Матовая лапочка, архивное фото

Қарзи ноҳияи Вахш дар назди шабакаҳои барқи ноҳия ба маблағи 42 миллион сомонӣ расид

77
(Таҷдидшуда 09:48 27.08.2019)
Афзоиши қарзи ташкилоту идораҳо, аҳолӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Вахш боиси нигаронии масъулони шабакаҳои барқи ноҳия гардидааст

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Тавре сомонаи ҳафтаномаи “Фараж” иттилоъ додааст, ташкилоту идораҳо, аҳолӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Вахш дар назди шабакаҳои барқи ноҳия ба маблағи 42 миллион сомонӣ расидааст, ки омил боиси нигаронии масъулони шабакаҳои барқи ноҳия гардидааст.

Бино бар иттилои манбаъ, шабакаҳои барқи ноҳия зимни тасдиқи ин хабар эълон намуданд, ки аз ҳама қарзҳои бузург аз  беморхонаи марказӣ, корхонаи камуналӣ, хонаинтернат, кумаки авалият тиббиву санитарӣ ва хоҷагии об мебошад.

Масъулини ин ниҳод иддао доранд,ки барқро корхонаву ташкилот, аҳолӣ ва хоҷагиҳои деқҳқонӣ бе мушкил истифода мебаранд, аммо маблағашро сари вақт пардохт намекунанд. Ба ҳамин хотир қарз ҳоло ба 42 миллион сомонӣ расидааст.

Дар нишасти матбуотии раиси ноҳия дар бораи қарздории ташкилоту идораҳо аз барқ ва ҳатто қарздор будани  худи бинои ҳукумати ноҳия баҳсҳо низ шуда буд.

Раиси тозатаъйини  ноҳия гуфта буд, ки  дар кутоҳтарин муҳлат ин масъала ҳалли худро пайдо хоҳад кард, аммо ин қарз то кунун масъулони барқро нигарон кардааст.

77
Барчаспҳо:
масъулин, нигаронӣ, аҳолӣ, қарз, барқ, Вахш, Тоҷикистон
Лампы, архивное фото

"Барқи тоҷик": обанбор то моҳи сентябр аз об пур ва лимити барқ ҷорӣ намешавад

1228
(Таҷдидшуда 13:13 04.08.2020)
Мутахассисони "Барқи тоҷик" бар ин боварнд, ки обанбор то мобайнҳои моҳи сентябр ба қадри лозимӣ аз об пур мешавад ва зарурати ҷорӣ намудани лимити барқ намемонад

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон шояд лимити барқ ҷорӣ нашавад, хабар медиҳад агентии Ховар бо истинод ба маълумоти сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик" Нозирҷон Ёдгорӣ.

Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар Тоҷикистон лимити барқ ҷорӣ нашудааст ва эҳтимол дар оянда ҳам ҷорӣ нашавад.

Ёдгорӣ афзудааст, ки аз рӯи ҳисобҳои миёнасолӣ, тавлиди об имсол дар Тоҷикистон, алалхусус дар саргаҳи дарёи Вахш, ки  сарчашмаи асосии тавлиди неруи барқ дар Тоҷикистон мебошад, кам аст. Ба хотири пурра бо барқ таъмин будани аҳолӣ ва иқтисодиёти миллии мамлакат бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ШСХК "Барқи Тоҷик" шартномаи содироти неруи барқро бо ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Афғонистон пеш аз муҳлат қатъ кардааст.

"Помир Энерҷӣ": сардии ҳаво ба Бадахшон лимити барқ меорад

"Хушбахтона, маҷрои дарёи Вахш имрӯз мусоидат карда истодааст, ки ҳар рӯз ба қадри даркорӣ ба обанбори НБО "Норак" барои зимистони дарпешистода об захира карда шавад. Мутахассисони "Барқи Тоҷик" бовар доранд, ки обанбор  миёнаҳои моҳи сентябр то нуқтаи муқаррарӣ аз об пур мегардад ва зарурати маҳдудияти неруи барқ ба сокинони мамлакат намемонад", - гуфт Нозирҷон Ёдгорӣ.

Зимнан, намояндагони ширкат аз аҳолии Тоҷикистон даъват мекунанд, ки неруи барқро сарфакорона истифода намоянд.

"Ҳар як кВт соат неруи барқе, ки мо имрӯз сарфа мекунем, боиси беҳтар таъмин шуданамон бо барқ дар фасли зимистони дар пешистода мегардад", - таъкин дошт Нозирҷон Ёдгорӣ.

Қаблан Ҳукумати Тоҷикистон зимни ироаи муроҷиатнома ба мардум изҳор дошт, сар аз фасли гармо дар кишвар лимити барқ ҷорӣ мешавад. Далели ҷорӣ шудани лимити барқ ин панҷоҳ дарсад кам шудани об дар дарёи Вахш гуфта шудааст.

"Чунин вазъият дар таърихи Тоҷикистон бори аввал ба вуҷуд омад”, - омадааст дар муроҷиатнома.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки имрӯзҳо об дар маҷрои дарёи Панҷ нисбат ба солҳои гузашта 2 ҳазор метри мукааб, аз ҷумла дар дарёи Вахш 800 метри мукааб, яъне 50 фоиз кам аст.

