Линии электропередач, архивное фото

Масрафи 5 миллион доллари Тоҷикистон барои васлшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ

307
(Таҷдидшуда 15:26 17.06.2019)
Маблағи умумии лоиҳа 40 миллион долларо ташкил медиҳад, 35 миллион доллар дар шакли грант аз тарафи Бонки Осёии Рушд пардохт мешавад

ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон барои васлшавӣ ба низоми энергетикиии кишварҳои Осиёи Марказӣ 5 миллион доллар масраф хоҳад кард, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Ҳамаги хазинаи лоиҳаи васлшавии низоми энергетикии Русия ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ 40 миллион доллар аст. Бештари ҳазина бар души БОР рост меояд. Барои ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ дар доираи ҳамкориҳо аз ҷониби Бонки осиёии рушд дар ҳаҷми 35 миллион доллар ба сифати грант маблағ ҷудо гардидааст. 

Мувофиқи созишнома аз маблағи умумии лоиҳа 28,5 миллион доллар  барои иҷрои корҳои васлу насби таҷҳизоти муосири ҳимояи релегӣ ва зиддисадамавӣ, 3 миллион доллар барои иҷрои хизматрасониҳои мушовирӣ ва 3,5 миллион доллар  ба сифати хароҷоти ғайричашмдошти лоиҳавӣ пешбинӣ гардидааст. 

Вазорати энергетика таъкид доштааст, ки яке аз афзалиятҳои муҳими лоиҳа васеъ намудани имкониятҳои содиротии неруи барқ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дар ин замина, самаранок истифода бурдани иқтидорҳои гидроэнергетикии кишвар ба ҳисоб меравад.

“Бо дарназардошти бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва, ҳамчунин, татбиқи лоиҳаи минтақавии CASA - 1000, ки низоми энергетикии кишварро бо низоми энергетикии ҷумҳуриҳои Қирғизистону Покистон пайваст менамояд, оғози татбиқи лоиҳаи “Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ” муҳим арзёбӣ мегардад”, - қайд намудааст манбаъ.

Дар доираи лоиҳаи мазкур синхронизатсияи шабакаҳои барқии Тоҷикистон бо шабакаҳои барқии Узбакистон, Қирғизистон ва дигар кишварҳои минтақа тавассути насби низоми муосири ҳимояи релегӣ ва автоматикунонӣ, таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ ва зиддисадамавӣ барои кори синхронӣ бо низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ  дар нуқтаҳои пайвастшавии шиддатҳои 220 ва 500 кв дар қисмати ҷанубӣ ва шимолии кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Аз ҷумла, тибқи лоиҳа дар ҷануби кишвар пайвастшавӣ тавассути ду хати интиқоли барқи 500 киловатаи “Регар – Сурхан”, “Регар – Гузар” ва хатҳои интиқоли барқи 220 киловатаи “Регар – Гулча”, “Регар – Шеробод” ва дар шимоли ҷумҳурӣ бошад, пайвастшавии зеристгоҳи барқии “Суғд - 500 кв” ба хатҳои интиқоли барқи 500 киловаттаи Ӯзбекистон ва хати интиқоли барқи 220 киловатта аз зеристгоҳҳои кишварҳои ҳамсоя дар назар аст.

307
Барчаспҳо:
Осиёи Марказӣ, Узбакистон, пайвастшавӣ, барқ, Тоҷикистон
Лампы, архивное фото

"Барқи тоҷик": обанбор то моҳи сентябр аз об пур ва лимити барқ ҷорӣ намешавад

1243
(Таҷдидшуда 13:13 04.08.2020)
Мутахассисони "Барқи тоҷик" бар ин боварнд, ки обанбор то мобайнҳои моҳи сентябр ба қадри лозимӣ аз об пур мешавад ва зарурати ҷорӣ намудани лимити барқ намемонад

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон шояд лимити барқ ҷорӣ нашавад, хабар медиҳад агентии Ховар бо истинод ба маълумоти сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик" Нозирҷон Ёдгорӣ.

Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар Тоҷикистон лимити барқ ҷорӣ нашудааст ва эҳтимол дар оянда ҳам ҷорӣ нашавад.

Ёдгорӣ афзудааст, ки аз рӯи ҳисобҳои миёнасолӣ, тавлиди об имсол дар Тоҷикистон, алалхусус дар саргаҳи дарёи Вахш, ки  сарчашмаи асосии тавлиди неруи барқ дар Тоҷикистон мебошад, кам аст. Ба хотири пурра бо барқ таъмин будани аҳолӣ ва иқтисодиёти миллии мамлакат бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ШСХК "Барқи Тоҷик" шартномаи содироти неруи барқро бо ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Афғонистон пеш аз муҳлат қатъ кардааст.

"Помир Энерҷӣ": сардии ҳаво ба Бадахшон лимити барқ меорад

"Хушбахтона, маҷрои дарёи Вахш имрӯз мусоидат карда истодааст, ки ҳар рӯз ба қадри даркорӣ ба обанбори НБО "Норак" барои зимистони дарпешистода об захира карда шавад. Мутахассисони "Барқи Тоҷик" бовар доранд, ки обанбор  миёнаҳои моҳи сентябр то нуқтаи муқаррарӣ аз об пур мегардад ва зарурати маҳдудияти неруи барқ ба сокинони мамлакат намемонад", - гуфт Нозирҷон Ёдгорӣ.

Зимнан, намояндагони ширкат аз аҳолии Тоҷикистон даъват мекунанд, ки неруи барқро сарфакорона истифода намоянд.

"Ҳар як кВт соат неруи барқе, ки мо имрӯз сарфа мекунем, боиси беҳтар таъмин шуданамон бо барқ дар фасли зимистони дар пешистода мегардад", - таъкин дошт Нозирҷон Ёдгорӣ.

Қаблан Ҳукумати Тоҷикистон зимни ироаи муроҷиатнома ба мардум изҳор дошт, сар аз фасли гармо дар кишвар лимити барқ ҷорӣ мешавад. Далели ҷорӣ шудани лимити барқ ин панҷоҳ дарсад кам шудани об дар дарёи Вахш гуфта шудааст.

"Чунин вазъият дар таърихи Тоҷикистон бори аввал ба вуҷуд омад”, - омадааст дар муроҷиатнома.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки имрӯзҳо об дар маҷрои дарёи Панҷ нисбат ба солҳои гузашта 2 ҳазор метри мукааб, аз ҷумла дар дарёи Вахш 800 метри мукааб, яъне 50 фоиз кам аст.

Ҳукумат мегӯяд, агар чунин вазъият идома пайдо кунад, захираи об дар обанбор ниҳоят кам шуда, дар фасли зимистон барои бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ мушкилоти бисёр ҷиддӣ пеш меояд.

1243
Барчаспҳо:
"Барқи тоҷик", лимити барқ, Тоҷикистон
Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото

“Барқи тоҷик” шумори ҳолати истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқро эълон кард

514
(Таҷдидшуда 12:41 01.08.2020)
Ширкати “Брқи тоҷик” ахиран зимни нишасти матбуотӣ эълон дошт, ки дар Тоҷикистон барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ба маблағи беш аз 16 миллион сомонӣ санадҳои дахлдор тартиб дода шудааст

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik.   Мирзо Исмоилзода, раиси ШСХК “Барқи тоҷик”, таъкид доштааст, ки тайи шаш моҳи соли ҷорӣ кормандони зерсохторҳои ШСХК «Барқи тоҷик» 11 931 ҳолати истифодаи ғайриқонунии неруи барқро ба қайд гирифта,  ба маблағи  беш аз 16 миллион сомонӣ санадҳои дахлдор тартиб доданд.

