Обанбор дар Узбакистон, акс аз бойгонь

Обанбор дар Шаҳритусу Қубодиён: пешниҳоди лоиҳаи шӯравӣ ба Тоҷикистону Узбакистон

460
(Таҷдидшуда 15:46 24.08.2018)
Коршиносони тоҷик дар пасманзари беҳбуди равобити Тоҷикистону Узбакистон пешниҳод кардаанд, ки татбиқи лоиҳаи замони шӯравӣ дар мавриди бунёди обанбор дар Шаҳритусу Қубодиён, таҳти унвони "Кофарниҳони поён" аз сар гирифта шавад

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Қувваталӣ Додов, собиқадори меҳнат ва муаррихи тоҷик, изҳор доштааст, ки татбиқи "Кофарниҳони Поён" соли 1983 оғоз шуда, иншоот бояд соли 1993 мавриди истифода қарор мегирифт.

Додов тариқи рӯзномаи давлатии "Ҷумҳурият" изҳор доштааст, агар ин обанбор сохта мешуд, мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ, дар Тоҷикистон се ноҳия ва дар Узбакистон низ пас аз обёрӣ шудани мавзеи Чордағал се ноҳия ташкил мешуд.

"Ҳамзамон, дар ин дарё бунёди як неругоҳи обие, ки иқтидори бо барқ таъмин кардани мавзеъҳои навташкилро дошт, дар мадди назар буд. Аз рӯйи ҳисоби мутахассисон, агар ин обанбор сохта мешуд, он ҳамагӣ дар панҷ сол тамоми хароҷотро мепӯшонд", — таъкид кардааст ӯ. 

Талбон Ҳакимов, роҳбари пешини Институти илмию истеҳсолии лоиҳакашии "Нурофар" ва собиқ директори ПМК-12, ки сохтмони  обанборро бар дӯш дошт, зимни як мусоҳибаи матбуотӣ зикр кардааст, ки лоиҳаи "Кофарниҳони Поён" — ро даҳҳо институтҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба таври дақиқ омода кардаанд, он дар соҳаи мелиоратсияи ду кишвар сохтмони камназир маҳсуб меёбад ва бо татбиқи ин лоиҳа Тоҷикистону Узбакистон метавонанд даштҳои ташналаби Курҷалолқум, Гулзор,  Чордағал, Каниздеҳа ва Бешкентро обёрӣ кунанд.

Тибқи ҳисоби таҳлилгарон дар сурати бунёди обанбор имкони обёрӣ кардани 68,3 ҳазор гектар замин фароҳам мешавад. Коршиносон изҳори умед кардаанд, ки дар пайи беҳбуди муносибатҳо масъулини ду кишвар лоиҳаро аз сар хоҳанд гирифт.  

460
Барчаспҳо:
Кофарниҳони поён, обёрӣ, замин, лоиҳа, обанбор, Тоҷикистон