Ҳукумат мегӯяд, агар чунин вазъият идома пайдо кунад, захираи об дар обанбор ниҳоят кам шуда, дар фасли зимистон барои бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ мушкилоти бисёр ҷиддӣ пеш меояд.

1228
Барчаспҳо:
"Барқи тоҷик", лимити барқ, Тоҷикистон
Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото

“Барқи тоҷик” шумори ҳолати истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқро эълон кард

514
(Таҷдидшуда 12:41 01.08.2020)
Ширкати “Брқи тоҷик” ахиран зимни нишасти матбуотӣ эълон дошт, ки дар Тоҷикистон барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ба маблағи беш аз 16 миллион сомонӣ санадҳои дахлдор тартиб дода шудааст

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik.   Мирзо Исмоилзода, раиси ШСХК “Барқи тоҷик”, таъкид доштааст, ки тайи шаш моҳи соли ҷорӣ кормандони зерсохторҳои ШСХК «Барқи тоҷик» 11 931 ҳолати истифодаи ғайриқонунии неруи барқро ба қайд гирифта,  ба маблағи  беш аз 16 миллион сомонӣ санадҳои дахлдор тартиб доданд.

Номбурда зикр кардааст, ки аз ин ҳисоб 8, 7 миллион сомонии он пардохт шуд.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Мирзо Исмоилзода ширкат бо мақсади сарфаҷӯӣ, коҳиш додани талафоти қувваи барқ ва сари вақт ҷамъ овардани маблағи барқи истифодашуда тасмим гирифтааст, ки тамоми таҷҳизоту асбоби барқии куҳнашуда ва муҳлати истифодаашон гузаштаро бо таҷҳизоту асбоби барқии замонавӣ иваз намояд.

Ҳамзамон зимни нишастӣ матбуотӣ қайд карда шуд, ки бо маблағгузории ширкат дар нуқтаҳои ҳисоби неруи барқи муштариён дар шаҳрҳои Кӯлоб, Леваканд ва ноҳияҳои Ёвону, Рӯдакӣ 22 ҳазору 599 ҳисобкунаки кортӣ, ки тариқи пешпардохт кор мекунанд, насб шуданд.

“Чуноне таҳлилҳо нишон доданд, ин омил ба сарфаи неруи барқ ва пардохти саривақтии маблағҳо мусоидат намуда, инчунин, боиси бартараф шудани садамаҳо дар таҷҳизоти барқӣ ва шабакаҳо гардид”, - гуфт Мирзо Исмоилзода.

514
Барчаспҳо:
санад, нерӯи барқ, ғайриқонунӣ, истифода, Барқи тоҷик, Тоҷикистон

Бомбандози Су-27 ду ҳавопаймои ҷосусии Амрикоро забт кард - видео

0
(Таҷдидшуда 18:56 09.08.2020)
Бомбандози Русия СУ-27 ду ҳавопаймои ҷосусии Амрикоро дар манотиқи бетарафи Баҳри Сиёҳ, забт кард. Низомиёни Амрикоро Қувваҳои дифоъи ҳавоии Русия ошкор карданд ва ба ҳаво бархостанд

"Экипажи бомбандози Русия оҳиста -оҳиста ба ҳавопаймо наздик шуда, онҳоро чун ҳавопаймои ҷосусии - RC-135 ва Р 8А "Посейдон" муайян кард. Нақзи марзи давлатии Федератсияи Русия аз ҷониби ҳавопаймоҳои ҷосусии Амрико иҷозат дода намешавад", - гуфт Вазорати дифоъи Русия.

Ин дуюмин қазияи ҳавоӣ дар масири Баҳри Сиёҳ мебошад. Бори аввал СУ-27 - RC-135 ва Р 8А "Посейдон" - ро ҳафтае пеш забт карда буд. Иғвогарӣ дар сарҳади Русия ҳамоно бештар мешавад.

Миёнаҳои моҳи июл бомбандозони Русия аз болои Баҳри Сиёҳ ду ҳавопаймои ҷосусӣ - боз ҳам ҳамон - Р 8А "Пасейдон" ва U-2S забт карданд.

Моҳи июн Қувваҳои ҳавоии Русия бомбандозони ИМА B-52H-ро забт карда буданд. Онҳоро ҳавопаймоҳои Су-30, Су-35 ва МиГ-31 ҳамроҳӣ карданд.

Моҳи май халабонони Русия бомбандози ИМА B-1B - ро дар масири Баҳрҳои Сиёҳ ва Балтик забт карда буданд.

Пас аз ҳар амали иғвогарона амрикоиҳо Русияро бидуни ҳеҷ далел, дар рафтори ношоям гунаҳкор мекунанд.

Вазорати дифоъи Русия ин айбдориро беасос мехонанд ва қайд мекунанд, ки доим тибқи меъёрҳои байналмилалӣ амал менамоянд.

Ин амалҳои иғвогарона авзоъи минтақаро муташанниҷ мегардонад. Вале бад шудани вазъият ва натиҷаҳои бебозгаштро танҳо бо касбияти халабонони Русия мешавад бартараф кард.

 

 

 

 

 

 

 

 

0
Барчаспҳо:
халабон, ҳавопаймо, Русия