Сохтмони нерӯгоҳи Роғун. Акс аз бойгонӣ

Г. Петров: кафолате нест, ки нерӯгоҳи Роғун то соли 2018 сохта мешавад

26
(Таҷдидшуда 15:48 06.02.2015)
Георгий Петров, мутахассиси варзидаи соҳаи энергетикаи Тоҷикистон бар ин назар аст, ки бидуни боло бурдани думаротибагии қиммати нерӯи барқ сӯҳбатҳо дар бораи сохтмони нерӯгоҳи Роғун маънӣ надорад.

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Георгий Петров, коршиноси энержӣ мегӯяд, ба кор андохтани аввалин чархаҳои нерӯгоҳи Роғун дар соли 2018 нияти хуб аст, аммо кафолати ин вуҷуд надорад, гуфтааст вай дар сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ.

Георгий Петров: "Ман худам дар соҳаи энергетика дар "Барқи Тоҷик" кор кардаам ва ин як нияти нек аст ва ман ҳам мехоҳам, ки ҳамин кор шавад. Вале гуфтану кардан, ду чизи гуногун аст. Худо кунад ва чашм нарасад, ки (то соли 2018) нерӯгоҳи Роғун ба кор сар кунад, вале ҳеч гуна кафолати он вуҷуд надорад. Мо агар бигӯему ором бишинем ва ҳеҷ кор накунем, дар ин сурат Роғун ба кор сар намекунад. Бояд қиммати нерӯи барқро боло барем, бояд тарҳҳои дигар ба мисли КАСА-1000-ро ба инобат бигирем, барои ин ҳам пул лозим дорем. Агар ҳама таваҷҷӯҳро ба Роғун сафарбар кунем, дар он сурат метавонем, нерӯгоҳро ба кор андозем. "

Радиои Озодӣ: Ташхиси байналмилалии тарҳи нерӯгоҳи Роғун нишон дод, ки иддаоҳои кишварҳои поёноб бахусус Ӯзбакистон, ки Роғун сабаби фалокатҳои бузург дар Осиёи Марказӣ мешавад, беасос будааст. Акнун метавонем, бигӯем, ки мухолифат ба бунёди Роғун ҳам камтар мешавад?

Георгий Петров: "Ман ҳанӯз соли 2011 гуфтам, ки ташхис фақат талаф додани вақт аст. Маълум буд, ки натиҷаҳои ташхис чӣ мешавад, онҳо наметавонистанд бигӯянд, ки Роғунро набояд созед. Айни замон онҳо гуфтанд, ки метавонед Роғунро бисозед, аммо…. Дар ин "аммо", ба қавли фаронсавиҳо, тамоми Парижро дохил карда мешавад. Вале мо бояд бо вуҷуди ҳамин "аммо" Роғунро бисозем. Барои Роғун як лоиҳаи нав лозим аст ва кашидани ҳамингуна тарҳро мо бояд фармоиш диҳем. Ҳар як лоиҳа қисматҳои алоҳидаи калон дорад ва дар замони шӯравӣ ҳам чунин буд, вақте лоиҳа омода мешуд, ташхис ҳам анҷом мешуд. Чаро мо ташхисро ба онҳо додем ва чаҳор соли худро талаф кардем? Ҳама гап сари ҳамин масъала аст. Ӯзбекистон ҳамеша мухолифат хоҳад кард, хайр чӣ? Чаро мо бояд онро гӯш кунем, агар мо ба ягон ширкати мӯътабару ҷиддӣ тарҳи Роғунро фармоиш диҳем, тавре барои ширкати РусАл ба як ширкати фаронсавӣ фармоиш додем. Бигзор баъди ин Ӯзбекистон бо ҳамон ширкат мубориза кунад. "

Радиои Озодӣ: Манзури шумо аз тарҳи нав чӣ аст? Яъне, ҳоло Роғун тарҳи иқтисодии мушаххас надорад?

