Посухи Тошканд: ҳеч гоҳ “Роғун”-ро дастгирӣ намекунем

© Sputnik / Ратушенко / Гузариш ба медиабонкСохтмони неругоҳи "Роғун". Акс аз бойгонӣ
Сохтмони неругоҳи Роғун. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тошканд дар посух ба ҳарфҳои вазири энергетикаи Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, ки гуфта буд, бо Ӯзбакистон сари “Роғун” дигар нофаҳмӣ боқӣ намондааст, гуфт, ҳеч гоҳ “Роғун”-ро дастгирӣ намекунад.

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Ӯзбакистон бо пахши як иттилоияи расмӣ дар сомонаи худ, иддаои Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетикаи Тоҷикистонро, ки гӯиё бо Тошканд дар мавриди бунёди нерӯгоҳи "Роғун" нофаҳмие надоранд, рад кардааст.

Усмоналӣ Усмонзода. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Усмонзода: эҳдоси навбати аввали нерӯгоҳи Роғун се сол тӯл мекашад

Дар изҳороти Вазорати умури хориҷии Ӯзбакистон, ки 1-уми август нашр шуд, таъкид гардидааст, ки Ӯзбакистон хулосаи ташхиси байналмилалии нерӯгоҳи Роғунро қабул надорад, зеро он ба меъёрҳои муосири ҷаҳонӣ ҷавобгӯ нест.

Ин ниҳод баромади Рустам Азимов, ноиби сарвазири Ӯзбакистонро зимни баррасии хулосаи ташхиси Бонки ҷаҳонӣ оид ба тарҳи НБО "Роғун", ки 14-18-уми июли соли 2014 дар Алмато садо дод, зикр карда, таъкид намудааст, ки Тошканд ҳамоно ба мавқеяш устувор мебошад. Азимов дар ин баромадаш "Роғун"-ро барои кишварҳои поёноб зараровар, хатарнок ва ташхиси ҷаҳонии ин лоиҳаро номақбул хондааст. Ӯ инчунин аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки камбуди солонаи барқ дар Тоҷикистон ҳудуди 600 мегаватт мебошад, аммо иқтидори нерӯгоҳи Роғун 3600 мегаваттро ташкил медиҳад.

Ин изҳороти Тошканд дар ҳолест, ки Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, гуфт, феълан дар мавриди нерӯгоҳи Роғун бо Ӯзбакистон нофаҳмие надоранд ва марҳилаи аввали нерӯгоҳ тақрибан се сол баъд фаъол хоҳад шуд.

Усмонзода, 22-юми июл дар посух ба суоли хабарнигорон изҳор дошт, ки барои фаъол кардани марҳилаи аввали нерӯгоҳ се сол лозим аст.

Эмомалӣ Раҳмон аснои ифтитоҳи яке аз варзишгоҳҳо дар Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Президенти ҶТ: неругоҳи Роғун ҳаёту мамоти Тоҷикистон аст

"Дар марҳилаи аввал ду агрегати 400 мегаваттӣ, дар маҷмуъ бо иқтидори 800 мегаватт фаъол хоҳанд шуд", — гуфта буд Усмонзода.

Вазири энергетика гуфт, баъди фаъол кардани марҳилаи аввали Роғун мушкили камбуди барқ дар кишвар ҳал хоҳад шуд.

"Барқарорсозии ду нақб ва сохтмони нақби сеюм, ки бо пешниҳоди Бонки ҷаҳонӣ ба лоиҳа ворид шудаанд, пеш рафта истодааст. Аз тамоми дунё ширкатҳо хоҳиши иштирок дар ин лоиҳа, аз ҷумла сохтмони сарбанд ва қисмати энергетикиро доранд", — таъкид дошта буд Усмонзода.

Вазири энергетика тасдиқ намуд, ки дар кишвар тамоми таҷҳизот барои фаъол кардани марҳилаи аввали нерӯгоҳ вуҷуд дорад.

"Дар ҳақиқат дастгоҳҳои барқӣ қисман дар замони Шӯравӣ ва қисман дар якчанд соли охир аз ҷумҳурии Украина ва дигар кишварҳо ба Тоҷикистон ворид шудаанд. Ду комплект, дастгоҳҳои барқӣ, генераторҳо ва дигар лавозимотро пурра омода кардаем", — тазаккур дода буд вазири тоҷик.

Маҳалли сохтмони нерӯгоҳи Роғун. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳашт соли ахир ба нерӯгоҳи Роғун беш аз $1 миллиард масраф шудааст

Ӯ хулосаи мусбати ташхиси Бонки Ҷаҳонӣ дар мавриди Роғунро таъкид намуда, афзуд, ки феълан бо Ӯзбакистон нофаҳмие надоранд.

"Вазифаи ҳукумати Тоҷикистон аст, ки барои таъмини мардуми кишвар бо барқ талош кунад", — илова карда буд вазири тоҷик.

Зимни сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба майдони сохтмони Роғун ваъда дода шуд, ки марҳилаи аввали он саривақт ба истифода дода мешавад ва барои фаъолсозии марҳилаи аввал тамоми техникаю таҷҳизот фароҳам шудааст.

Лентаи хабарҳо
0