Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар майдони сохтмони Роғун

Соати 18:50-и 16 ноябр: шоми Рӯзи Президентро барқи "Роғун" рӯшан хоҳад кард

1987
(Таҷдидшуда 15:57 10.09.2018)
Раёсати НБО "Роғун" дар сомонаи интернетии нерӯгоҳ лавҳаи соатеро фаъол кардааст, ки то оғози кори нахустин чархаи нерӯгоҳ рӯз, соат, дақиқа ва сонияро ҳисоб мекунад

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Тибқи ин соати электронии маҷозие, ки феълан то фаъолшавии чархаи якуми нерӯгоҳ  67 рӯзу ҳудуди се соатро нишон медиҳад, тавлиди барқ дар нерӯгоҳи "Роғун" соати 18:50-и 16-уми ноябр оғоз хоҳад шуд.

Санаи 16 ноябр бар асоси қонунгузории Тоҷикистон дар бораи идҳо Рӯзи Президент таҷлил мешавад.

Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, дар нишасти ахири матбуотӣ гуфт,  чархаи аввали нерӯгоҳи "Роғун" имсол дар Рӯзи Президент, 16 ноябр, фаъол хоҳад шуд. Ӯ  афзуд, ки чархаи дуюми нерӯгоҳи "Роғун" моҳи апрели соли 2019 ва охирон соли 2028 ба кор оғоз мекунад.

Ба гуфтаи Усмонзода чархаи аввали нерӯгоҳ, ки дар марҳилаи аввал ҳамагӣ 100 МВт иқтидор дорад, ки барои таъмини пурраи Тоҷикистон бо барқ ҳанӯз кофӣ нест.

Дар сурати пурра фаъол шудани НБО "Роғун", нерӯгоҳ бо иқтидори 3600 Мвт ва беш аз 300 метр садди обанбор бузургтарин дар минтақа хоҳад буд.

1987
Барчаспҳо:
Рӯзи Президент, фаъолсозӣ, чарха, нерӯгоҳи барқобии Роғун, барқ, Тоҷикистон
Лампы, архивное фото

"Барқи тоҷик": обанбор то моҳи сентябр аз об пур ва лимити барқ ҷорӣ намешавад

1230
(Таҷдидшуда 13:13 04.08.2020)
Мутахассисони "Барқи тоҷик" бар ин боварнд, ки обанбор то мобайнҳои моҳи сентябр ба қадри лозимӣ аз об пур мешавад ва зарурати ҷорӣ намудани лимити барқ намемонад

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон шояд лимити барқ ҷорӣ нашавад, хабар медиҳад агентии Ховар бо истинод ба маълумоти сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик" Нозирҷон Ёдгорӣ.

Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар Тоҷикистон лимити барқ ҷорӣ нашудааст ва эҳтимол дар оянда ҳам ҷорӣ нашавад.

Ёдгорӣ афзудааст, ки аз рӯи ҳисобҳои миёнасолӣ, тавлиди об имсол дар Тоҷикистон, алалхусус дар саргаҳи дарёи Вахш, ки  сарчашмаи асосии тавлиди неруи барқ дар Тоҷикистон мебошад, кам аст. Ба хотири пурра бо барқ таъмин будани аҳолӣ ва иқтисодиёти миллии мамлакат бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ШСХК "Барқи Тоҷик" шартномаи содироти неруи барқро бо ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Афғонистон пеш аз муҳлат қатъ кардааст.

"Помир Энерҷӣ": сардии ҳаво ба Бадахшон лимити барқ меорад

"Хушбахтона, маҷрои дарёи Вахш имрӯз мусоидат карда истодааст, ки ҳар рӯз ба қадри даркорӣ ба обанбори НБО "Норак" барои зимистони дарпешистода об захира карда шавад. Мутахассисони "Барқи Тоҷик" бовар доранд, ки обанбор  миёнаҳои моҳи сентябр то нуқтаи муқаррарӣ аз об пур мегардад ва зарурати маҳдудияти неруи барқ ба сокинони мамлакат намемонад", - гуфт Нозирҷон Ёдгорӣ.

Зимнан, намояндагони ширкат аз аҳолии Тоҷикистон даъват мекунанд, ки неруи барқро сарфакорона истифода намоянд.

"Ҳар як кВт соат неруи барқе, ки мо имрӯз сарфа мекунем, боиси беҳтар таъмин шуданамон бо барқ дар фасли зимистони дар пешистода мегардад", - таъкин дошт Нозирҷон Ёдгорӣ.

Қаблан Ҳукумати Тоҷикистон зимни ироаи муроҷиатнома ба мардум изҳор дошт, сар аз фасли гармо дар кишвар лимити барқ ҷорӣ мешавад. Далели ҷорӣ шудани лимити барқ ин панҷоҳ дарсад кам шудани об дар дарёи Вахш гуфта шудааст.

"Чунин вазъият дар таърихи Тоҷикистон бори аввал ба вуҷуд омад”, - омадааст дар муроҷиатнома.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки имрӯзҳо об дар маҷрои дарёи Панҷ нисбат ба солҳои гузашта 2 ҳазор метри мукааб, аз ҷумла дар дарёи Вахш 800 метри мукааб, яъне 50 фоиз кам аст.

Ҳукумат мегӯяд, агар чунин вазъият идома пайдо кунад, захираи об дар обанбор ниҳоят кам шуда, дар фасли зимистон барои бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ мушкилоти бисёр ҷиддӣ пеш меояд.

1230
Барчаспҳо:
"Барқи тоҷик", лимити барқ, Тоҷикистон
Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото

“Барқи тоҷик” шумори ҳолати истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқро эълон кард

514
(Таҷдидшуда 12:41 01.08.2020)
Ширкати “Брқи тоҷик” ахиран зимни нишасти матбуотӣ эълон дошт, ки дар Тоҷикистон барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ба маблағи беш аз 16 миллион сомонӣ санадҳои дахлдор тартиб дода шудааст

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik.   Мирзо Исмоилзода, раиси ШСХК “Барқи тоҷик”, таъкид доштааст, ки тайи шаш моҳи соли ҷорӣ кормандони зерсохторҳои ШСХК «Барқи тоҷик» 11 931 ҳолати истифодаи ғайриқонунии неруи барқро ба қайд гирифта,  ба маблағи  беш аз 16 миллион сомонӣ санадҳои дахлдор тартиб доданд.

Номбурда зикр кардааст, ки аз ин ҳисоб 8, 7 миллион сомонии он пардохт шуд.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Мирзо Исмоилзода ширкат бо мақсади сарфаҷӯӣ, коҳиш додани талафоти қувваи барқ ва сари вақт ҷамъ овардани маблағи барқи истифодашуда тасмим гирифтааст, ки тамоми таҷҳизоту асбоби барқии куҳнашуда ва муҳлати истифодаашон гузаштаро бо таҷҳизоту асбоби барқии замонавӣ иваз намояд.

Ҳамзамон зимни нишастӣ матбуотӣ қайд карда шуд, ки бо маблағгузории ширкат дар нуқтаҳои ҳисоби неруи барқи муштариён дар шаҳрҳои Кӯлоб, Леваканд ва ноҳияҳои Ёвону, Рӯдакӣ 22 ҳазору 599 ҳисобкунаки кортӣ, ки тариқи пешпардохт кор мекунанд, насб шуданд.

“Чуноне таҳлилҳо нишон доданд, ин омил ба сарфаи неруи барқ ва пардохти саривақтии маблағҳо мусоидат намуда, инчунин, боиси бартараф шудани садамаҳо дар таҷҳизоти барқӣ ва шабакаҳо гардид”, - гуфт Мирзо Исмоилзода.

514
Барчаспҳо:
санад, нерӯи барқ, ғайриқонунӣ, истифода, Барқи тоҷик, Тоҷикистон
Мэр Душанбе Рустам Эмомали

Рустами Эмомалӣ интизориҳояшро аз интихоботи президентӣ эълон кард

0
(Таҷдидшуда 15:09 12.08.2020)
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон интизороташро аз интихоботи президентии 11 октябр баён дошт

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Рустами Эмомалӣ таъкид кард, ки интихобот бояд шаффофу демократӣ бо иштироки ҳамаи ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон баргузор шавад.

Ӯ изҳори умед кард, ки интихоботи раисиҷумҳур омили муттаҳидкунандаи мардуми кишвар ва таҳкими ваҳдату субот дар ҷомеа хизмат намояд.

"Сахт андӯҳгин шудем": ҳамдардии Вазорати фарҳанг бо хонаводаи Баҳром Ғафурӣ

“Ин чорабинии муҳими сиёсӣ бояд дар доираи талаботи Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сатҳи баланди ташкилӣ, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф, бо иштироки фаъолонаи халқи Тоҷикистон ва ҳизбҳои сиёсӣ гузаронида шуда, он ҳамчун омили муттаҳидкунандаи мардуми кишвар ва таҳкими ваҳдату субот дар ҷомеа хизмат намояд”, - хабар дод нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли раиси Маҷлиси миллӣ.

Рустами Эмомалӣ таъкид намуд, ки “ин интихобот бояд сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии мардуми шарифи Тоҷикистонро нишон дода, ба тақвияти боз ҳам бештари нуфузу обрӯи давлати мо дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат намояд”.

Кӯдакистонҳо низ дар Тоҷикистон 17 август ба кор оғоз мекунанд

Ӯ дар ҷаласаи ахири муштараки ду палатаи парлумон борҳо аз вакилон суол кард, ки оё дар бораи интихобот пешниҳодҳое доранд, аммо посухе нагирифт.

Дар охир Рустами Эмомалӣ аз аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон хоҳиш кард, ки барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани ин маъракаи сиёсӣ саҳмгузор бошанд.

0
Барчаспҳо:
интихобот, Рустами Эмомалӣ, Тоҷикистон