Эмомалӣ Раҳмон, зимни машаварти корӣ дар Роғун

Супориши раисиҷумҳур: роҳ то "Роғун" дарахтзор карда шавад

302
(Таҷдидшуда 14:58 27.07.2018)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 26 июл бо масъулони нерӯгоҳи "Роғун" ва фаъолони шаҳри Роғун машварати корӣ доир кард

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik.Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ҳадаф аз баргузории машваратро натиҷагирӣ аз корҳои иҷрошуда ва омодагӣ барои ба истифода додани агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" дар соли 2018 мебошад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар пайи шунидани гузоришҳои масъулин, дастур додааст, ки сифати корҳои сохтмонӣ ва сарфи маблағҳои буҷетӣ таҳти назорати ҷиддӣ гирифта шавад.

Ҳукумати Тоҷикистон ва роҳбарияти неругоҳ муваззаф шудаанд, ки барои ба истифода додани навбати аввали Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" дар тирамоҳи соли ҷорӣ нақшаи чорабиниҳоро таҳия кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин ба ҳукумати ҷумҳурӣ дастур додааст, ки барои шинонидани дарахтони гуногуни сояафкану ороишӣ қад қади шоҳроҳи Ваҳдат то шаҳри Роғун ситоди ҷумҳуриявии ободонию кабудизоркунӣ таъсис дода шавад.

 

302
Барчаспҳо:
нерӯгоҳи барқобии Роғун, машварати корӣ, Президент, Тоҷикистон
Мавзуъ
Насиҳати Эмомалӣ Раҳмон дар сарбанди "Роғун": ин ҷузъи асосии нерӯгоҳ аст
Линии электропередачи, архивное фото

Муовини вазир: корҳои сохтмониии лоиҳаи CASA-1000 то охири сол пурра ба анҷом мерасад

170
(Таҷдидшуда 16:08 14.07.2020)
Айни ҳол, лоиҳаи минтақавии хатти интиқоли барқи “CASA-1000” дар марҳилаи татбиқ қарор дорад

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Ҷамшед Шоимзода, муовини вазири  энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон зимни  нишасти матбуотӣ  иброз дошт, ки сохтмони тарҳи CASA-1000 дар ҷумҳуриҳои Афғонистону Покистон бо маром идома дорад ва интизор меравад, ки то соли охирҳои соли 2021 корҳои сохтмонии он пурра ба анҷом расанд.

Линии электропередачи, архивное фото
© Sputnik / Сергей Мальгавко

Муовини вазир, дар доираи сохтмони зеристгоҳи конверторӣ корҳои заминию бетонӣ идома дода шуда, ҳамчунин то ин муддат конструксияҳои металии равоқпояҳо, болтҳои анкерӣ ва қубурҳои заҳкашӣ ба майдони сохтмонӣ ворид карда шуданд.

Покистон мехоҳад тариқи лоиҳаи CASA-1000 ба Тоҷикистон қувваи барқ интиқол диҳад

“Ҳарчанд хурӯҷи бемории COVID-19 ба суръати корҳои сохтмони бе таъсир намонд,  вале корҳои сохтмони вусъати тоза доранд. То кунун бештар аз 30 дарасади таҷҳизоти зарурии сохтмони тарҳи мазкур ба ҷумҳурӣ ворид карда шудааст”, - таъкид дошт муовини вазир.

Вай ҳамчунин афзуд, ки таҳти ҳамоҳангсозии Вазорат музокиротҳо байни  ширкати пудратии Калпатару ва ширкати “Ноқили Талко” вобаста ба харидории ноқили навъи “ФАЗАН” дар ҳаҷми 1780 км ба анҷом расида, санаи 11 майи соли 2020 шартнома ба маблағи 9,7 млн. доллар ба имзо расида, маблағи пешпардохт ба ширкати мазкур дар ҳаҷми 1,9 млн. доллар пардохт карда шуда, вобаста ба баррасии масъалаҳои ҷории лоиҳа аз ҷониби Ситоди доимоамалкунандаи лоиҳа 7 ҷаласа гузаронида шудааст. 

