов (1958)- кинорежиссёр.

Раҳмон Одина (1962) – шоир, драматург.

Ҷаббор Расулов (1943)- технолог, дорандаи ҷойизаи Сино.

Маҳмад Раҳимов (1954) – доктори илми ҳуқуқ, профессор.

Саидаҳмади Ҳасан (1952 )- нависанда.

Саидҷон Уроқӣ (1951)- шоир.

Бурҳон Фаррух (1929 – 1993) – шоир.

Сайдулло Хайруллоев (1946) – арбоби давлатӣ.

Камол Ҳамза (1960)- доктори илми таърих.

Муҳаммад Ҷўраев (1948) – доктори илми тиб, профессор.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 1 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 2 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 3 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 4 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 5 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 6 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 7 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 8 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 9 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон