"Роғун" тайи якуним моҳ 100 миллион кВт. соат нерӯи барқ тавлид кард

© © Sputnik / Амир ИсаевРогунская ГЭС
Рогунская ГЭС - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НБО “Роғун” давоми якуним моҳи фаъолияташ дар соли 2018 қариб 100 миллион кВт. соат нерӯи барқ тавлид кардааст

ДУШАНБЕ, 1 фев - Sputnik. Агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии (НБО) “Роғун” давоми якуним моҳи фаъолияташ нисбати ҳамаи нерӯгоҳҳои хурди кишвар се маротиба зиёдтар барқ тавлид кардааст, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

“Дар Тоҷикистон 286 нерӯгоҳи барқии хурд бо иқтидори 26,7 МВт. дар фаъолият қарор доранд. Аз ҷонибии ҳамаи ин неругоҳҳо давоми соли 2018 зиёда аз 33 миллион кВт. соат нерӯи барқ тавлид шудааст”, - хабар додааст Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон.

Ба маълумоти ин ниҳод соли 2018 дар Тоҷикистон ба миқдори зиёда аз 19,7 миллиард кВт. соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст, ки ин шумора дар таърихи Тоҷикистон зиёдтарин аст.

Ёдовар мешавем, ки агрегати якуми НБО “Роғун” 16 ноябри соли 2018 ба фаъолият шуруъ кард.

Дар маросими кушодашавии ин нерӯгоҳ ба ҷуз намояндагони ширкатҳои дохилӣ намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҳайатҳои  димломатии Узбакистон, Русия, Қирғизистон, Афғонистон ва Италия иштирок карда буданд.

Лентаи хабарҳо
0