Нуқтаи таъмини сӯзишворӣ, акс аз бойгонӣ

Сардори Хадамот 3 ширкати ҳукмрони бозори сӯзишвории Тоҷикистонро ном бурд

1089
(Таҷдидшуда 21:07 18.07.2019)
Икромиддин Вализода, сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ҳудуди 88 дарсади бозори сӯзишвории кишвар дар дасти се ширкат мебошад

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Вализода саҳми ширкати “Газпромнефт Тоҷикистон” дар бозори сӯзишвории кишвар - 41%, ширкати “Се ганҷ” - 37 фоиз ва Ожонси захираҳои моддии Тоҷикистон каме беш аз 10 дарсадро ташкил медиҳад.

Саҳми беш аз 88 дарсадии 3 ширкат дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон дар ҳолест, ки ба иттилои Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар маҷмуъ ба воридоти маҳсулоти нафтӣ дар кишвар 146 ширкат машғул мебошанд.

Роҳбари Хадамоти зиддиинҳисорӣ бо таъкиди муҳимияти маҳсулоти нафтӣ ва вобастагии бахшҳои дигари ҳаёти ҷомеа ба ин навъи маҳсулот таъкид кард, ки пайваста вазъи бозорро назорат мекунанд, то ин се ширкат созиш накунанду нархи бозорро беасос боло набаранд.

Инчунин тибқи иттилои Хадамот дар бозори гази моеъ ягон ширкат мавқеи ҳукмрон надорад ва даҳҳо ширкат ба вуруди ин навъи маҳсулот машғул мебошанд.

Дар маҷмуъ ба иттилои Вализода, тайи шаш моҳи аввали соли равон ба ҷумҳурӣ беш аз 238 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст, ки аз ин 115 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 83,5 ҳазор тонна бензин ва боқимонда дигар навъи маҳсулоти нафтӣ мебошанд.

1089
Солнечные батареи, архивное фото

Бунёди бузургтарин нерӯгоҳи офтобӣ дар Мурғоб

268
(Таҷдидшуда 17:19 13.11.2020)
Дар ноҳияи Мурғоб бо кумаки USAID ва ширкати “Помир Энерҷӣ” нерӯгоҳи нави офтобӣ сохт шуд

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Дар ноҳияи Мурғоб нерӯгоҳи нави офтобӣ, бо иқтидори 220 киловатт, ифтитоҳ ёфт, иттило додааст манбаъ аз ширкати “Помир Энерҷӣ”.

Тибқи иттилои манбаъ, ин нерӯгоҳи нави офтобӣ калонтарин дар Тоҷикистон дониста шуда, дар нуқтаи аз ҳама баландтарини дунё ҷойгиршуда шудааст.

Нерӯгоҳи офтобии нав дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо USAID ва ширкати “Помир Энерҷӣ” сохта шуда ба истифода дода шудааст.

Гуфта шудаааст, ки тибқи дархости Вазорати энергетикаи ва захираҳои оби Тоҷикистон, USAID насб намудани нерӯгоҳро дар Мурғоб дастгирӣ намуд, то ки иқтидори нерӯгоҳи барқии “Тоҷикистон” (собиқ Оқсу) бо иқтидори 1,5 мегаватт, ки дар наздикии он ҷойгир шудааст, афзоиш бидиҳад ва нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаро ба шабакаи барқии маҳаллӣ таҳвил бидиҳад.

Ноҳияи Мурғоб дар Помир ҷойгир шудааст ва яке аз баландтарин нуқтаҳои аҳолинишини дунё ба ҳисоб меравад.

Нерӯгоҳи офтобии нав дар Мурғоб дастрасӣ ба нерӯи барқ дар давоми рӯз то 50 фоиз зиёд хоҳад кард. 

268
Барчаспҳо:
ВМКБ, нерӯгоҳи офтобӣ, нерӯгоҳ, Мурғоб, Тоҷикистон
Маҷлиси ҳукуматии ҶТ, акс аз бойгонӣ

Хатмкардаи Ҳарвард, менеҷер аз лоиҳаи Оқохон: Далер Ҷумъа, вазири нав кист?