Номбурда зикр кардааст, ки аз ин ҳисоб 8, 7 миллион сомонии он пардохт шуд.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Мирзо Исмоилзода ширкат бо мақсади сарфаҷӯӣ, коҳиш додани талафоти қувваи барқ ва сари вақт ҷамъ овардани маблағи барқи истифодашуда тасмим гирифтааст, ки тамоми таҷҳизоту асбоби барқии куҳнашуда ва муҳлати истифодаашон гузаштаро бо таҷҳизоту асбоби барқии замонавӣ иваз намояд.

Ҳамзамон зимни нишастӣ матбуотӣ қайд карда шуд, ки бо маблағгузории ширкат дар нуқтаҳои ҳисоби неруи барқи муштариён дар шаҳрҳои Кӯлоб, Леваканд ва ноҳияҳои Ёвону, Рӯдакӣ 22 ҳазору 599 ҳисобкунаки кортӣ, ки тариқи пешпардохт кор мекунанд, насб шуданд.

“Чуноне таҳлилҳо нишон доданд, ин омил ба сарфаи неруи барқ ва пардохти саривақтии маблағҳо мусоидат намуда, инчунин, боиси бартараф шудани садамаҳо дар таҷҳизоти барқӣ ва шабакаҳо гардид”, - гуфт Мирзо Исмоилзода.

514
Барчаспҳо:
санад, нерӯи барқ, ғайриқонунӣ, истифода, Барқи тоҷик, Тоҷикистон
Ҳунарнамоии тими мунтахаби ҶТ дар марҳалаи selfdefence

Саломатии иштирокчиён муҳимтар аз ҳама: лағви Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба таеквандо

0
(Таҷдидшуда 16:20 15.08.2020)
Шӯрои Таеквондои ҷаҳонӣ чемпионати ҷаҳон оид ба таеквондо миёни наврасонро дар соли 2020, ба хотири ҳифзи саломатии иштирокчиён, барҳам дод

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Ҷаласаи шӯро тариқи онлайнӣ сурат гирифт ва аъзои он розӣ шуданд, ки масъалаи амнияти оилаи таеквондо дар ҷои аввал меистад, хабар медиҳад Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, пас аз машварат бо федератсияҳои миллӣ, кумитаҳои Таеквондои ҷаҳонӣ, бахусус кумитаи тиббӣ ва зидди допинг ва дар мувофиқа бо мақомоти тандурустии маҳаллӣ оид ба барҳам додани чемпионати имсола қарор қабул гардид.

Ҳафт паҳлавони тоҷик барои иштирок дар мусобиқа ба Марокаш мераванд

Софияи Булғористон, ки мебоист чемпионати имсоларо моҳи октябр мизбонӣ мекард, акнун чорабиниро соли 2022 қабул мекунад.

"Мо аз он ки имсол чемпионати ҷаҳон миёни наврасонро дар София баргузор карда наметавонем, андуҳгинем. Вале бароямон ҳамеша возеҳ аст, ки солимии оилаи таеквондои ҷаҳонӣ бояд дар ҷои аввал бошад. Пас аз машварат ва баррасиҳои зиёд ба хулоса омадем, ки баргузор кардани чемпионат дар соли равон хатар дорад. Мо бовар дорем, ки соли 2022 София чорабиниро бошаҳомат мегузаронад", изҳор доштааст президенти ташкилоти "Таеквондои ҷаҳонӣ" Чунгвон Чоу.

Қарор дар бораи финали Гран прӣ дар Канкун-2020 (Мексика) ва Гранд слам дар Вуши-2020 (Чин), ки охири соли равон ба нақша гирифта шудааст, моҳи октябр дар ҷаласаи навбатии шӯро қабул карда мешавад. То он замон Таеквондои ҷаҳонӣ бо ташкилкунандагон ва ҷонибҳои дахлдор ҷиҳати огоҳ будан аз вазъияти ин кишварҳо дар тамоси доимӣ хоҳад буд.

0