Хутути интиқоли нерӯи барқ. Акс аз бойгонӣ

Интиқоли нерӯи барқ дар кишвар то 18 соат афзоиш дода шуд

5
(Таҷдидшуда 17:14 23.02.2015)
Рӯзҳои наздик дар сурати мусоидии вазъи ҳаво реҷаи интиқоли нерӯи барқ дар кишвар комилан лағв хоҳад шуд.

ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Аз 21-уми феврал дар манотиқи рустоӣ интиқоли нерӯи барқ то 18 соат афзоиш дода шуд.

Дастури мушобеҳи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамон рӯз тавассути шабакаҳои давлатии телевизионӣ пахш карда шуд.

Аз 21-уми феврал нерӯи барқ ба сокинони манотиқи рустоӣ бидуни реҷа аз соати 5 саҳар то 23 шом интиқол дода мешавад.

Зикр шуд, ки дар сурати мусоидии вазъи ҳаво реҷаи интиқоли нерӯи барқ дар кишвар рӯзҳои наздик комилан лағв хоҳад шуд.

Аз 16-уми феврал нерӯи барқ ба сокинони Тоҷикистон 13 соат дар шабонарӯз интиқол меёфт — аз соати 5 саҳар то 11 рӯз ва аз соати 16 то 23 шаб.

Реҷаи интиқоли нерӯи барқ дар манотиқи Тоҷикистон ҳамасола аз оғози моҳи октябр то авоили моҳи апрел роҳандозӣ мешавад.

5
Барчаспҳо:
афзоиши соъатҳои интиқоли нерӯи барқ, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Дастури президент барои коҳиши лимити барқ
Эмомалӣ Раҳмон: камбуди нерӯи барқ мушкилоти №1 дар Тоҷикистон аст
Тақозои Раҳмон барои хотимаи тақсимоти ноодилонаи барқ