Линии электропередач, архивное фото

Узбакистон ба Афғонистон дар даҳ соли оянда барқ мефӯрушад

157
(Таҷдидшуда 00:16 25.09.2019)
Мақомоти Узбакистон барои содироти барқаш дар даҳ соли оянда бо мақомоти Афғонистон тавофуқнома ба имзо расонд

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik.Мақомоти Афғонистон ва Узбакистон рӯзи шанбе тавофуқномае имзо карданд, ки тайи он Узбакистон бо содироти барқ бо қиммати собит, ба муддати 10 сол ба Афғонистон мувофиқат кардааст, иттилоъ додааст хабаргузории Parstoday.

Ҳумоюн Қайюмӣ, вазири иқтисод ва дороии Афғонистон гуфт, ин тавофуқнома ба Афғонистон кумак мекунад, то ҳудуди 600 миллион доллар дар ҳазинаҳои барқи худ сарфаҷӯӣ кунад.

Вай афзуд, ки Афғонистон қарор аст, барои ҳар киловат барқи воридотӣ панҷ сент пардохт кунад ва Узбакистон низ ҳазинаҳои нигаҳдории хати интиқолро таъмин хоҳад кард.

“Бо ин тавофуқнома, системаи Афғонистон бо системаи барқи Узбакистон ҳамгомсозӣ хоҳад шуд ва ин ба мо кумак мекунад, то аз дигар кишварҳо назири Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон низ барқ ворид кунем”, - гуфт Қайюмӣ.

Тавофуқномаҳои қаблӣ барои воридоти барқ аз Узбакистон, Тоҷикистон ва Туркманистон маҳдӯд ба як сол ва дар баробари навасони қимматҳо осебпазир буд, аммо ба гуфтаи мақомоти музокиракунанда барои ин қарордод, баҳои ин тавофуқи 10 сола, собит аст.

Мақомоти Узбакистон мувофиқат карданд, то бар асоси ин тавофуқнома, ба муддати 10 сол, солона беш аз 600 мегаватт/барқ ба Афғонистон содир кунад. Афғонистон дар ҳоли ҳозир аз Эрон, Узбакистон, Тоҷикистон ва Туркманистон барқ ворид мекунад.

157
Барчаспҳо:
соли оянда, содирот, барқ, Афғонистон, Тоҷикистон, Узбакистон