Лампочка

Ду ноҳияи Душанбе бебарқ мемонанд

494
(Таҷдидшуда 10:35 19.06.2019)
Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе эълон намудааст, ки имрӯз ба сабаби гузаронидани корҳои таъмирию профилаптикӣ дар баъзе кӯчаҳои Душанбе барқ хомуш карда мешавад

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik.  Имрӯз бинобар сабаби  гузаронидани корҳои таъмирию профилаптикӣ дар як қисми  кӯчаҳои ноҳияҳои пойтахт қувваи барқ муваққатан, аз соати 09:00 то 16:00  қатъ  карда мешавад.

Тибқи иттилои Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе, пагоҳ дар кӯчаҳои Маҳаллаҳои  Ҷангалак, Деҳнавак, Даҳана, Дашти Хорзо ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва  кӯчаҳои Кучаҳои  Ҷ.Расулов, Маяковский, Лолазор, Балъами, Юсуф Вафо, Мир,  маҳаллаҳои Қазоқон, Ҳамадонӣ, Зарафшон-2, Навбаҳорноҳияи Сино қувваи барқ хомӯш карда мешавад.

Тавре манбаъ зикр намудааст, вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе мавридҳо қувваи барқ пеш аз муҳлати нишондодашуда пайваст  карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, манбаъ ёдрас шудааст, ки маҳдудияти неруи барқ муваққатӣ буда, сабаби он таъмири таҷҳизоти энергетикӣ, хатҳои калони интиқоли барқ ва санҷиши ҳолати коршоямии онҳо мебошад.

494
Барчаспҳо:
пойтахт, ноҳияи Сино, бебарқӣ, барқ, Душанбе, Тоҷикистон
Ново-Ангренской ТЭС,  Узбекистан

Худкушии сардори коргоҳ баъди садамаи нерӯгоҳи ҳароратие дар Ӯзбекистон

196
(Таҷдидшуда 13:21 24.01.2021)
Сардори коргоҳе, ки дар садамаи ТЭС-и Ново-Ангрени Ӯзбекистон ширкат дошт, пас аз бозпурсии мақомот худкушӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 24 январ - Sputnik. Раҳбари коргоҳи нерӯгоҳи ҳароратии Ново-Ангрен худкушӣ кард, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Ӯзбекистон бо истинод ба хадамоти матбуотии Вазорати энергетика.

Ба иттилои манбаъ, мард дар хонаи худ худкушӣ кардааст.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки сардори коргоҳ ба тафтишот ҷалб шуда, барои бозпурсӣ даъват шудааст.

Ёдовар мешавем, ки субҳи 20 январ се корманд дар бинои панҷуми нерӯгоҳи ҳароратии Ново-Ангрен бар асари хуруҷи омехтаи ғубори ангишт ҷони худро аз даст доданд. Се коргари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Вазорати энергетика мегӯяд, ки қабл аз иҷрои кор ба гурӯҳи пудратчиён дастур дода шуд ва ба ин объект иҷозати зарурӣ гирифтанд.

Тибқи иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулода, дар натиҷаи ҳолати фавқулода инфрасохтор ва таҷҳизоти технологии нерӯгоҳ осеб надидаанд.

Фоҷиа: худкушии модари ҷавоне, ки ба кори саҳро машғул буду тифлаш аз тасф ҷон дод

Тафтиши ҳодиса идома дорад. Ба оилаҳои халокшудагон аз давлат ба маблаги 105 миллион сум товон дода мешавад.

196
Барчаспҳо:
худкушӣ, садама, Ӯзбекистон
Электросчетчики на улице

Ҷаримаи сокинони Рашт барои истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ

134
(Таҷдидшуда 12:23 22.01.2021)
Дар паи баргузории санҷишҳо дар минтақаи Рашт 73 ҳолати истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ  ошкор гардида, ҷавобгарон ба маблағи 113 ҳазору 841 сомонӣ  ҷарима шуданд

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Аз 1 декабри соли гузашта то 15 январи имсол дар минтақаи Рашт 6 миллиону 583 ҳазору 730 киловатт-соат қувваи барқ сарфа шудааст.

Ин омор зимни баргузории корҳои фаҳмондадиҳии кормандони шабакаҳои барқи минтақаи Рашт дар якҷоягӣ бо гурӯҳҳои кории тарғиботӣ дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумат баҳри сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва истифода аз таҷҳизоти замонавии каммасраф ба даст омадааст.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ асосан миёни аҳолии ноҳияҳои Сангвору Лахш, Тоҷикободу Рашт ва Нуробод баргузор шудааст, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" бо такя ба муҳандиси реҷаи шабакаҳои барқи Рашт Фатҳулло Маҳмадхонов.

Муҳосиби шабакаҳои барқи Рашт Назриддин Шарипов гуфт, ки мувофиқи маълумоти муҳосибот, қарзи дебитории шабакаҳои барқи минтақаи Рашт 41 миллиону 158 ҳазору 909 сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин 15 миллиону 839 ҳазору 381 сомонӣ аз ҳисоби муштариёни маишӣ ва боқимонда аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳо ва сохтори тиҷоратии ноҳияҳои минтақаи Рашт мебошад.

Гуруҳҳои корӣ бо милисаҳо 9 миллион сомонӣ қарзи барқро ҷамъ кардаанд

Ҳамин тавр, бо ташаббуси гурӯҳҳои тарғиботӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи минтақа 858 ҳазору 483 сомонӣ  қарзи истифодаи қувваи барқ баргардонида шуд.

Ҳамчунин дар ин  муддат бо гузаронидани санҷишҳои муштарак 73 ҳолати ғайриқонунӣ истифода бурдани қувваи барқ  ошкор карда шуда, ҷавобгарон барои зарари расонида  ба маблағи 113 ҳазору 841 сомонӣ  ҷарима шуданд. То имрӯз 78 ҳазору 546 сомонии он   рӯёнида шудааст.

134
Барчаспҳо:
ғайриқонунӣ, истифода, барқ, ҷарима
Пояс чемпиона UFC

Агар Ҳабиб наояд, кӣ барои унвони қаҳрамонӣ мубориза мебарад - раҳбари UFC номҳоро гуфт

0
(Таҷдидшуда 22:58 24.01.2021)
Имрӯз номзадҳои эҳтимолӣ барои унвони қаҳрамонӣ дар як мусобиқа ширкат варзиданд. Муборизаи яке аз онҳо шомро пеш мебурду задухӯрди дигар рӯйдоди бузург буд

ДУШАНБЕ, 24 январ - Sputnik. Президенти UFC Дана Уайт гуфт, ки агар қаҳрамони феълии ин ташкилот дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар ниҳоят карераи худро ба анҷом расонад, ба кӣ имконият медиҳад, то барои унвони қаҳрамонӣ мубориза барад.

Ӯ дар ин бора зимни нишасти хабарӣ пас аз мусобиқаи UFC 257 изҳор дошт.

Ба гуфтаи Уайт, амрикоиҳо Дастин Поре ва Майкл Чандлер барои унвони қаҳрамонӣ дар вазни сабук мубориза мебаранд.

"Агар Ҳабиб биравад, Поре ва Чандлер барои унвони қаҳрамонӣ мубориза хоҳанд бурд",- гуфт роҳбари UFC.

Уайт гуфт, пас аз рақобати варзишкор Поре ва Конор дар доираи рақобати UFC 257 аз Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар бораи баргаштан ба майдони ҳарб пурсон шуд.

Нурмуҳаммадов гуфт, барои рақобат бо Поре боз мегардад ё не?

Ба гуфти Ҳабиб на Макгрегор ва на Поре наметавонанд барои ӯ рақиб бошанд.

"Ман бо Ҳабиб суҳбат кардам, ӯ ба ман гуфт: "Дана биё росташро мегӯем, ман чанд сатҳ аз ин бачаҳо болотарам". Намедонам ин сухан хурсандиовар нанамуд, мебинем", - гуфт раҳбари UFC Дана Уайт.

Аммо ин гуфтаҳои Ҳабиб ба варзишкори дигари амрикоӣ Майкл Чандлер хуш наомад ва ӯ Ҳабибро ба майдони ҳарб даъват кард.

Бояд гуфт, ки ҳарду варзишгари эҳтимолӣ, ки барои камарбанд имкон дорад мубориза баранд, имрӯз дар мусобиқае, ки дар "Ҷазираи муҳорибаҳо" -и Абу-Даби баргузор шуда буд, ҳунарнамоӣ карданд.

Муборизаи Чандлер бо Дэн Ҳукер аз Зеландияи Нав барҷастатарини шом буд ва муқовимати Поре ва Макгрегор муборизаи асосӣ буд.

Посухи Конор ба шарҳи Ҳабиб дар бораи шикаст: ба майдон хонд

Поре дар даври дуввум бо нокаут пирӯз шуд, Чандлер рақиби худро бо зарбаҳои шадид дар даври аввал мағлуб кард.

 

 

0
Барчаспҳо:
зӯрозмоии размикорон, қаҳрамонӣ, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, қаҳрамони UFC