Вай гуфт, дар доираи қисматҳои лоиҳаи минтақавии CASA-1000 корҳои лоиҳакашию ҷустуҷўӣ, сохтмонӣ, иҷрои чорабиниҳои  иҷтимоию экологӣ ва таҳияи нақшаи муҳоҷиркунонӣ идома дода шуданд

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи CASA-1000  хати интиқоли  барқро, ки шароити содироти барқро аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ба ҷумҳуриҳои Афғонистон ва  Покистон фароҳам меоварад, дарбар мегирад.  Ин лоиҳа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон имкон медиҳад, ки ба Афғонистон ва Покистон  солона дар ҳаҷми 1300 мВт.  неруи барқро содирот намоянд.

170
Барчаспҳо:
хатти интиқоли барқ, муовин, вазир, анҷом, CASA-1000, сохтмон, Тоҷикистон
Линии электропередачи

Бебарқӣ дар тобистон: сокинон мегуянд, бо равшании телефон таъоми шом мехурем

454
(Таҷдидшуда 19:43 05.07.2020)
Сокинони деҳоти ноҳияи Деваштич дар Суғд аз мушкили қатъи интиқоли нерӯи барқ ба манзилҳояшон таъкид мекунанд. Онҳо мегуянд, ин вазъ дар фасли тобистон як моҳ ба ин тараф давом дорад

ДУШАНБЕ, 4 июл – Sputnik. Масрур як сокини ҷамоати Ваҳдат дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, қатъи интиқоли барқ дар вақти шомгоҳон барои онҳо дар шароити рустоҳо мушкилӣ меорад.

"Бегоҳ аз кори саҳро меоӣ, ки дар хонаҳо барқ нест ва ҳама ҷо торик. Дар торикӣ чи гуна хуроки шом хурданро намедонӣ. Бо истифода аз равшании фонари телефонҳо хӯроки шом мехурем", - гуфт ӯ.

Фирӯз як сокини деҳаи Басманда ҳам аз мушкили хомӯшшавии барқ иброз намуд. Ӯ гуфт, хомӯшкунии барқи ин деҳа шомгоҳон аз соати 19 то 20 ва гоҳо аз соати 20 то соати 21: 30 дақиқа тӯл мекашад.

Муҳиддин Аҳмадзода, сармуҳандиси шабакаҳои барқии Истаравшан дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон вазъи мавҷударо шарҳ дод.

Ӯ гуфт, "бо сабаби таъмири ноқилҳо ва чораҳои профилактикӣ ин гуна ҳолат ба вуҷуд меояд".

Вале сокинон таъкид меварзанд, ки чунин вазъ беш аз як моҳ ба ин тараф идома дорад, аммо ҳеҷ яке аз масъулини шабакаҳои барқи минтақа бо пахши эълон, расман аҳолиро огоҳ намекунанд.

Баъзе аз соҳибназарон иллати қатъи интиқоли нерӯи барқро ба фаъолияти чоҳҳои амудии (скважина) ҳудуди ҷамоат рабт медиҳанд.

Бино ба гуфтаи онҳо, ҳоло шумори ин гуна чоҳҳои обрасони зироати сокинон зиёд шудааст ва дар як вақт кор кардани аксари ин чоҳҳо, сабаби зиёд тасфидани зеристогоҳҳои барқӣ мегардад ва аз ҳамин хотир масъулин бо хомӯш намудани барқ то якуним соат кори зеристгоҳҳоро дам доданиянд.

Аммо сокинон мегӯянд, назар ба ин, ки барқи манзилҳои онҳо хомӯш карда шавад, бояд масулини идораи барқ, танзими кори чоҳҳои амудиро ба роҳ монанд.

454
Барчаспҳо:
маводи хӯрока, барқ, Суғд
Национальный банк Таджикистана

Бонки миллӣ иҷозатномаи Фонди қарзии хурди “Шаби Меъроҷ”-ро бозхонд кард

0
Дар ин бора қарори раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода рӯзи гузашта ба тасвиб расидааст

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон аз бозхонди иҷозатномаи Фонди қарзии хурди “Шаби Меъроҷ” хабар дод.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳоди молии кишвар, қарор дар бораи бозхонди иҷозатномаи  Фонди қарзии хурди “Шаби Меъроҷ” рӯзи 14 июл аз ҷониби Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон содир шудааст.

“Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 14 июли соли 2020, таҳти №93 мутобиқи моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва моддаҳои 8,9 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” иҷозатномаи Фонди қарзии хурди “Шаби Меъроҷ” бозхонд карда шуд”,-афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, ҷанбаҳои дигари фаъолияти ФҚХ “Шаби Меъроҷ” дар асоси қарори қабулгардида ва дар доираи қонунгузории амалкунанда баррасӣ карда мешаванд. 

0