Бинои Барқи тоҷик дар Душанбе, акс аз бойгонӣ

"Барқи тоҷик": аз бори гарони қарзи 23 миллиардӣ то рӯъёи империяи "энергияи сабз"

543
Қарз - 23 миллиард сомонӣ ё 2,4 миллиард доллар! Ин рақам касро ба андешаи муфлисии “Барқи тоҷик” мебарад

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Фазои иттилоотие, ки дар атрофи ин ширкат тайи 20 соли ахир шакл гирифта, аксариятро ба ин бовар овардааст, ки “Барқи тоҷик” дар як сардаргумӣ фаъолият мекунад ва бо гузашти ҳар рӯз бештар ба лаббаи муфлисӣ наздик мешавад.

Ниҳодҳои молиявии мӯътабари ҷаҳоние, назири Сандуқи байнулмилалии асъор ҳам моҳи майи соли гузашта мушкилоти “Барқи тоҷик” – ро ба адами ҳисобдории дуруст ва ношаффофии идора рабт дода буданд. Ин ба он маъност, ки даромадҳои бузурги бузургтарин ироакунандаи “энергияи сабз” –и Осиёи Марказӣ дуруст мудирият намешаванд. Як далели ин ҳама зуд – зуд иваз шудани раҳбарияти ин ширкат тайи солҳои ахир аст.

Аммо вазъи “Барқи тоҷик” то куҷо фоҷиавӣ шудааст?

Қарзи “Барқи тоҷик” солона ба таври қобили мулоҳиза зиёд мешавад. Агар то 1 январи соли 2018 он 15 миллиард буд, то 1 январи соли равон ба 23 миллиард сомонӣ расидааст. Ҷолиб ин аст, ки масъулини ширкат аз ин вазъ нигарон нестанд, балки софу содда мегӯянд: “Ин қарзи бузург аз ҳаво бар сари ширкат фуруд наомадааст ва дар умум вазъ мудирият мешавад”.

Тибқи иттилое, ки ширкат расман пахш кардааст, то 1 январи соли равон “Барқи тоҷик” барои “созишномаҳои зерқарзӣ” 18,5 миллиард сомонӣ аз вазорати молия, 1,15 миллиард аз “Сангтӯда – 1”, 1,36 миллиард аз “Сангтӯда – 2”, 66,7 миллион аз андоз ва бақия 1,34 миллиард аз “Ориёнбонк”, бонки хизматгузораш қарздор аст.

Қарзҳои “созишномаҳои зерқарзӣ” ҳамон сармояҳоеанд, ки барои тарҳҳои энергетикӣ ва бо кафолати давлатӣ аз сӯи вазорати молия дар ихтиёри “Барқи тоҷик” гузошта шудаанд. Ба забони дигар, барои ин қарзҳо Ҳукумат низ масъул аст.

Дар ҳоли ҳозир “Барқи тоҷик” даҳҳо тарҳи хурду бузургро анҷом медиҳад. Ин ширкат танҳо барои таҷдиди нерӯгоҳи бузургтарини кишвар – “Норак” – 700 миллион доллар кор дорад. Агар Норак таҷдид нашавад, хавфи аз кор мондани он вуҷуд дорад. Иттилое, ки дар дастрас аст, ривоят аз тахсиси 325 миллион доллар аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ (225), Бонки осиёии сармоягузориҳои зерсохторӣ ва Бонки аврупоии тавсиа ва таҷдид (100) мекунад.

Ё чандин тарҳи умдаи энергетикии Тоҷикистон аз соли 2006 ба ин сӯ бо “қарзҳои дарозмуддат ва имтиёзнок”-и “Эксимбонк” – и Чин анҷом шудаанду мешаванд. Аз ҷумла Тоҷикистон хатти барқи “Ҷануб-Шимол” - ро бо 267 млн., ва хатти барқи “Лолазор-Хатлон” - ро бо 55,1 млн. доллари ин бонки чинӣ анҷом дод. Хатти барқи аввалӣ ба вобастагиҳои Тоҷикистонро аз барқи хориҷӣ нуқтаи таммат гузошт. Хатти барқи дуюм роҳи содироти Тоҷикистонро ба Афғонистон боз намуд.

Як қарзи бузурги дигари Тоҷикистон аз “Эксимбонк” - 331,5 миллион доллар аз сохтмони Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе – 2” ба вуҷуд меояд. Бино ба иттилои расмӣ, “Эксимбонк” бузургтарин қарздиҳандаи Тоҷикистон аст ва то соли 2018 ҳудуди 35%, беш аз 1,2 миллиард доллар аз маблағи умумии қарзҳои хориҷии ин кишвар ба ин бонки чинӣ рабт мегирад. Шоҳроҳи “Душанбе – Чаноқ” ба маблағи 295,9 миллион доллар, аз ҷумла бо 281,2 миллиона доллар кредити чинӣ, ба шумули Эксимбонк сохта шуд.

Қарзи хориҷии Тоҷикистон, тибқи иттилои вазорати молия, 2 млрд. 924,2 млн доллар, ё 38% ММД (маҷмаъи маҳсулоти дохилӣ) – и кишварро ташкил медиҳад. Тавре дида мешавад, ҳудуди 1,9 миллиарди ин қарз ба тарҳҳои энержӣ, амалан ба “Барқи тоҷик” рост меояд.

Ба ҷуз аз кредитороне, ки дар боло зикрашон рафт, “Барқи тоҷик” бо Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд, Бонки рушди Олмон, Иттиҳоди Аврупо, ҳукуматҳои аврупоӣ, Бонки аврупоии таҷдиди тавсиа, Бонки сармоягузории Аврупо ва ғайра низ муомилоти пулӣ дорад. Ин ҳамкорони “Барқи тоҷик” дар баробари қарз, грант – маболиғи бебозгашти зиёдеро низ дар ихтиёри ширкат мегузоранд, ки ҳисобу китобаш маълум нест.

Мадумар Асозода, муовини раиси ширкат зимни нишасти матбуотӣ дар Вазорати энергетика ва захираҳои об гуфт, 18,5 миллиард сомонӣ ҳамон сармояе аст, ки барои тарҳҳои сармоягузории энергетикӣ “Барқи тоҷик” аз бонку муассисаҳои молиявии хориҷӣ гирифта шудаанд.

“Дар асл қарзи ширкат 4,4 млрд. сомонӣ аст” – гуфт Асозода.

Ин қарз то шурӯъи соли 2018 баробари 3,7 млрд. сомонӣ буд. Дақиқтар бигӯем, қарзи “Барқи тоҷик” аз “Сангтӯдаҳо” ва “Ориёнбонк” дар соли 2018 700 миллион сомонӣ афзудааст.

Қарзҳо чаро меафзоянд?

Аз сӯҳбатҳои масъулини вазоратҳои молия, энергетикаву захираҳои об ва “Барқи тоҷик” чунин хулоса мешавад, ки афзоиши ин қарзҳо чанд сабаб дорад:

1. Қарзҳои нав ва фоизҳои онҳо.

Соли 2018, бино ба иттилои “Барқи тоҷик”, аз ҳисоби созишномаҳои зерқарзии вазорати молия 3 миллиарду 340 миллион, хариди нерӯи барқ аз “Сангтӯда -1” – 220,9 миллион ва “Сангтӯда – 2” – 301,6 миллион сомонӣ афзудааст. Ба гуфтаи Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, соли 2018 ин кишвар боз 120,2 млн. доллар қарз гирифтааст. Дар миёни 134 тарҳе, ки бо сармоягузории хориҷӣ анҷом мешаванд, 27 адади онҳо ба соҳаҳои энергетика ва саноат рабт доранд.

2. Фарқияти қурби асъор.

Қисмати умдаи қарзҳо то соли 2014 гирифта шудаанд ва беқурбшавии пули миллӣ дар Тоҷикистон ҳамасола маболиғи ҳангуфтеро бар ин қарзҳо афзудааст.

3. Арзонии нархи нерӯи барқ.

Аҳолӣ бузургтарин муштарии “Барқи тоҷик” аст, ки 42% барқи истеҳсолшударо истифода мекунад. “Барқи тоҷик” як кВт/с нерӯи барқро аз “Сангтӯда - 1” бо қимати 3,5 сент мехарад ва ба мардум ба ду сент мефурӯшад. Беқурбшавии пули миллӣ тайи 5 соли ахир (қурби як доллари амрикоӣ дар баробари сомонии тоҷикӣ аз 4,5 дирам (2014) ба 9,4 дирам (2018) боло рафт) “Барқи тоҷик” – ро бори аввал соли 2016 ва бори дуюм ноябри соли 2018 маҷбур кард, то қимати барқро ба 2 сент мувофиқ намояд. Ширкат бори охир рӯйрост эътироф намуд, ки қимати барқро ба хотири афзудани қарзҳои ширкат боло мебарад.

4. Саривақт пардохт нашудани қарзҳои дебиторӣ.

Ба 1 январи соли 2019 муштариён аз “Барқи тоҷик” 2 миллиарду 308 миллион сомонӣ қарздор шудаанд. Қарздори бузург аҳолии кишвар аст, ки қарзаш пеши ширкат тайи се даҳаи ахир 956,8 миллион сомонӣ ҷамъ шудааст.

“Дар соли 2018 аҳолӣ ба маблағи 920 миллион сомонӣ барқ гирифт, аммо 840 миллион пардохт кард, 80,4 миллион сомонии дигар на” – шарҳ дод Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик”.

Ҳамин тавр, ширкати “Талко” – 360, хоҷагиҳои кишоварзӣ - 163,9, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ - 139,7, Корхонаи обу корез - 41,7, муассисоти буҷетӣ – 52, 2, Тоҷиккимиёсаноат – 23,8 миллион сомонӣ аз ҷумлаи дигар қарздорони умдаи “Барқи тоҷик” ба шумор мераванд.

5. Зиён ва хароҷоти молӣ.

Соли гузашта 153 миллион кВт/с барқ, муодили 43 миллион сомонӣ дуздида шудааст. Ширкат дар ин робита 28 ҳазору 118 санади истифодаи ғайриқонунии барқро тартиб дода, то охири сол 31,4 миллион сомонии онро ба ҳисоби худ баргардондааст.

Талафоти барқ 15,5% ё 2,5 миллиард кВт/с - ро ташкил додааст. Аммо коршиносон ҳамеша сари ин рақам шубҳа доранд, зеро ба қавли онҳо талафоти ҳадди аксар набояд бештар аз 10 дарсад бошад.

Ширкат ҳамасола даҳҳо трансформатор, симчӯб ва дигар таҷҳизоташро дар саросари кишвар нав мекунад. Гузашта аз ин, дар ҳамон тарҳҳое, ки бо ширкатҳои хориҷӣ иҷро мекунад, як қисми маблағ бояд аз ҳисоби “Барқи тоҷик” пардохт шавад.

6. Мудирияти заиф.

Ба ин нукта ниҳодҳои молиявии ҷаҳонӣ, назири Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байнулмилалии асъор ва як қатор коршиносони маҳаллӣ низ ишора мекунанд. “Барқи тоҷик” аз нодир ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон аст, ки зуд – зуд раҳбар иваз мекунад.  Назар Шарифов, яке аз коршиносони соҳаи барқ мегӯяд, вақте “Барқи тоҷик” солона беш аз 15 миллиард кВт/с барқ истеҳсол мекард ва маблағи бузурге ҳам дар ихтиёраш қарор мегирифт, аз сӯи раҳбариятҳои қаблӣ дуруст ва бамавқеъ истифода намешуд, ки ин бори қарзи ширкатро зиёд кард. Вай афзуд, раҳбарияти нави ширкат дар ин ҷода муваффақтар ба назар мерасад ва дар ду – се соли оянда хоҳем дид, ки “Барқи тоҷик” воқеан ба як истеҳсолкунандаи бузурги “энергияи сабз” – и ҷаҳону минтақа табдил меёбад ё аз қарзҳояш муфлис хоҳад шуд. 

Оё “Барқи тоҷик” муфлис мешавад?

Ҳукумати Тоҷикистон соли 2017 нақшаи солимгардонии вазъи молиявии ширкатро рӯи даст гирифт. Рустам Маҷидзода, сардори Сарраёсати молияи “Барқи тоҷик” мегӯяд, то соли 2018 ширкат аз ҳисоби андоз 94,3 миллион сомонӣ қарздор буд.

 “Соли гузашта ҳам 392 миллион андози солона ва ҳам 27,6 миллион қарзи пешинро пардохт кард. Ҳоло 66,7 миллион сомонии дигар пеши андоз мондааст, ки соли равон пурра пардохт хоҳем кард” – гуфт Маҷидзода.

Ба қавли ӯ, то соли 2018 “Барқи тоҷик” барои ангишт аз ширкати “Шахтаи Фон – Яғноб” 59,2 ва аз “Комбинати металлургии тоҷик” 14,2 миллион сомонӣ қарздор буд, ҳоло ин қарз мутаносибан 8,1 ва 7,2 миллион сомонӣ расидааст.

