Спичка, архивное фото

Беш аз 13 кӯчаи Душанбе бебарқ мемонанд

226
Бархе аз маҳаллаҳои Душанбе аз соати нӯҳ то шонздаҳ бебарқ мемонанд.

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Рӯзи панҷшанбе дар бархе аз маҳаллаҳои пойтахти Тоҷикистон интиқоли барқ маҳдуд мешавад, дар ин бора шабакаҳои барқи Душанбе хабар медиҳад.

Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе таъкид кардаанд, ки барқ ба далели баргузории корҳои таъмир қатъ мешавад.

Қайд мешавад, ки барқ аз соати нӯҳ то шонздаҳи рӯзи панҷшанбе қатъ хоҳад шуд.

Дар ин муддат кӯчаҳои Садриддин Айни, Бинокорон, 1 май, Соҳилӣ, Деҳотӣ, Миралӣ, Ушаков, Возеҳ, Неъмат Қарабаев, Якачинор, Борбад, ва ҳамчунин минтақаҳои Якатут бебарқ мемонанд.

Пештар хабар дода шуд, ки ширкати "Барқи тоҷик" мушкилии бебарқиро ба пардохт нашудани ҳаққи барқ аз ҷониби истифодабарагдагон рабт медиҳад.

“Барои он ки ҳар як шахс ва кулли кишвари мо пурра ва бетаваққуф бо барқ таъмин бошанд, маблағҳои зиёде хароҷот мешаванд, зиёда аз 13 ҳазор нафар кормандони соҳа шабу рӯз, дар гармиву сардӣ машғули меҳнатанд, тамоми  неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ  беист барқ истеҳсол менамоянд, ҳамаи  60 804 километр хатҳои интиқоли барқ ва 18 617 адад трансформаторҳои иқтидорҳояшон мухталиф муттасил зери шиддатанд...”,-омадааст дар изҳорот.

Тамоми мушкилот  бартараф мегардад, ба шарте, ки  ҳамаи муштариён сари вақт ва пурра ҳаққи барқро пардохт намоянд, дубора таъкид мекунад ширкат.

226
Линии электропередачи, архивное фото

Муовини вазир: корҳои сохтмониии лоиҳаи CASA-1000 то охири сол пурра ба анҷом мерасад

163
(Таҷдидшуда 16:08 14.07.2020)
Айни ҳол, лоиҳаи минтақавии хатти интиқоли барқи “CASA-1000” дар марҳилаи татбиқ қарор дорад

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Ҷамшед Шоимзода, муовини вазири  энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон зимни  нишасти матбуотӣ  иброз дошт, ки сохтмони тарҳи CASA-1000 дар ҷумҳуриҳои Афғонистону Покистон бо маром идома дорад ва интизор меравад, ки то соли охирҳои соли 2021 корҳои сохтмонии он пурра ба анҷом расанд.

Линии электропередачи, архивное фото
© Sputnik / Сергей Мальгавко

Муовини вазир, дар доираи сохтмони зеристгоҳи конверторӣ корҳои заминию бетонӣ идома дода шуда, ҳамчунин то ин муддат конструксияҳои металии равоқпояҳо, болтҳои анкерӣ ва қубурҳои заҳкашӣ ба майдони сохтмонӣ ворид карда шуданд.

Покистон мехоҳад тариқи лоиҳаи CASA-1000 ба Тоҷикистон қувваи барқ интиқол диҳад

“Ҳарчанд хурӯҷи бемории COVID-19 ба суръати корҳои сохтмони бе таъсир намонд,  вале корҳои сохтмони вусъати тоза доранд. То кунун бештар аз 30 дарасади таҷҳизоти зарурии сохтмони тарҳи мазкур ба ҷумҳурӣ ворид карда шудааст”, - таъкид дошт муовини вазир.

Вай ҳамчунин афзуд, ки таҳти ҳамоҳангсозии Вазорат музокиротҳо байни  ширкати пудратии Калпатару ва ширкати “Ноқили Талко” вобаста ба харидории ноқили навъи “ФАЗАН” дар ҳаҷми 1780 км ба анҷом расида, санаи 11 майи соли 2020 шартнома ба маблағи 9,7 млн. доллар ба имзо расида, маблағи пешпардохт ба ширкати мазкур дар ҳаҷми 1,9 млн. доллар пардохт карда шуда, вобаста ба баррасии масъалаҳои ҷории лоиҳа аз ҷониби Ситоди доимоамалкунандаи лоиҳа 7 ҷаласа гузаронида шудааст. 

Вай гуфт, дар доираи қисматҳои лоиҳаи минтақавии CASA-1000 корҳои лоиҳакашию ҷустуҷўӣ, сохтмонӣ, иҷрои чорабиниҳои  иҷтимоию экологӣ ва таҳияи нақшаи муҳоҷиркунонӣ идома дода шуданд

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи CASA-1000  хати интиқоли  барқро, ки шароити содироти барқро аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ба ҷумҳуриҳои Афғонистон ва  Покистон фароҳам меоварад, дарбар мегирад.  Ин лоиҳа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон имкон медиҳад, ки ба Афғонистон ва Покистон  солона дар ҳаҷми 1300 мВт.  неруи барқро содирот намоянд.

