Боздошти Раҳимов, масъули “Барқи тоҷик” бо иттиҳоми фиреби мардум

CC BY-SA 3.0 / alzium / Здание энергохолдинга "Барки точик", архивное фото
Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Рустам Раҳимов, нозири шабакаҳои барқи ноҳияи Муъминобод хабар дод, ки дар фиреби мизоҷон муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, Раҳимов бо сӯиистифода аз мақом аз сокинон маблағ гирифта, онро ба манфиати худ истифода мебурдааст.

Здание Барки Точик. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
"Барқи тоҷик": аз бори гарони қарзи 23 миллиардӣ то рӯъёи империяи "энергияи сабз"

Манбаъ мегӯяд, аз ҷумла боздоштшуда аз Мамлакат Қодирова, сокини ноҳияи Муъминобод 200 сомонӣ гирифта, танҳо барои 63 сомонӣ расид тартиб додааст ва маблағи боқимондаро тасарруф кардааст.

Ҳолати дигареро, ки ВУД ҳамчун далели қаллобии Раҳимов зикр намудааст, ин гирифтани 160 сомонӣ аз шаҳрванд Файзалӣ Назаров барои насби ҳисобкунаки барқӣ мебошад.

ВУД таъкид кардааст, ки ин ва ҳолатҳои дигари қаллобии нозири барқ бо сӯиистифода аз мақом феълан мавриди таҳқиқ қарор доранд.

Ин дар ҳолест, ки феълан ширкати “Барқи тоҷик” бо қарзи 23 миллиард сомонӣ калонтарин қарздор дар Тоҷикистон мебошад. Дар ҳоле, ки бисёри сокинон мегӯянд, дар пардохти ҳаққи барқ таъхиркорӣ намекунанд, “Барқи тоҷик” аз афзоиши қарзи мардум дар назди ин ширкат хабар медиҳад, ки гӯиё феълан наздики 1 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Таҷдиди ширкати "Барқи тоҷик" ба таъхир афтод

Тибқи иттилои “Барқи тоҷик” ба ҳолати 1 январи соли 2019 аҳолии кишвар пеши ширкат 956,8 миллион сомонӣ қарздор аст.

“Дар соли 2018 аҳолӣ ба маблағи 920 миллион сомонӣ барқ гирифт, аммо 840 миллион пардохт кард, 80,4 миллион сомонии дигар на” – шарҳ дод Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик”.

Қаблан бархе аз таҳлилгарон суръати баланди афзоиши қарзи аҳолиро ба фасодкорӣ дар ин ниҳод рабт доданд, ки ҳолатҳои дуздӣ ва талафотро низ дар ҳисобот ҳамчун қарзи мардум гузориш медиҳанд. Худи масъулини “Барқи тоҷик” низ қаблан эътироф карданд, ки суроғаи дақиқи ҳамаи ин қарзи нишондодашудаи мардумро намедонанд.

Лентаи хабарҳо
0