Эмомалӣ Раҳмон аснои ифтитоҳи яке аз варзишгоҳҳо дар Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ

Президенти ҶТ: неругоҳи Роғун ҳаёту мамоти Тоҷикистон аст

65
(Таҷдидшуда 12:01 15.07.2015)
Райисҷумҳур гуфт, азму талошҳо барои бунёди бузургтарин иншооти шаҳр - нерӯгоҳи барқи обии Роғун босуръат идома хоҳад ёфт, барои пешрафти шаҳри Роғун мисли дигар шаҳру ноҳияҳои кишварамон имконияту заминаҳои мусоид мавҷуданд.

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз, 15-уми июл зимни суханронияш дар Роғун таъкид кардааст, ки пешрафту тараққиёти минбаъдаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишварамон ба бунёди иншооти хурду бузурги гидроэнергетикӣ ва дар навбати аввал нерӯгоҳи барқи обии Роғун вобаста мебошад, менависад торнамои  райисҷумҳур.

"Маҳз бо дарназардошти ҳамин воқеият мо сохтмони нерӯгоҳи Роғунро масъалаи ҳаёту мамоти Тоҷикистон эълон намудем",-илова кардааст Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ афзудааст, ҳанӯз рӯзҳои аввали роҳбарияш бо вуҷуди вазъи ноороми кишвар ва идома доштани мухолифатҳои мусаллаҳона таъмини амният ва истиқлолияти энергетикии Тоҷикистонро ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумат эълон карда буд.

"Албатта, дар он солҳои ноорому вазнин захираҳои молиявӣ ва имкониятҳои моддиву техникии ба анҷом расонидани вазифаҳои дар самти бунёди иншооти энергетикӣ муайяншуда вуҷуд надоштанд, вале бо вуҷуди ин, аз ҷониби мутахассисон нақшаи татбиқи онҳо барои ояндаи наздик омода карда мешуданд. Бояд гуфт, ки иқдоми мазкур тадриҷан эътимоди мардуми кишварро ба ояндаи соҳаи энергетикаи мамлакат ва рушди устувору бемайлони иқтисодиву иҷтимоии кишвар тақвият бахшид".

Ба назари Эмомалӣ Раҳмон, маҳз истифодаи оби рӯдхонаҳои пуртуғёни кӯҳӣ метавонад яке аз омилҳои муҳимми таъминкунандаи зиндагии шоистаи мардуми кишварамон бошад. "Шаҳри Роғун дуюмин шаҳри энергетикии мамлакат аст, ки дар домани қаторкӯҳҳои зебои диёрамон ҷойгир буда, имрӯзҳо номи он вирди забони хурду бузурги кишвар мебошад. Аз мушоҳидаҳои имрӯза бармеояд, ки дар самти ободонии шаҳри Роғун хеле корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд".

Раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин ободкориҳо дар шаҳри Роғунро хотиррасон карда, идома додааст, ки барои пешрафти шаҳри Роғун мисли дигар шаҳру ноҳияҳои кишварамон имконияту заминаҳои мусоид мавҷуданд ва танҳо зарур аст, ки роҳбарону мутахассисон, фаъолон ва ҳамаи сокинони шаҳр ба масъалаи ободонии диёри худ бо азму талоши ватандӯстона ва масъулияти баланд муносибат намоянд.

Дар фарҷом Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи сокинони шаҳри Роғунро ба муносибати иди Рамазон табрик кардааста гуфтааст, шуморо ба муносибати иди Рамазон, ки баъди як моҳи тоату ибодат ва риёзати ҷисму рӯҳ фаро мерасад, самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо хушҳоливу хушрӯзӣ ва иқболи нек мехоҳам.

 

65
Барчаспҳо:
мулоқоти райисҷумҳур бо фаъолон, ҳаёту мамоти Тоҷикистон, ташрифи президент ба Роғун, НБО "Роғун", Эмомалӣ Раҳмон, Роғун, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз Роғун (3)
Мавзуъ
Президент дар Роғун мактабро ифтитоҳ кард