163
Барчаспҳо:
хатти интиқоли барқ, муовин, вазир, анҷом, CASA-1000, сохтмон, Тоҷикистон
Линии электропередачи

Бебарқӣ дар тобистон: сокинон мегуянд, бо равшании телефон таъоми шом мехурем

453
(Таҷдидшуда 19:43 05.07.2020)
Сокинони деҳоти ноҳияи Деваштич дар Суғд аз мушкили қатъи интиқоли нерӯи барқ ба манзилҳояшон таъкид мекунанд. Онҳо мегуянд, ин вазъ дар фасли тобистон як моҳ ба ин тараф давом дорад

ДУШАНБЕ, 4 июл – Sputnik. Масрур як сокини ҷамоати Ваҳдат дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, қатъи интиқоли барқ дар вақти шомгоҳон барои онҳо дар шароити рустоҳо мушкилӣ меорад.

"Бегоҳ аз кори саҳро меоӣ, ки дар хонаҳо барқ нест ва ҳама ҷо торик. Дар торикӣ чи гуна хуроки шом хурданро намедонӣ. Бо истифода аз равшании фонари телефонҳо хӯроки шом мехурем", - гуфт ӯ.

Фирӯз як сокини деҳаи Басманда ҳам аз мушкили хомӯшшавии барқ иброз намуд. Ӯ гуфт, хомӯшкунии барқи ин деҳа шомгоҳон аз соати 19 то 20 ва гоҳо аз соати 20 то соати 21: 30 дақиқа тӯл мекашад.

Муҳиддин Аҳмадзода, сармуҳандиси шабакаҳои барқии Истаравшан дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон вазъи мавҷударо шарҳ дод.

Ӯ гуфт, "бо сабаби таъмири ноқилҳо ва чораҳои профилактикӣ ин гуна ҳолат ба вуҷуд меояд".

Вале сокинон таъкид меварзанд, ки чунин вазъ беш аз як моҳ ба ин тараф идома дорад, аммо ҳеҷ яке аз масъулини шабакаҳои барқи минтақа бо пахши эълон, расман аҳолиро огоҳ намекунанд.

Баъзе аз соҳибназарон иллати қатъи интиқоли нерӯи барқро ба фаъолияти чоҳҳои амудии (скважина) ҳудуди ҷамоат рабт медиҳанд.

Бино ба гуфтаи онҳо, ҳоло шумори ин гуна чоҳҳои обрасони зироати сокинон зиёд шудааст ва дар як вақт кор кардани аксари ин чоҳҳо, сабаби зиёд тасфидани зеристогоҳҳои барқӣ мегардад ва аз ҳамин хотир масъулин бо хомӯш намудани барқ то якуним соат кори зеристгоҳҳоро дам доданиянд.

Аммо сокинон мегӯянд, назар ба ин, ки барқи манзилҳои онҳо хомӯш карда шавад, бояд масулини идораи барқ, танзими кори чоҳҳои амудиро ба роҳ монанд.

453
Барчаспҳо:
маводи хӯрока, барқ, Суғд
Золото

Геологияи тоҷик гуфт, сокининон дар чанд минтақа метавонанд тилло шӯянд

52
(Таҷдидшуда 10:51 15.07.2020)
Саридораи геологияи Тоҷикистон мегӯяд, бо дастури ҳукумат минтақаҳои тиллошӯиро барои фаъолияти фардӣ дар кишвар қитъабандӣ кардаанд

ДУШАНБЕ, 15 июл – Sputnik. Оймаҳмадзода Илҳомҷон, роҳбари Саридораи геологияи тоҷик имрӯз зимни як нишасти хабарӣ  гуфт, то имрӯз дар кишвар 145 қитъаро муаян кардаанд, ки сокинон метавонанд дар он ҷой тилло шӯянд.

Ба иттилои манбаъ,  ин минтақаҳоро  дар ҳудуди 900 киллометир дар шаҳру навоҳии Айнӣ, Бохтар, Ванҷ, Дарвоз, Дӯстӣ, Лахш, Масчоҳи кӯҳӣ, Муминобод ва Мурғоб ҷудо кардаанд.

Манбаъ водии Зарафшонро мисол оварда гуфт,  дар ин минтақа 31 қитқи тиллошӯӣ муаян шудааст, ки 8 то дар Масҷоҳи кӯҳӣ, 13 то дар Айнӣ ва 8 қитъа дар Панҷакент мебошад.

Номбурда гуфт, шаҳрвандон баъди иҷозатномаи Вазорати молия метавонанд озодона ба тиллошӯйӣ дар ин минтақаҳо машғул шаванд.

Ӯ гуфт, барои фаъолияти фардии тиллошӯйӣ баъзе талаботҳо ҳаст, ки яке аз он техникаи истифодашаван набояд аз 50 қувваи асп зиёд набошад.

Қаблан Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон дар нишасти расонаӣ гуфт, ки тарҳи ироаи иҷоза ба шаҳрвандон бобати истихроҷи тилло ва дигар фулӯзоти қиматбаҳо бо ибтикори раисҷумҳури кишвар таҳия шуда, ба шаҳрвандон ҳуқуқи истихроҷи мустақилли тиллоро хоҳад дод. Барои ин шаҳрвандонро мебояд танҳо аз вазорати молия иҷоза дарёфт кунанд.

Номбурда гуфт, бар асоси ин тарҳ, шаҳрвандон дар ҷойҳое, ки дар ихтиёри ягон ширкат нест, тилло истихроҷ хоҳанд кард.

Шаҳрвандон тиллои тавлидшударо озодона ба ниҳодҳои молии кишвар хоҳанд фурӯхт ва ин ниҳодҳо нархи хариди тилло аз шаҳрвандонро таъин хоҳанд кард.

 

 

 

52