Усмоналӣ Усмонзода, акс аз бойгонӣ

Вазири энергетика 4 ҳадафи стратегии соҳа то соли 2030-ро баён кард

573
Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон чор нишондиҳандаи асосии стратегиро ном бурд, ки бояд то соли 2030 амалӣ гарданд

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Усмонзода гуфт, дар доираи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” чор нишондиҳандаи асосӣ бояд таъмин гарданд.

Ӯ ахиран дар парлумон изҳор дошт, ки то соли 2030 бояд иқтидорҳои тавлиди неруи барқ ба 10 ҳазор мегаватт ва  ҳаҷми содироти неруи барқ ба 10 миллиард киловат/соат расонда шавад.

Вазир илова намуд, ки инчунин талафоти техникии неруи барқ бояд то 10 фоиз кам гарданд.

Усмонзода афзуд, ки бар асоси Стратегияи миллии рушд инчунин таъмини 10 фоизи иқтидорҳои мавҷуда аз дигар манбаъҳои барқароршавандаи неруи барқ дар ҳаҷми 500 миллион киловат/ соат пешбинӣ гардидааст.

573
Электросчетчик, архивное фото

Қаллобӣ: худро коргари идораи барқ гуфта, аз сокинон пул гирифтааст

452
Мақомоти милитсияи Суғд аз оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов хабар дод, ки худро корманди шабакаҳои барқии ноҳия муаррифӣ намуда, бо роҳи фиреб ба тасарруф намудани пули сокинон машғул шудааст

ДУШАНБЕ, 6 май – Sputnik. Муттаҳам, марди 41-солаи сокини ҷамоати Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов будааст, ки қаблан як дафъа суд шудааст, хабар дод Раёсати умури дохилии Суғд.

Манбаъ афзуд, шаҳрванди мазкур баъди раҳоӣ аз зиндон боз даст ба ҷинояткорӣ задааст.

“Чунончи ба боварии сокини 48- солаи ҷамоати Гулхона даромада, худро корманди идораи барқ хонда, аз ин сокини ноҳия барои руйпуш намудани 13 ҳазор сомонӣ қарзи истифодаи қувваи барқи хоҷагии деҳқонӣ, 2 ҳазор сомонӣ талаб намуда ба манфиати худ сарф намудааст”, - хабар дод манбаи Sputnik дар РВКД.

Манбаъ афзуд, ки ин сокин давоми солҳои 2018-2019 дар чанд ҳолат худро ҳамчун корманди идораи шабакаҳои барқии ноҳия вонамуд карда, барои гуиё руйпуш намудани қарзи истифодаи нерӯи барқ аз сокинон маблағ талаб намуда гирифтааст.

Аз ҷумла зикр шуд, ки моҳи апрели соли 2019 ҳам, муттаҳам ба боварии сокини 27- солаи ноҳияи Ҷаббор Расулов даромада, худро корманди идораи барқ хонда, барои руйпуш намудани истифодаи қувваи барқ, 8 ҳазор сомонӣ гирифтаст.

РВКД мегӯяд, алайҳи муттаҳам аз сӯи мақомт бо моддаи 247 қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ, барои қаллобӣ парванда оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

452
Барчаспҳо:
барқ, Суғд, Тоҷикистон
Рогунская ГЭС

Қарзи беш аз якмиллиардӣ ва ироаи сабукиҳо барои сохтмони "Роғун"

625
(Таҷдидшуда 14:06 02.05.2020)
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо тасвиби тағйирот ба қонун дар бораи буҷаи давлатии ҷумҳурӣ барои соли 2020 ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” сабукиҳо ироа кард

ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Юсуф Маҷидӣ, муовини вазири молияи Тоҷикистон, зимни муаррифии ин тағйирот гуфт, масқсади сабукиҳо ҷоннок намудани НБО ва таъмини иҷрои саривақтии уҳдадориҳои шартномавии “НБО Роғун” мебошад.

Ӯ афзуд, ки бо ин мақсад намояндаи фармоишгар-консортсиуми “Tractebel Engineering S.A.”, ҳангоми иҷрои кору хизматрасониҳо аз пардохти андоз аз фоида, андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард озод карда мешавад. Аз сабукиҳо зерпудратчиёни консортсиуми мазкур бархӯрдор мебошанд.

Ироаи ин сабукиҳо дар ҳолест, ки қаблан Хайрулло Сафарзода, мудири кулли ҶСК “Нерӯгоҳи барқи обии Роғун” ҳаҷми қарздории нерӯгоҳро дар назди коршарикон дар оғози соли равон беш аз 1 миллиард сомонӣ арзёбӣ кард.

Мудири кулли "Роғун" масъалаи пардохти уҳдадориҳо дар назди коршариконро масъалаи ҳалталаб ва таъхирнопазир хонда, аз иҷозати давлат барои фурӯши бархе амволи “Роғун” истиқбол кард.

Ӯ изҳор дошта буд, ки нерӯгоҳи “Роғун” ҳоло дар тавозун дороии зиёд дорад, ки қисми он на дар маҳалли ҷойгиршавӣ, балки дар дигар минтақаҳои кишвар ҷойгиранд. Мудири кул тавзеҳ дод, ки истифодаи ин дороиҳо аз рӯи таъиноташон ғайриимкон мебошаду ҳар рӯз хароҷоти молиявиро барои нерӯгоҳ ба бор меоранд.

625
Барчаспҳо:
Роғун, Тоҷикистон
Свеча

Мотам дар хонаводаи Сатторовҳо, соҳибкорони хайрхоҳи тоҷик-акс

2742
Шамсулло Сатторов, яке аз бародарон Сатторовҳо, ки ахиран барои хайрашон ба табибони Ҳисор дар сархати расонаҳо қарор гирифта буданд, даргузашт

ДУШАНБЕ, 27  май — Sputnik. Раёсати ҷамъияти миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Иркутск, аз марги Сатторов Шамсулло Ҳикматуллоевич, ки дар синни 47-солагӣ аз бемории саратон даргузашт, изҳори андуҳ кардааст.

Садбарг Боқиева, рӯзноманигор ва фаъоли ҷамъиятӣ, дар бораи марги Сатторов дар саҳифаи фейсбукияш хабар дода, ҳамдардии ҷамъияти тоҷикони Иркутскро ба хонаводааш баён доштааст.

Ахиран бародарон Сатторовҳо ба маркази саломатӣ дар Ҳисор 16500 кило орд, 1650 кило биринҷ, 1650 литр равған, 1650 кило шакар, 1650 кило макарон, 3300 дона собун ва 3000 дона ниқоби тиббӣ дастрас кардаанд.

Бародарон Давронҷон, Баҳромҷон, Убайдулло, Рустамҷон, Шамсулло ва Суҳробшо Сатторовҳо - соҳибкорони тоҷик, зодаҳои шаҳри Ҳисор мебошанд, ки дар Русия ба соҳибкорӣ машғуланд.

Давронҷон Сатторов, яке аз шаш бародарон  дар пайи хайри охирашон изҳор дошта буд, ки  "ману бародаронам ятим калон шудем ва дар тарбияи модарамон  Хосиятбону Азизова, рӯҳаш шод бод, бузург шудем. Аз ин рӯ хуб медонам, ки кӯдакони ятим ба чӣ ниёз доранд ва қалби кӯчакашон чӣ мехоҳад".

2742
Барчаспҳо:
хайрхоҳӣ, Русия, Тоҷикистон