Усмоналӣ Усмонзода. Акс аз бойгонӣ

Нишасти Кумисюни муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор мешавад

66
(Таҷдидшуда 13:56 07.08.2017)
Вазирони энержии Тоҷикистону Эрон дар бораи баргузории нишасти Кумисюни дайнидавлатии ҳамкориҳои ду кишвар ба тавофуқ расиданд

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Вазири энерживу захоири оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ва вазири нерӯи Эрон Ҳамид Читчиён дар ҳошияи ойини савганд додани раиси мунтахаби Ҷумҳурии Исломӣ Ҳасан Руҳонӣ дар Теҳрон дидор кардаанд.

Ба гузориши хабаргузориҳои эронӣ, Усмонзода ва Читчиён дар ин дидор барои афзоиши ҳамкориҳои ду кишвар чора ҷуста ва ба тавофуқоте дар мавзуъи нишасти ояндаи Кумисюни муштараки давлатҳои Тоҷикистон ва Эрон даст ёфтаанд.

Яке аз заминаҳои ҳамкорӣ дар оянда корёрии Теҳрон бо тарҳи ОМОҶ-1000 (интиқоли барқ аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ ё CASA) дониста шудааст. Вазири нерӯи Эрон гуфтааст, ки "бо роҳандозии ин тарҳ Теҳрон мехоҳад бо он ҳамкорӣ кунад ва дар оянда шояд бахше аз барқи тавлидии нерӯгоҳи "Сангтӯда-2"-ро бо хутути ин тарҳ ба Эрон интиқол диҳад".

Ҳамид Читчиён ҳамчунин ба қарзи ширкати "Барқи Тоҷик" аз ин нерӯгоҳ ёдоварӣ кардаву умедвор шудааст, ки "мавзуъи пардохти бидеҳиҳо ҳарчи зудтар ҳалл шавад, то битавонем доманаи ҳамкориҳоро густариш диҳем".    

Гуфтанист, Усмоналӣ Усмонзода ҳамроҳ бо ҳайъате аз давлатмардони Тоҷикистон барои ширкат дар ойини савганд додани Ҳасан Руҳонӣ ба Теҳрон сафар карда буд, ки 5 август дар Теҳрон баргузор шуд.

Бино бар тавофуқе, ки дар дидори вай бо Ҳамид Читчиён, ҳамтои эронии ӯ дар Кумисюни байнидавлатии ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ, ба даст омада, нишасти ояндаи ин Кумисюн дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд. Вале торихи дақиқи баргузории ин нишаст ҳануз дониста нест.

66
Барчаспҳо:
ОМОҶ-1000, корёрӣ, ҳамкорӣ, Эрон, Кумисюни байнидавлатии ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодии Тоҷикистону Эрон, Ҳамид Читчиён, Усмоналӣ Усмонзода, Тоҷикистон-Эрон
Мавзуъ
Коршинос: Узбакистону Туркманистон ба тарҳи CASA-1000 нахоҳанд пайваст
Коршинос: ҶТ аз роҳи CASA 70 дарсад нерӯи барқ содир хоҳад кард
Эмомалӣ Раҳмон: тарҳи CASA - 1000 ба нафъи ҳама кишварҳои минтақа аст
Эмомалӣ Раҳмон ба шарикони лоиҳаи CASA - 1000: корро кунд накунед
Якҷоя тақсим мекунем: Русия омода аст дар тарҳи CASA-1000 саҳм гирад
Барқи Тоҷик: бо Эрон дар пардохти қарзи НБО “Сангтӯда–2” мушкиле надорем
Фарозу нишеби равобити Тоҷикистону Эрон: чорае ҷуз беҳбуд нест
Эрон барои пажӯҳиши Осиёи Марказӣ ва Афғонистон муъассисаи "Эрони Шарқӣ" бунёд кард