Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото

Таҷдиди ширкати "Барқи тоҷик" ба таъхир афтод

428
(Таҷдидшуда 13:47 13.02.2019)
Таҷдиди сохтори ширкати “Барқи тоҷик” бояд то охири соли 2018 ба анҷом мерасид, аммо масъулини ширкат эълон намуданд, ки ба сабаби тӯл кашидани ҳамоҳангсозии санадҳо бо идораҳои дахлдор таҷдиди сохтор ба таъхир афтодааст.

ДУШАНБЕ, 12 фев - Sputnik. Рустам Маҷидзода, сардори бахши молияи "Барқи тоҷик" зимни нишастии матбуотӣ гуфт, ҳоло раванди таҷдиди ширкат ба таъхир афтодааст.

Ба гуфтаи вай, сабаби аслии ба таъхир афтодани таҷдиди ширкат, дар тӯл кашидани баррасии санадҳои дахлдор дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон мебошад.

“Ҳаҷми маводҳои пешниҳодшуда бе ниҳоят зиёд буд.  Гуруҳи корие, ки ташкил шуда буд фақат то охири сол масъалаи баҳогузории воситаҳои асосиро анҷом дод”, - таъкид кард Маҷидзода.  

Ёдрас мешавем, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, қарори ба се ҷамъияти саҳомӣ тақсим шудани ширкати “Барқи Тоҷик”-ро рӯзи 28-уми апрели соли 2018 ба имзо расонида буд.

Тибқи қарори мазкури ба вазорату идораҳои кишвар дастур дода шуда буд, ки дар тӯли се моҳи оянда дар заминаи “Барқи Тоҷик” ҷамъияти саҳомии “Шабакаҳои интиқолдиҳандаи барқ” ва “Шабакаҳои тақсимкунандаи барқ”-ро таъсис дода шавад.

Тибқи санадҳои мазкур ин ду ширкат масъули нигоҳубини хатҳои барқу симчӯбҳо ва фурӯшу ҷамъоварии пули барқ хоҳанд шуд.

Дар ҳамин ҳол Рустам Маҷидзода таъкид намуд, ки Феълан барои таҷдиди сохтори ширкати "Барқи тоҷик"як гурӯҳи корӣ фаъолият дорад.

 “Оинномаҳои ин ду ҷаъмият омода мебошанд ва барои ҳамоҳангсозӣ ба идораҳои дахлдор пешниҳод шудаанд”, - қайд намуд вай.

Вай афзуд дар рӯзҳои наздик баъд аз мувофиқаи оинномаҳо лоиҳаи қарор ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод хоҳад шуд.

428
Барчаспҳо:
ба таъхир афтод, таҷдиди сохтор, ширкати Барқи тоҷик, Тоҷикистон