Посол Таджикистана в Иране Низомиддин Зохиди провел встречу с министром энергетики Ирана Ризо Ардакониён

Вазири нерӯи Эрон аз рафъи монеаҳои ҳамкорӣ байни Теҳрон ва Душанбе таъкид кард

126
(Таҷдидшуда 17:59 13.08.2019)
Вазири нерӯи Эрон бо таъкид аз зарурати тавсеаи ҳамкорӣ байни Теҳрон ва Душанбе гуфт, бояд бо рафъи монеаҳои мавҷуд заминаи иҷрои тарҳҳои бузургро фароҳам кард

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Ризо Ардакониён вазири нерӯи Эрон дар дидор бо Низомуддин Зоҳидӣ сафири Тоҷикистон дар Теҳрон бо ишора ба роҳандозии маркази минтақаии мудирияти шаҳрӣ дар Теҳрон афзуд, иҷлоси Шурои ҳуккоми маркази минтақаии мудирияти оби шаҳрӣ 4-5  декабр дар Теҳрон баргузор хоҳад шуд.

Дар ин бора иттилоъ додааст хабаргузории Parstoday дар истинод ба хабаргузории Садо ва Симо.

Ардакониён таъкид намудааст, ки бо таваҷҷуҳ ба ҳузури вазирони оби Афғонистон ва Узбакситон дар ин нишаст фурсати муносибе фароҳам аст, то бо баргузории Камиссиони муштараки ҳакории иқтисодӣ ва тиҷории Эрон ва Тоҷикистон дар ин бозаи замонӣ нишасти муштараке миёни вазирони чаҳор кишвари Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Узбакситон дар замони баргузории ин руйдоди байналмиллалӣ бар по шавад.

Тоҷикистону Эрон дар мавриди истифодаи имкониятҳои бандари Чобаҳор табодули назар карданд

Вазири нерӯи Эрон ҳамчунин бо ишора ба илҳоқи Эрон бо Иттиҳодияи АвруОсиё афзуд, бар асоси барномарезии суратгирифта дар моҳҳои сентябр ва октябр иҷлоси сарони ин иттиҳодия бо ҳузури раиси ҷумҳури Эрон дар Қазоқистон баргузор ва дар сурати тавофуқи раисони ҷумҳурии ин кишвар тарҳи эҷоди кридори шимол-ҷануб ва Чобаҳор ба таври ҷиддӣ пайгирӣ хоҳад шуд.

Низомуддин Шамсуддинзода Зоҳидӣ сафири Тоҷикистон дар Эрон низ дар ин дидор бо таъкид доштааст, ки дар моҳҳои ахир таҳаввулоти мусбате дар равобити ду кишвар рух додааст, бар рафъи монеаҳои мавҷуд дар тавсеаи ҳамкории Теҳрон-Душанбе таъкид кард.

126
Барчаспҳо:
сафири Тоҷикистон, Теҳрон, об, ҳамкорӣ, Эрон, Тоҷикистон