Нерӯгоҳи Роғун. Акс аз бойгонӣ

Бо вуҷуди мушкилот: дастгоҳи аввали Роғун имсол ба истифода дода мешавад

219
(Таҷдидшуда 11:42 31.01.2018)
Кор дар самти ба истифода додани нерӯгоҳи Роғун бомаром идома дорад ва супориши раҳбарияти Тоҷикистон оиди сари вақт ба истифода додани он иҷро мешавад

ДУШАНБЕ, 31 янв— Sputnik. Дастгоҳи аввалини Роғун дар вақти муаяйншуда, яъне имсол ба истифода дода мешавад.

Дар ин бора вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода дар нишасти хабарӣ гуфтааст.

Вай қайд карда, ки дар баробари ин дар ин росто мушкилот ҳам ҳаст.

"Вале мо бовар дорем, ки супориши раҳбарият оиди сари вақт ба истифода додани дастгоҳи аввали нерӯгоҳи Роғун иҷро мешавад", — қайд кард вазир.

Дар баробари ин вазир мушкилотро номбар накард.

Ёдоварӣ мекунем, ки дар нишасти "Натиҷагирӣ аз рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон дар соли 2017", раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон раҳбари тарҳи Роғунро вазифадор кард, ки дастгоҳи аввалини он сари вақт ба истифода дода шавад.

Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2016 кори такмили сохти ин нерӯгоҳро ба ширкати итолиёии "Salini impregilo" вогузор кард.

Ин ширкат мутааҳҳид шудааст, ки дар соли ҷорӣ турбинаи нахусти ин нерӯгоҳро ба баҳрабардорӣ хоҳад расонд.

Сохти нерӯгоҳи обии "Роғун" дар 110 километрии шарқи шаҳри Душанбе ва рӯйи рӯдхонаи Вахш дар авоили даҳаи 1970 —и мелодӣ барномарезӣ шуд, аммо ба иллати ҷанги дохилӣ ва мухолифатҳои Ӯзбакистон ҳанӯз ин тарҳ такмил нашудааст.

Нерӯгоҳи "Роғун" бо садди 335 метрӣ ва зарфияти тавлиди 17 миллиард киловатт соат барқ дар сол, бузургтарин тарҳи обӣ дар минтақа ба ҳисоб меояд.

219
Барчаспҳо:
сари вақт, ба истифода додан, НБО "Роғун", Вазорати энегетика ва захираҳои обӣ, Усмоналӣ Усмонзода, Тоҷикистон
Мавзуъ
Таъкиди Раҳмон бар баҳрабардории бамавқеъ аз турбинаи нахусти нерӯгоҳи “Роғун”
Ҳақ надорем иштибоҳ кунем: муовини нахуствазир дар бораи сохтмони НБО Роғун
ҶТ барои анҷоми сохтусози нерӯгоҳи Роғун ба арзиши 500 милюн дулор вомбарг фурӯхт
Коршинос: Роғун – монеаи ноошкор дар роҳи оштӣ бо Узбакистон
Сармоягузорон аз раванди сохтусози нерӯгоҳи “Роғун” хушнуд шуданд