Георгий Петров: "Бале, мо ҳоло ҳатто қимати худи нерӯгоҳи Роғунро муайян накардаем, ин лоиҳа бояд аз тарафи ҳукумат тасдиқ шавад. Яке аз мушкилоти Роғун ин аст, ки қимати аслии лоиҳаи он мушаххас нашудааст ва ҳар қадар, ки метавонед, онҷо пулро рехтан гиред. Бояд тарҳи дақиқи иқтисодӣ низ таҳия шавад. Баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ мо ба Роғун беш аз 1 миллиард доллар масраф кардем. Ҳарчанд барои фаъол сохтани турбинаҳои нахустин 200 миллион кофӣ буд. Вақте сӯҳбат дар бораи энержӣ меравад, бояд донист, ки ба ин арса сармоягузорӣ зарур аст. Мо бояд қарз бигирем, вале дар ниҳоят бозпардохти ин маблағ бар дӯши муштариён хоҳад буд. Ба ин далел дар арсаи энержӣ бояд коршиносони ин соҳа ва иқтисоддонҳо фаъолият дошта бошанд. Намехоҳам бигӯям, ки инженерҳои тоҷик баданд, вале онҳо таҷрибаи кофӣ надоранд."

Радиои Озодӣ: Ба эътиқоди шумо чӣ авомиле вуҷуд дорад, ки ширкати "Барқи тоҷик" ин гуна қарздор аст?

Георгий Петров: "Ин бӯҳрон нест, ин як вазъи мушкил аст. Воқеан нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон бисёр паст аст. Зиёд гап мезананд, ки зӯри мардум ба пардохтани пули барқ намерасад. Дар Русия дар зарфи 5-6 соли ахир қимати барқро 10 маротиба боло бурданд. Вақте ду маротиба боло бурданд, ҳаёҳу бардоштанд, ки мардум пули барқро дода наметавонад, мардум ба кӯчаҳо мебарояд, аммо ҳеҷ чиз нашуд. Пули барқе, ки мегиранд, аз тариқи истеҳсолот ва ҷойҳои нави корӣ ба мардум бармегардад. Мушкили асосӣ дар "Барқи Тоҷик" нархи пасти нерӯи барқ аст. Албатта, масъалаҳои дигар, ба мисли дахолати давлат аст, ки ҳукумат баъзе аз хароҷоти худро ба сари "Барқи Тоҷик" мезанад. Ин чиз буд ва мемонад, вале мушкили асосӣ қимати барқ аст, то замоне, ки ин масъаларо мо ҳал накунем, ба ҷое намерасем. Аз ин рӯ ба фикри ман, хоҳем ё нахоҳем, қиматҳоро бояд боло барем, баъдан назорат кунем, ки ин пулҳо ба куҷо мераванд, пеш аз ҳам қарзҳои "Барқи Тоҷик"-ро пардозем. Ба фикри ман, бояд қимати ҳар киловат соат нерӯи барқ бояд 5 сент бошад ва ман инро ба ҳайси як муҳандис мегӯям. Дар Русия ҳоло ҳар киловат-соат нерӯи барқ 10 сентро ташкил медиҳад. "

Дар моҳи июли соли 2014 арзиши нерӯи барқ дар Тоҷикистон 15% боло рафта феълан як киловатт соъат нерӯи барқ барои сокинон 12,6 дирам ё 2,5 сенти амрикоӣ аст.

Барои масрафкунандаи аслии нерӯи барқ корхонаи алюминии Тоҷикистон "ТАЛКО" аз 1 май то 30 сентябр — 7,2 дирам ва дар зимистон аз 1 октябр то 30 апрел — 11,8 дирам аст.

Корхонаҳои саноатӣ ва ғайрисаноатӣ барои як киловат соат барқ — 30,6 дирам, бахши ғайрибудҷавӣ — 75,80 дирам ва муассисаҳои будҷавӣ 22,4 дирам пардохт мекунанд.

БАРОИ МАЪЛУМОТ: Нерӯгоҳи Роғун бо иқтидори 3600 мегаватт, метавонад солона 13,1 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ тавлид кунад ва давлати Тоҷикистон сохтмони ин нирӯгоҳро барои ҳалли бӯҳрони энергетикии кишвар, ки ҳар сол дар фасли сармо маҷбур аст, лимити шадиди нирӯи барқ ҷорӣ кунад, масъалаи "ҳаёту мамот" мехонад. Дар ҳоли ҳозир ширкати "Барқи Тоҷик" бузургтарин ширкати энергетикии Тоҷикистон мебошад.

26
Барчаспҳо:
коршиноси энержӣ, изҳори назар, НБО, нерӯгоҳи Роғун, Георгий Петров, Роғун, Тоҷикистон
Мавзуъ
СБП: тарҳи Роғун боиси танишҳо дар ҶТ шуда метавонад