Нурекская ГЭС, архивное фото

Таҷдиду таъмири НБО "Норак" дар семоҳаи дуюми соли равон шурӯъ мешавад

86
Иқтидори НБО-и «Норак» пас аз таҷдид 10 фоиз афзуда, ба 3,3 ҳазор МВт мерасад

ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Таҷдиду таъмири марҳилаи аввали НБО “Норак” дар Тоҷикистон дар семоҳаи дуюми соли равон оғоз мегардад, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Бино бар иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, лоиҳаи мазкурро гурӯҳи ширкатҳои (консорсиуми олмониву австриягӣ) “Андритс”, ки тобистони соли гузашта дар тендер пирӯзи ба даст овард, амалӣ хоҳад кард.

На стройке Рогунской ГЭС
© Фото : Официальная страница президента РТ в Facebook

Тибқи лоиҳаи барномарезишудаи таҷдиди НБО “Норак” чархаҳои куҳна ба нав иваз хоҳанд шуд. Инчунин автотрансформаторҳои барқӣ, ки барои танзими нерӯи барқи истеҳсолшуда истифода мешавад ва дигар таҷҳизот  иваз карда мешаванд.

Тибқи маълумоти қаблӣ, иқтидори НБО-и «Норак» пас аз таҷдид 10 фоиз афзуда, ба 3,3 ҳазор МВт мерасад.

Тибқи ҳисобҳои коркарди техникию иқтисодӣ аз рӯйи лоиҳа барои таҷдиди НБО-и “Норак” 700 миллион доллар маблағ зарур аст.

Арзиши марҳилаи аввали таҷдид  350 миллион доллар доллар мебошад. Ин маблағро институтҳои байналмилалии молиявӣ, пеш аз ҳама, Ассотсиатсияи  Байналмилалии Рушд (Бонки ҷаҳонӣ) 225 миллион доллар, Бонки Осиёии маблағгузориҳои инфрасохторҳо 60 миллион доллар   ҷудо  намудаанд. 57 миллион доллар дигарро маблағҳои грантӣ ташкил медиҳанд. Марҳилаи аввал дар 5 сол татбиқ мешавад.

86
Барчаспҳо:
Норак, таъмиру таҷдиди Норак, таҷдид, энергетика, НБО Норак, Тоҷикистон