Чрезвычайный и Полномочный Посол Республики Таджикистан в Азербайджанской Республике Рустам Соли встретился с Председателем ЗАО “Азербайджанское Каспийское Морское Пароходство” Азербайджанской Республики Рауфом Валиевым.

Даъвати Рустам Солӣ аз соҳибкорони Нахҷивон: ба гидроэнергетикаи ҶТ сармоягузорӣ кунед

224
Рустам Солӣ имкониятҳои сармоягузориро дар бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон, аз қабили соҳаҳои гидроэнергетика ва нафту газ, саноат, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, ва ғайра муаррифӣ намуд

ДУШАНБЕ, 13 апр - Sputnik. Дар шаҳри Нахҷивон бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон дар ҳамкорӣ бо Вазорати иқтисоди Ҷумҳурии Мухтори Нахчивони Озарбойҷон мизи мудаввар баргузор шуд.

Ба иттлиои равобити умумии Вазорати корҳои хориҷӣ, мавзӯъи ин мизи мудаввар, “Фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” будааст.

"Сафири Тоҷикистон Рустам Солӣ имкониятҳои сармоягузориро дар бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон, аз қабили соҳаҳои гидроэнергетика ва нафту газ, саноат, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсол ва коркарду содироти маҳсулоти кишоварзӣ, алюминий, сайёҳӣ ва ғайра муаррифӣ намуд",-омадааст дар хабарнома.

Кишвардори Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо унвони нав сазовор шуд
Дафари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон

Манбаъ афзуда, ки дар чорабинии мазкур роҳбарони беш аз 20 ширкати давлатӣ ва хусусии Ҷумҳурии Мухтори Нахчивон ширкат карданд.

Даъвати Тоҷикистон аз соҳибкорони Озарбойҷон барои сармоягузорӣ

Моҳи ноябри соли 2018 ҳам сафири Тоҷикистон Рустам Солӣ соҳибкорони озариро барои сармоягузорӣ ба Тоҷикитон даъват карда буд. Ӯ гуфт, Ҳукумати Тоҷикистон барои беҳтар намудани фазои кории соҳибкорон ва фароҳам сохтани шароити мусоид барои сармоягузорони хориҷӣ тадбирҳои ҳадафмандона андешида, рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармояро  самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст.

“Тайи солҳои охир Тоҷикистон се маротиба ба рӯйхати  "Даҳ кишвари пешсафи ислоҳотгар” шомил гашта, мавқеи худро дар рейтинги “Пешбурди тиҷорат” аз рӯи нишондиҳандаҳои бақайдгирии бизнес, андозбандӣ, гирифтани қарз ва тиҷорати байналмилалӣ беҳтар кардааст ва намояндагони  доираи  соҳибкорӣ  ва ширкатҳои Озарбойҷон низ имкон доранд, аз сабукиҳои андозбандӣ ва навъҳои ҳавасмандгардониҳои сармоягузорӣ   дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самаранок истифода намоянд”, - таъкид намудааст сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон.

Академияи дипломатии Вазорати умури хориҷии Озорбойҷон имсол барои таҳсили дипломатҳои ояндаи тоҷикистонӣ 5 бурсия ҷудо кард.

Дар ин росто, таҳсил, ҷойи зист ва суғуртаи тиббӣ барои донишҷӯён ройгон мебошад.

224