Мирзо Исмоилзода, раиси “Барқи тоҷик” мегӯяд, соли 2018 ширкат 44, 3 сомонӣ қарзҳои кӯтоҳмуддаташро ба пуррагӣ ва 130, 8 миллион, 58 миллион сомонӣ бештар аз соли 2017, қарзи созишномаҳои зерқарзии вазорати молияро пардохт кард.

Моҳи августи соли 2018 ҳукумати Тоҷикистон бо як қарор 50 миллион сомонӣ қарзи андози “Сангтӯда -1”-ро аз ҳисоби қарзи "Барқи тоҷик" пеши ин нерӯгоҳ шикаст. Ҳукуматҳои Русияву Тоҷикистон як ҷадвали пардохт барои ширкат ва нерӯгоҳ тартиб доданд, ки аз рӯи он пардохти қарзи “Барқи тоҷик” пеши “Сангтӯда - 1” адо мешавад. Соли 2018 ширкати тоҷикӣ ҳудуди 399 миллион сомонӣ қарзашро пеши ин нерӯгоҳ пардохт намуд.

Раҳбарияти “Барқи тоҷик” мегӯяд, ки қарз аз ширкати эронии “Сангоб”, ки нерӯгоҳи “Сангтуда -2” – ро сохтааст, низ тибқи нақша анҷом мешавад.

Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон мегӯяд, вазъи молиявии “Барқи тоҷик” аз ҳисоби боло бурдани истеҳсоли нерӯи барқ беҳтар мешавад. Вай афзуд, соли гузашта Тоҷикистон ба натиҷаи рекордӣ дар таърихи худ даст ёфт ва – 19,8 млрд. киловатт-соат барқ (16 млд. 219 – “Барқи тоҷик” ва бақия аз “Помир энержи”) истеҳсол кард. Баландтарин нишондод соли 1988 – 18,6 млрд. кВт/с қайд шудааст. Танҳо нерӯгоҳи Роғун дар 45 рӯзи кораш 90 млн. кВт/с барқ додааст.

Дастоварди дигар, ба қавли вазир, содироти беш аз 2,4 млрд. кВт/с нерӯи барқ, қариб ду баробар зиёд аз соли 2017, ба кишварҳои ҳамсоя буд. “500 миллион сомонӣ маблағ зиёдтар аз соли 2017 ба даст омад – гуфт Усмонзода.

Тоҷикистон соли гузашта 2,4 миллиард кВт/с, ҳудуди 77 миллион доллар ба Афғонистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон барқ содир кардааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки соли гузашта Афғонистон ба далели аз кор бароварда шудани симчӯбҳои барқ аз сӯи Толибон дар вилоятҳои Бағлону Қундуз аз Тоҷикистон 383,7 миллион кВт/с кам барқ харид.

Раҳбарияти Вазорати энергетикаву захираҳои об ва “Барқи тоҷик” бар инанд, ки марҳалаи фишорҳои қарзӣ сари ширкат пушти сар мондаанд ва қарзҳои бузург бо фоизҳои 0,75% - 2% - и солона ба мӯҳлатҳои 20 то 40 сол пардохт хоҳанд шуд.

Дар ин қисса шояд ҷолибтарин нукта ин аст, ки коршинос Назар Шарифов мегӯяд, қарзҳои бузурги “Барқи тоҷик” дар ду – се сол пардохт хоҳанд шуд, агар тарҳҳои хатҳои барқи CASA - 1000 ва ТУТАП миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ амалӣ шаванд.

“Тоҷикистон 70 дарсади хати барқи 1000 – киловолтаи CASA – 1000 – ро таъмин мекунад. Ҳоло як кВт/с нерӯи барқ ба Афғонистон 4,5 сент фурӯхта мешавад. Пас метавон тасаввур кард, ки чӣ даромадҳое интизори “Барқи тоҷик” – анд. Қарзҳое, ки ҳоло барои баланд бурдани зарфиятҳои истеҳсолии кишвар истифода мешаванд, самараи худро даҳчандон бармегардонанд. Тоҷикистон воқеан ба як империяи истеҳсоли “знергияи сабз” табдил хоҳад ёфт, он гуна ки мақомот интизор доранд. Ҷои шак нест, аммо мудирият бояд дуруст ба роҳ монда шавад”, - гуфт Шарифов.

Ҳукумати Тоҷикистон қаблан зарфиятҳои нерӯи барқи худро бештар аз 500 миллиард кВт/с ҳисоб карда буд.

543