Сохтани нерӯгоҳ. акс аз бойгонӣ

Мирзиёев дар Узбакистон дар панҷ сол 42 нерӯгоҳи нав месозад

90
Узбакистон дар назар дорад нерӯгоҳҳои барқиро навсозӣ карда, дар зарфи панҷ сол 42 нерӯгоҳи нав созад

ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Бино ба иттилоъи дафтари матбуоти раисҷумҳури Узбакистон, Мирзиёев  қарор оиди "Барномаи рушди ояндаи гидроэнержӣ дар зарфи панҷ сол дар Узбакистон"-ро имзо кард.

"Қарори мазкур бо мақсади истифодаи нерӯҳои истифоданашуда ва дар асоси он сохтани нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва таъмини корхонаю аҳолии кишвар бо барқ қабул шудааст",-омадааст дар иттилоъия.

Тибқи барнома дар қаламрави Узбакистон дар зарфи панҷ соли оянда 42 нерӯгоҳҳои нав сохта шуда, 32 тои дигар навсозӣ мешаванд.

Қаблан хабар дода шуд, ки ҳукумати Узбакистон дар назар дорад, ки дар соли 2017 — 2021 якчанд тарҳи баҳрабардорӣ аз энержии баргаштпазир ба маблағи куллии 1,88 милёрд дулорро амалӣ кунад.

90
Барчаспҳо:
42 нерӯгоҳи нав, энержӣ, Шавкат Мирзиёев, Узбакистон
Мавзуъ
Тоҷикистон дар сохтмони НБО Роғун бе маблағгузории арабҳо наметавонад
Бонки АвруОсиё дар барқарорсозии НБО Роғун маблағгузорӣ мекунад
Посухи Тошканд: ҳеч гоҳ “Роғун”-ро дастгирӣ намекунем
Роғун: 48 оила дар 1 сол аз ҳам ҷудо шудаанд