Сохтусози Роғун. Акс аз бойгонӣ

Сироҷиддин Аслов аз тарҳи нерӯгоҳи Роғун дар Брюссел пуштибонӣ кард

77
(Таҷдидшуда 19:08 17.05.2017)
Сироҷиддин Аслов дар бораи сохтусози Роғун дар Брюссел гуфт,ки ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша манфиати кишварҳои ҳамсояро ба назар мегирад ва оби Тоҷикистон ба ҳамаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ мерасад

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Бино ба иттилоъи хабаргузории AKIpress вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов аз тарҳи Роғун дар Аврупо пуштибонӣ кард.

Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон имрӯз, дар Аврупо дар ҷаласаи шашуми Шурои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Урупо бо Дабири кулли Хадамоти урупоии амалиёти хориҷии Иттиҳоди Урупо Ҳелга Шмид ва роҳбари куллли Хартияи энержӣ Урбан Руснак дидор кард.

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо вазири хориҷаи Белгия
© Фото : Аз равобити умуми вазорати хориҷаи ҶТ

Дар нишасти расонаӣ Аслов дар посух ба пурсишҳои рӯзноманигорон аз тарҳи сохтусози нерӯгоҳи Роғун пуштибонӣ кард.

Сироҷиддин Аслов гуфт, ки оби Тоҷикистон ба ҳамаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ — Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Қазоқистон басанда аст.

Мушкилоти ягона — ин истифодаи нооқилонаи об дар минтақа аст, гуфт вазир.

"Барои ҳифзи манбаъҳои об кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд ҳамдаст шаванд ва кӯшиш кунем. Умедворам, ки ҳамаи кишварҳои Осиёи марказӣ зарурату аҳамияти ин тадобирро дарк мекунанд", — гуфт ӯ.

77
Барчаспҳо:
сохтусози Роғун, Сироҷиддин Аслов, Брюссел
Мавзуъ
Мулоқоти Аслов бо Дабири кулли Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷии ИА
Иштироки Аслов дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо
Дидори Аслов бо Оли Сонӣ: аз густариши ҳамкорӣ то иҷрои тафовуқот
ВКХ Узбакистон: НБО Роғун ба тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ хатар дорад
Мубориза барои НБО Роғун идома меёбад. Дар Сочи.