Линии электропередачи, архивное фото

Тақвияти ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ дар бахши энержӣ

118
(Таҷдидшуда 00:09 26.09.2019)
Бонки Рушди Осиё дар гузорише аз имзои баёнияи торихӣ байни 9 кишвар дар Осиёи Марказӣ ва ғарбӣ барои суръат додани ҳамкориҳои фаромарзӣ дар заминаи энержӣ хабар дод

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Бинобар ин гузориш, имзои ин санад минтақаи мазкурро як гоми дигар ба эҷоди бозори минтақаии энержӣ наздиктар мекунад.

Ба гузориши хабаргузории “Parstoday”, баёнияи мазкур дар поёни нишасти вузарои энержӣ дар чорчӯби барномаи ҳамкориҳои иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ, ки ба мизбонии Ӯзбакистон дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, ба имзо расид.

Дар поёни ин нишаст вузарои энержӣ ва мақомоти баландпояи кишварҳои Афғонистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон баёнияе муташаккил аз 10 бандро имзо ва дар заминаи тақвияти ҳамкориҳои энержӣ миёни кишварҳои худ тавофуқ карданд.

Дар чорчӯби ин нишаст вузарои энержии Осиёи марказӣ ва ғарбӣ аввалин бор барои баррасии мушкилоти муштараки минтақаӣ дар заминаи энержӣ гирдиҳам омаданд.

Баёнияи мазкур ин минтақаро ба масири ислоҳот барои эҷоди бозорҳои озоди энержӣ бо ширкати густардаи бахши хусусӣ ва сармоягузорӣ, густариши иртиботот ва мубодилаи таҷриба миёни кишварҳо дар ҳавзаи энержӣ ва талоши қатъӣ барои истифода аз манобеи таҷдидпазири энержӣ ва фанновариҳои сабз савқ медиҳад.

Вазирони энержии кишварҳои мазкур дар чорчӯби барномаи ҳамкориҳои иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ барои 10 соли оянда, стратегияи ҷадиди ин барномаро таъйид карданд.

118
Барчаспҳо:
ҳамкориҳо, тақвият, Осиёи Марказӣ, энержӣ, барқ, Тоҷикистон
Лампочка, архивное фото

Лимити барқ дар Тоҷикистон: Раҳмон аз Вазорати энергетика чӣ талаб кард

110
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бастагӣ бо лимити барқ дар кишвар ба Вазорати энергетика чанд дастур дод

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон талаб кард, ки талафоти барқ кам карда шавад.

Роҳбари давлат ёдрас шуд, ки ҳукумати кишвар ба расидан ба истиқлолияти энергетикӣ то ҳол кӯшиш мекунад.

Барои амалӣ шудани ин ҳадаф кишвар нақша дорад ояндаи наздик чанд нерӯгоҳ ифтитоҳ шавад.

Бо вуҷуди ин,-изҳор дошт президент,-дар самти таъмини доимиву устувори неруи барқ ҳанӯз як силсила масъалаҳои муҳими ҳалталаб вуҷуд доранд, ки истифодаи самараноку сарфакоронаи барқ аз ҷумлаи ҳамин масъалаҳо мебошад.

Вай таъкид кард, ки Вазорати энергетика вазифадор мешаванд, ки барқи истеҳсолшавандаро ҳисоб карда, талафоти онро кам кунанд.

Ба гуфтиа президент, имсол сохтмони хатти интиқоли барқи 500 – киловолта аз Неругоҳи барқи обии "Роғун" то зеристгоҳи конвертории "Сангтӯда шурӯъ гардида, Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” ба маблағи беш аз 1,5 миллиард сомонӣ пурра таҷдид ва бо иқтидори 270 мегаватт- яъне аз иқтидори имрӯзааш 110 мегаватт зиёд ба истифода супорида шуд.

Лимити барқ нархи ангишт ва ҳезуму таппакро боло бурд

"Ккорҳо доир ба навсозӣ ҷиҳати кам кардани талафоти неруи барқ ва ҷорӣ намудани низоми муосири баҳисобгирии он дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ оғоз мегарданд", - таъкид дошт раисҷумҳур.

 

110
Барчаспҳо:
Вазорати энергетика ва захираҳои об, лимит, барқ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Ново-Ангренской ТЭС,  Узбекистан

Худкушии сардори коргоҳ баъди садамаи нерӯгоҳи ҳароратие дар Ӯзбекистон

217
(Таҷдидшуда 13:21 24.01.2021)
Сардори коргоҳе, ки дар садамаи ТЭС-и Ново-Ангрени Ӯзбекистон ширкат дошт, пас аз бозпурсии мақомот худкушӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 24 январ - Sputnik. Раҳбари коргоҳи нерӯгоҳи ҳароратии Ново-Ангрен худкушӣ кард, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Ӯзбекистон бо истинод ба хадамоти матбуотии Вазорати энергетика.

Ба иттилои манбаъ, мард дар хонаи худ худкушӣ кардааст.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки сардори коргоҳ ба тафтишот ҷалб шуда, барои бозпурсӣ даъват шудааст.

Ёдовар мешавем, ки субҳи 20 январ се корманд дар бинои панҷуми нерӯгоҳи ҳароратии Ново-Ангрен бар асари хуруҷи омехтаи ғубори ангишт ҷони худро аз даст доданд. Се коргари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Вазорати энергетика мегӯяд, ки қабл аз иҷрои кор ба гурӯҳи пудратчиён дастур дода шуд ва ба ин объект иҷозати зарурӣ гирифтанд.

Тибқи иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулода, дар натиҷаи ҳолати фавқулода инфрасохтор ва таҷҳизоти технологии нерӯгоҳ осеб надидаанд.

Фоҷиа: худкушии модари ҷавоне, ки ба кори саҳро машғул буду тифлаш аз тасф ҷон дод

Тафтиши ҳодиса идома дорад. Ба оилаҳои халокшудагон аз давлат ба маблаги 105 миллион сум товон дода мешавад.

217
Барчаспҳо:
худкушӣ, садама, Ӯзбекистон