10385
(Таҷдидшуда 23:06 03.11.2020)
Далер Ҷумъа, ки қаблан раиси ширкати “Помир Энержӣ” буд, вазири нави энергетика ва захоири обии Тоҷикистон таъйин гардид

ДУШАНБЕ, 3 ноя – Sputnik.  Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захоири обии Тоҷикистон таъйин гардида, дар ин мақом Усмоналӣ Усмонзодаро иваз кард.

Усмоналӣ Усмонзода бо фармони раисиҷумҳур муовини сарвазири Тоҷикистон таъйин гардид.

Ҷумъа Далер Шофақир, вазири нави энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, соли 1973 дар шаҳри Хоруғ таваллуд шуда, бар асоси ҳолномаи нашркардаи котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, соли 1998 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (рӯзона), соли 1999 Донишгоҳи давлатии Хоруғ (ғоибона), соли 2006 Донишгоҳи Королинаи Шимолии ИМА , соли 2013 Донишгоҳи Ҳарварди ИМА-ро хатм кардааст.

Бар асоси ҳолномаи нашркардаи котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Далер Ҷумъа ихтисосҳои муҳандиси нерӯгоҳҳои барқӣ, иқтисодчӣ - муҳосибӣ, идоракунии бизнес лоиҳаҳо, идоракунии бизнеси байналмилалиро дошта, забонҳои хориҷии русӣ ва англисиро медонад.

Ӯ оиладор ва соҳиби чор фарзанд мебошад.

Дар мавриди фаъолияти Далер Ҷумъа котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон навиштааст:

  • Солҳои 1995-1997 Муҳандиси Институти илмӣ - тадқиқотии «Тоҷикгидроэнергопроект»
  • Солҳои 1997-2002 Сардори Раёсати Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон;
  • Солҳои 2002-2003  Сармутахассиси департаменти сафарбаркунии захираҳои Сардафтари Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Женеваи Шветсария
  • Солҳои 2003–2004 Машваратчии Бонки умумиҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе
  • Солҳои 2004–2005 Роҳбари бахши маркетинги Барномаи рушди соҳибкорӣ USAID/PRAGMA;
  • 05.2006 – 08.2006  Мутахассиси шӯъбаи фурӯш ва таъминоти Созмони Милали Мутаҳид дар шаҳри Ню-Йорки ИМА;
  • Солҳои 2006–2007 Роҳбари ташкилоти Фокуси кӯмак дар Тоҷикистон;
  • Аъзои Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ;
  • Солҳои 2007-2020 Директори генералии ҶСШК «Помирэнерҷӣ», роҳбари регионалии лоиҳаҳои энергетикии сандуқи рушди иқтисодии Оғохон.
10385
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, тағйирот
Самолет Узбекских авиалиний

Ӯзбекистон шаҳрвандонашро аз Сурия ба Ватан меорад

0
(Таҷдидшуда 12:56 29.11.2020)
Барои баргардонидани шаҳрвандони Ӯзбекистон ба Ватан, ҳайати махуси Ӯзбекистон ба Сурия сафар кардааст

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Ӯзбекистон нақша дорад, ки як гурӯҳ шаҳрвандонашро аз Сурия ба Ватан баргардонад, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон.

Ҳайати Ӯзбекистон ба Сурия барои баррасии масъалаҳои ташкили бозгашти зану кӯдакон ва шаҳрвандони кишвар, ки дар ин давлат ба вазъияти мушкил рӯбарӯ шудаанд, сафар кардааст.

Пештар Вазорати умури хориҷаи Ӯзбекистон аз Кумитаи байналмилалии Ҳилоли аҳмар ва ЮНИСЕФ барои кӯмаки башардӯстона дар роҳи наҷоти шаҳрвандони кишвар изҳори сипос карда буд.

Бори охир Ӯзбекистон соли 2019 шаҳрвандонашро ба Ватан баргардонида буд. Дар умум кишвар ду аксияи башардӯстона анҷом дод.

Пушаймон шуд: Шерафганро барои ҳамкорӣ бо ДОИШ ба 13 сол маҳкум карданд

Тоҷикистон низ соли 2019 шаҳрвандон, пеш аз ҳама занону кӯдаконро аз Сурия баргардонид.

 

0
Барчаспҳо:
баргардонд, шаҳрвандон, Сурия, Ӯзбекистон