Линии электропередачи, архивное фото

Тоҷикистон соли 2018 зиёда аз 2,4 млрд. кВт. соат нерӯи барқ содир намуд

67
(Таҷдидшуда 19:09 28.01.2019)
Содироти қувваи барқи Тоҷикистон дар соли 2018, нисбати соли гузашта 1,1 млрд. кВт. соат зиёд шуда, суръати афзоиш 1,9 маротиба бештар гардидааст

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik.  Соли 2018 ҳаҷми умумии содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба дигар мамлакатҳо 2 миллиарду 406 миллион  кВт. соатро ташкил намудааст, иттилоъ дод агентии “Ховар”.

Дар ин бора Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода зимни нишасти матбуотии ин ниҳод,  иброз доштааст.

«Аз ин миқдор 926 миллион кВт. соат ба Афғонистон ва 1 миллиарду 480 миллион кВт. соат ба Узбекистон рост меояд», — гуфтааст Узмонзода.

Ба гуфтаи ӯ ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2017, 1 миллиарду 138 миллион кВт. соат зиёд буда, суръати афзоиш 1,9 маротиба бештар мебошад.

Бояд гуфт, ки даҳаи аввали моҳи апрели соли 2018 хати интиқоли барқ аз зеристгоҳи Регар (Тоҷикистон) ба зеристгоҳи Гулча (Узбекистон) пайваст карда шуд ва бо ҳамин интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон оғоз ёфт.

Манбаъ афзудааст, ки тибқи дурнамои Стратегияи миллии рушди кишвар то соли 2030 Тоҷикистон тасмим гирифтааст иқтидори энергетикии худро ба 10 ҳазор мегаватт баробар намояд. Ба иттилои Вазорати энергетика ва зихираҳои оби Тоҷикистон, бо ба кор даровардани агрегати нахустини “Роғун” ин нишондиҳанда тақрибан ба  6 ҳазор мегаватт расидааст.

Ҳоло иқтидори энергетикии Тоҷикистон дар як сол қариб 17 миллиард киловатт-соатро ташкил медиҳад.

67