Кӯли Сарез, акс аз бойгонӣ

Узбакистон дар Тоҷикистон 2 нерӯгоҳ месозад: масъалаи Сарезро меомӯзем

605
(Таҷдидшуда 16:05 17.08.2018)
Шавкат Мирзиёев, раҳбари Узбакистон гуфт, кишвараш дар бунёди ду нерӯгоҳ дар Тоҷикистон иштирок хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik.  Мирзиёев дар пайи гуфтушунид бо ҳамтои тоҷикистонияш Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт,  ки Узбакистон дар сохтмони ду нерӯгоҳ дар дарёи Зарафшон бо иқтидори 320 МВт дар қаламрави Тоҷикистон иштирок хоҳад кард.

Раисиҷумҳури Узбакистон гуфтааст, масъалаи истифодаи муштараки оби тозаи кӯли Сарезро низ меомӯзанд.

Ӯ таъкид намудааст, ки дар ҳамкории минтақавӣ сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ масъалаи хеле ҷиддӣ хоҳад буд.

605
Барчаспҳо:
Зарафшон, нерӯгоҳ, дарё, барқ, Тоҷикистон-Узбакистон
Мавзуҳо:
Аввалин сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Узбакистон баъди 17 сол (18)
Линии электропередачи

Барқхомӯшкунӣ дар тобистон: сокинон мегӯянд, бо равшании телефон таъоми шом мехӯрем

28
(Таҷдидшуда 18:21 04.07.2020)
Сокинони деҳоти ноҳияи Деваштичи Суғд аз мушкили қатъ шудани нерӯи интиқоли барқ ба манзилҳояшон таъкид мекунанд. Онҳо мегуянд, ин вазъ беш аз як моҳ ба ин тарф дар фасли тобистон давом дорад

ДУШАНБЕ, 4 июл – Sputnik. Масрур як сокини ҷамоати Ваҳдат дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, қатъи интиқоли барқ дар вақти шомгоҳон барои онҳо дар шароити рустоҳо мушкилӣ меорад.

"Бегоҳ аз кори саҳро меоӣ, ки дар хонаҳо барқ нест ва ҳама ҷо торик. Дар торикӣ чи гуна хуроки шом хурданро намедонӣ. Бо истифода аз равшании фонари телефонҳо хӯроки шом мехурем", - гуфт ӯ.

Фирӯз як сокини деҳаи Басманда ҳам аз мушкили хомӯшшавии барқ иброз намуд. Ӯ гуфт, хомӯшкунии барқи ин деҳа шомгоҳон аз соати 19 то 20 ва гоҳо аз соати 20 то соати 21: 30 дақиқа тӯл мекашад.

Муҳиддин Аҳмадзода, сармуҳандиси шабакаҳои барқии Истаравшан дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон вазъи мавҷударо шарҳ дод.

Ӯ гуфт, "бо сабаби таъмири ноқилҳо ва чораҳои профилактикӣ ин гуна ҳолат ба вуҷуд меояд".

Вале сокинон таъкид меварзанд, ки чунин вазъ беш аз як моҳ ба ин тараф идома дорад, аммо ҳеҷ яке аз масъулини шабакаҳои барқи минтақа бо пахши эълон, расман аҳолиро огоҳ намекунанд.

Баъзе аз соҳибназарон иллати қатъи интиқоли нерӯи барқро ба фаъолияти чоҳҳои амудии (скважина) ҳудуди ҷамоат рабт медиҳанд.

Бино ба гуфтаи онҳо, ҳоло шумори ин гуна чоҳҳои обрасони зироати сокинон зиёд шудааст ва дар як вақт кор кардани аксари ин чоҳҳо, сабаби зиёд тасфидани зеристогоҳҳои барқӣ мегардад ва аз ҳамин хотир масъулин бо хомӯш намудани барқ то якуним соат кори зеристгоҳҳоро дам доданиянд.

Аммо сокинон мегӯянд, назар ба ин, ки барқи манзилҳои онҳо хомӯш карда шавад, бояд масулини идораи барқ, танзими кори чоҳҳои амудиро ба роҳ монанд.

28
Барчаспҳо:
маводи хӯрока, барқ, Суғд
Нурекская ГЭС, архивное фото

Бонки ҷаҳонӣ барои бозсозии НБО Норак пул медиҳад

288
(Таҷдидшуда 18:42 30.06.2020)
Бонки ҷаҳонӣ барои бозсозии нерӯгоҳи барқи обии Норак ба Тоҷикистон 50 миллион доллар кӯмак хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik.  Ҷон Питер  Ултрас, раиси намояндагии Банки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон  таъкид доштааст, ки ин сармоягузорӣ дар шароити шуюъи вируси корона боиси эҷоди шуғлу даромад ҷадид барои шаҳрвандон  Тоҷикистон хаҳад шуд.

Вай афзуд, бозсозии  турбинҳо ва генераторҳои нерӯгоҳ  боиси афзоиши тавлиди барқ дар кишвар хоҳад шуд .

Раиси намояндагони Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон қайд кард, ки дар марҳилаи дуввум кӯмаки молиявӣ барои барқарор кардани шаш агрегати боқимонда дар кӯпруки Роҳи Норак ва бунёди нерӯгоҳи барқӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҷон Питер Ултрас илова кард, ки ҳазинаи марҳилаи дуввум 192 миллион доллар хоҳад дошт.

Неругоҳи барқи обии Норак - дар дарёи Вахш сохта шудааст. Сохтмони нерӯгоҳ соли 1961 оғоз гардида, гидроагрегати нахустини он соли 1972, охиринаш соли 1979 ба кор дароварда шудааст. Дар Нерӯгоҳи барқи обии Норак 9 гидроагрегати иқтидори лоиҳавиашон 300 ҳазор кВт насб шудаанд. Иқтидори умумии муайяншудаи неругоҳ 3000 ҳазор кВт - ро ташкил медиҳад.

Нурекская ГЭС
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Сохтмони НБО-и Норак соли 1961 оғоз ёфт, агрегати якуми он 15 ноябри соли 1972, бо иқтидори 300 МВт ва нерӯгоҳ бо иқтидори пурраш (2700 МВт) - соли 1979 ба истифода супорида шуд. Соли 1988 ҳамаи нўҳ агрегати нерӯгоҳ таҷдид гардида, иқтидори ҳар кадом ба 335 МВт ва иқтидори умумии нерўгоҳ ба 3000 МВт расонида шуд. Бо ин иқтидори бузург НБО-и Норак афсонае буд, ки дар кишвари мо ба ҳақиқат табдил ёфт, номи Тоҷикистонро дар арсаи олам машҳур намуд. Аз дигар тараф маҳз НБО-и Норак исбот сохт, ки захираҳои гидроэнергетикии кишвари мо, ки дар як сол 527 миллиард кВт.сатро ташкил медиҳад ва он аз ибтидои солҳои сиюми асри гузашта таҳқиқ мешаванд, воқеӣ буда, барои рушди иқтисодиву иҷтимоии тамоми минтақа нафъовару манфиатбахшанд.

Баландии сарбанди НБО Норак — 300 метр мебошад.

288
Барчаспҳо:
бозсозӣ, кумак, НБО Норак, Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон