Лампа накаливания, архивное фото

Баъзе аз кӯчаҳои Душанбе бе барқ мемонанд

310
Аз соати 09:00 то соати 16:00 барқ дар кӯчаҳои Зеҳнӣ, Дӯстии халқҳо, Крупская, Чапаев, Ҳофизи Шерозӣ ва Қаҳҳорови шаҳри Душанбе хомуш карда мешавад

ДУШАНБЕ, 26 окт – Sputnik. Дар баъзе аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе барқ хомуш карда мешавад, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА дар истинод ба “Шабакаҳои барқии Душанбе”.

Манбаъ таъкид намудааст, ки барқ дар кӯчаҳои Зеҳнӣ, Дӯстии халқҳо, Крупская, Чапаев, Ҳофизи Шерозӣ ва Қаҳҳоров хомӯш карда мешавад.

Инчунин, дар ҳамин вақт барқ дар маҳаллаи Меҳробод ва Шарафи шаҳр низ хомуш карда мешавад.

Ба гуфтаи манбаъ, вобаста аз ҳаҷми кор ва корҳои профилактикӣ кормандони “Шабакаҳои барқии Душанбе” метавонанд барқро пеш аз муҳлати дар боло зикршуда рушан намоянд.

Қаблан ширкати “Барқи тоҷик”, ҷорӣ намудани лимити барқ дар кишварро қатъиян рад карда буд.

Аз аввали тирамоҳ баъзе аз сокинони минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон аз хомуш намудани барқ дар ҷойҳои зисташон шикоят мекунанд. Ба гуфтаи онҳо дар як шабонарӯз дар манзилҳояшон аз 8 то 12 соат барқ доранду халос.

“Ҳолатҳои муваққаттан қатъ намудани барқ дар Тоҷикистон, ба корҳои профилактикӣ вобастагӣ дорад. Мутахассисони мо ҳоло барои мавсими тирамоҳу зимистон омодагӣ мегиранд. Ба ҳамин далел дар бархе аз минтақаҳои Тоҷикистон барқ метавонад хомӯш карда шавад ”, -гуфт сухангӯи ширкти “Барқи тоҷик” Нозирҷон Ёдгорӣ.      

310
Барчаспҳо:
ширкати Барқи тоҷик, душанбе, бебарқӣ, лимит, барқ, Тоҷикистон