МБГ Душанбе. Акс аз бойгонӣ.

Маркази барқу гармидиҳии Душанбе корро шурӯъ кард

52
(Таҷдидшуда 13:46 18.12.2015)
Дар қисмати шарқи ва ғарбии пойтахти Тоҷикистон Маркази барқу гармидиҳӣ ба кор шурӯъ кард, ки на ҳамаи сокинон бо гарми таъмин мешаванд.

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Дар Душанбе аз 15 декабр Маркази барқии гармидиҳӣ ба истифода дода шуд. Дар ин бора ба ВАО роҳбари ширкати "Барқи тоҷик" Мирзо Иброҳим иттилоъ дод.

Ҳоло тавони маркази асосии гарму барқдиҳӣ дар як соат 20 МВт ва 50 Гкал гармиро ташкил медиҳад.

"Дар ҳоли ҳозир бо сабаби норасоии гази табии МБГ танҳо бо мазут кор мекунад", — гуфт роҳбари "Барқи тоҷик".

Ғайр аз ин шарқ ва ғарбӣ пойтахт бо гармии иқтидораш 15 Гкал дар як соат ба кор шурӯъ мекунад.

Мирзо Иброҳим илова намуд, ки барқ ва гармиро инчунин Маркази барқию гармидиҳии Душанбе-2 истеҳсол мекунад. Ин марказ дар як соат 85 МВт нерӯи барқ ва 60 Гкал гармӣ медиҳад.

Аммо гарми ба тамоми хонаҳо намеравад — дар асл дар маркази шаҳр, канори шаҳр ва ҳудуди километри 9.

52
Барчаспҳо:
гази табии, барқдиҳӣ, мардуми Шарқ, гармӣ, барқ, ширкати "Барқи тоҷик", Мирзо Иброҳим, Душанбе, Тоҷикистон
Мавзуъ
Маркази "Душанбе-2" гармкунии 242 иншооти пойтахтро оғоз кард