Усмоналӣ Усмонзода. Акс аз бойгонӣ

Вазири энергетика: Дар Тоҷикистон 90 нерӯгоҳ аз кор мондааст

106
(Таҷдидшуда 14:39 21.12.2017)
Нерӯгоҳҳои обии хурд дар ҷойҳои пажӯҳишнашуда ва озмоишнашуда сохта шудаанд ва дар натиҷа сеякашон кор намекунанд

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон аз 283 нерӯгоҳи барқобии хурд 90-тояшон аз кор боз мондаанд, гуфт вазири энержӣ ва захоири оби ҶТ Усмоналӣ Усмонзода.

Ба гузориши хабаргузории ТоҷикТА, вазир ин матлабро дирӯз дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон гуфтааст, ки дар бораи асарбахшии нерӯгоҳҳои барқобии хурд суханронӣ мекард.

Вазир сабаби кор накардани бархе аз нерӯгоҳҳо дар чанд манотиқи кишварро чунин тавзеҳ додааст:

"Ишкол ин аст, ки дар оғози солҳои 2000-ум қисмати умдаи нерӯгоҳҳои обии хурд бе дар назар доштани воқеъияти маҳалли сохтусоз сохта шудаанд. Масалан, нерӯгоҳҳои "Тоҷ" ва "Чептура" дар ноҳияи Шаҳринав дар зимистон аз камбуди об ва дар тобистон ба далели корбурди об дар бахши кишоварзӣ, кор намекунанд", — гуфтовард кардааст ӯро хабаргузорӣ.

Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров дар посух ба ин гузориш гуфтааст, ки вазорати энержӣ замоне ин нерӯгоҳҳоро "дастовард" арзёбӣ карда буд.

"Чунин бармеояд, ки нерӯгоҳҳои обии хурд дар ҷойҳои пажӯҳишнашуда ва озмоишнашуда сохта шудаанд ва дар натиҷаи 90-то аз онҳо кор намекунанд", — афзудааст вай.

106
Барчаспҳо:
нерӯгоҳсозӣ, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Усмоналӣ Усмонзода, Тоҷикистон
Мавзуъ
Раисҷумҳур вазири энергетикаро танбеҳ дод
"Энержии оянда": ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар оғози кори намоишгоҳи "Остона ЭКСПО - 2017"